Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро дар фурудгоҳи Душанбе дар сатҳи баланд истиқбол гирифтанд

Сентябрь 25, 2019 09:44

ДУШАНБЕ, 25.09.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Шаби 25 сентябр,   соати 02:00, ҳаводорон ва мухлисони ашаддии футболи тоҷик ба истиқболи футболбозони наврасу шинохтаи тоҷик ба фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе рафтанд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон, ки дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 шомили гурӯҳи «А» буд, бар ҳамаи рақибонаш бо ҳисоби калон пирӯз шуд ва роҳхати даври ниҳоии Чемпионати Осиё-2020-ро соҳиб гардид. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад.

Хотиррасон  менамоем, ки  дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба  футбол   дар бозии охиринаш дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии  Осиё-2020  дастаи мунтахаби наврасони Урдунро бо ҳисоби 5:2 мағлуб намуда, дар гурӯҳи «А» мақоми аввал касб намуда, ба қисми ниҳоии мусобиқот роҳ пайдо кард.

Бояд зикр кард, ки  ин бозии ҷолиби  гурӯҳи «А» дар шаҳри Зарқаи Урдун, дар Варзишгоҳи байналмилалии Шоҳзода Муҳаммад дар сатҳи баланду хотирмон доир гардид. Голҳои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро Раҳматшо Раҳматзода, Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Хусрав Тоиров, Суннатулло Азизов ва Муҳаммадворис Саидалиев ба ҳадаф расониданд.

Дар бозии дигари даври охирини гурӯҳи «А» дастаи мунтахаби  Непал дастаи мунтахаби Шри-Ланкаро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод.

Ба ин тартиб, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон   бо раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 дар гурӯҳи «А», ки аз  14  то 22  сентябр  дар Урдун баргузор шуд, дар ҳамаи чор бозиаш ғолиб омада, дар ин гурӯҳ бо 12 имтиёз ҷойи аввалро соҳиб гашт.

Бояд гуфт, ки аз рӯи натиҷагирии марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ ба қисми ниҳоии Чемпионати Осиё-2020, ки аз 16  сентябр то 3  октябри соли 2020 дар Баҳрайн доир мегардад, роҳхат гирифтанд: Тоҷикистон (гурӯҳи «A»), Ҳиндустон (гурӯҳи «В»), Эрон (гурӯҳи «С»), Арабистони Саудӣ (гурӯҳи «D»), Қатар (гурӯҳи «E»), Амороти Муттаҳидаи Арабӣ (гурӯҳи «F»), Чин (гурӯҳи «G»), Австралия (гурӯҳи «Н»), Кореяи Шимолӣ (гурӯҳи «I»), Япония (гурӯҳи «J») ва Кореяи Ҷанубӣ (гурӯҳи «К»).

Инчунин чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо — Яман (гурӯҳи «Е»), Индонезия (гурӯҳи «G»), Ӯзбекистон (гурӯҳи «В») ва Уммон (гурӯҳи «D») ба ҳаққи ширкат дар қисми ниҳоии Чемпионати Осиё-2020 дар Баҳрайн мушарраф шуданд.

Дастаи  мунтахаби наврасони Тоҷикистон бори чорум аст, ки дар марҳилаи ниҳоии Чемпионати Осиё ширкат хоҳад кард. Аз ин пеш футболбозони навраси тоҷик солҳои 2006, 2010 ва 2018 ба марҳилаи ниҳоии ин мусобиқоти қитъавӣ роҳ пайдо карда буданд. Беҳтарин натиҷаи дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон медали нуқраи Чемпионати Осиё дар соли 2018 дар Малайзия мебошад.

Марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 миёни дастаҳои наврасони  то  16-сола

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум
Непал – Урдун – 0:7
Кувайт – Шри Ланка – 2:0

Даври 2-юм
Шри-Ланка – Тоҷикистон – 0:8
Голҳо: Муҳаммадворис Сайдалиев, 17 (0:1). Хусрав Тоиров, 22 (0:2). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 25 (0:3). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 34 (0:4). Кабир Салимшоев, 40 (0:5). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 60 (0:6). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 68 (0:7). Фахриддин Аҳтамов, 88 (0:8).

Кувайт – Непал – 1:1

Даври 3-юм
Тоҷикистон – Кувайт – 9:0

Голҳо: Аҳмад Ал-Кандарӣ, 20 – ба дарвозаи худ (1:0). Кабир Салимшоев, 42 (2:0). Кабир Салимшоев, 45+2 (3:0). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 45+4 (4:0). Муҳаммадворис Саидалиев, 47 (5:0). Суннатулло Азизов, 68 (6:0). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 74 (7:0). Меҳрубон Каримов, 77 – аз пеналтӣ (8:0). Хусрав Тоиров, 90+1 (9:0).

Тоҷикистон: Сафармад Ғаффоров, Фахриддин Аҳтамов, Раҳматшо Раҳматзода, Меҳрубони Абдурауф, Аббос Андалебов, Абдулфаттоҳ Худойдодзода (Меҳрубон Каримов, 74), Муҳаммадворис Саидалиев (Суннатулло Азизов, 60), Кабир Салимшоев (Шаҳриёр Норов, 77), Хусрав Тоиров, Алиҷони Айнӣ, Ҳукмиддин Шомуродов.

18 сентябр. Зарқа. Варзишгоҳи байналмилалии Шоҳзода Муҳаммад. 19 тамошогар.

Урдун – Шри-Ланка – 7:0

Даври 4-ум

Непал – Тоҷикистон – 0:7

Голҳо: Муҳаммадворис Саидалиев, 7 (0:1). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 12 (0:2). Муҳаммадворис Саидалиев, 15 (0:3). Муҳаммадворис Саидалиев, 29 (0:4). Хусрав Тоиров, 46 (0:5). Хуршед Давлатзода, 71 (0:6). Муҷовид Шовайсуддинов, 83 – аз пеналтӣ (0:7).

Тоҷикистон: Суҳробхуҷа Юсупов, Фахриддин Аҳтамов, Раҳматшо Раҳматзода, Меҳрубони Абдурауф, Аббос Андалебов, Абдулфаттоҳ Худойдодзода (Хуршед Давлатзода, 50), Муҳаммадворис Саидалиев, Кабир Салимшоев, Хусрав Тоиров, Алиҷони Айнӣ (Муҷовид Шовайсуддинов, 53), Ҳукмиддин Шомуродов (Саидҷон Сафаров, 63).

20 сентябр. Зарқа. Варзишгоҳи байналмилалии Шоҳзода Муҳаммад. 127 тамошогар.

Урдун – Кувайт – 1:1

Даври 5-ум

Тоҷикистон – Урдун – 5:2

Голҳо: Абдулқодир Ал-Алем, 11 (0:1). Адҳам Гҳанем Ал-Редаӣ, 13 (0:2). Раҳматшо Раҳматзода, 24 (1:2). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 60 (2:2). Хусрав Тоиров, 69 (3:2). Суннатулло Азизов, 77 (4:2). Муҳаммадворис Саидалиев, 82 (5:2).

Тоҷикистон: Сафармад Ғаффоров, Раҳматшо Раҳматзода, Меҳрубони Абдурауф, Аббос Андалебов (Бежан Нишонбойзода, 84), Абдулфаттоҳ Худойдодзода (Суннатулло Азизов, 69), Муҳаммадворис Саидалиев, Кабир Салимшоев (Муҷовид Шовайсуддинов, 66), Хусрав Тоиров, Алиҷони Айнӣ, Ҳукмиддин Шомуродов, Фахриддин Аҳтамов.

22 сентябр. Зарқа. Варзишгоҳи байналмилалии Шоҳзода Муҳаммад. . 1123 тамошогар.

Шри-Ланка – Непал – 0:3

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии гурӯҳи «А»

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т И
1 Тоҷикистон 4 4 0 0 29-2 12
2 Урдун 4 2 1 1 17-6 7
3 Кувайт 4 1 2 1 4-11 5
4 Непал 4 1 1 2 4-15 4
5 Шри-Ланка

 

Боз ҳам ёдовар мешавем, ки   дастаи мунтахаби наврасони  то 16- солаи  Тоҷикистон оид ба футбол  бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар Мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми Президенти Қазоқистон, ки 28  август дар шаҳри Нурсултон ба анҷом расид, мақоми дуюм касб намуда, барандаи медалҳои нуқра гардида буд.

Ҳамчунин 1 августи соли 2019 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии панҷум ва ниҳоии Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ- CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби футболи наврасони  то 16-солаи Тоҷикистон ва Афғонистон баргузор шуда буд.

Ин вохӯрии ниҳоӣ пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби 1:0 ба нафъи  дастаи мунтахаби Тоҷикистон хотима ёфт. Ҳамин тавр, дастаи  мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо касби 13 имтиёз пешсафи ҷадвал шуда, унвони чемпиони Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказиро соҳиб шуда буд. Дастаи ғолиб аз Тоҷикистон бо Ҷоми мусобиқа ва медалҳои тилло сарфароз гардид. Дастаи   мунтахаби наврасони Ӯзбекистон барои ҷойи дуюм бо медалҳои нуқра ва дастаи мунтахаби наврасони  Эрон барои ҷойи сеюм бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуда буданд.

Сентябрь 25, 2019 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ОҒОЗИ ЭҲЁИ ВАРЗИШИ СУННАТИИ МАРДУМИ ТОҶИК. Нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ ба анҷом расид
Паҳлавони тоҷик Кароматулло Ҳакимов дар нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба Гӯштингирӣ медали тилло ба даст овард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаҳои Испания ва Нидерландия бозии дӯстона доир мекунад
Варзишгари тоҷик Ҳақназар Назаров дар нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба Гӯштингирӣ медали тилло ба даст овард
ФУТБОЛ. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар мусобиқаи Ҷоми Мердека-2024 муайян гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Барои дар сатҳи баланд доир кардани мусобиқаҳои милливу ҷаҳонӣ оид ба гӯштингирӣ талош хоҳем кард»
Пешвои миллат: «Баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ Душанберо чун шаҳри сулҳу дӯстӣ муаррифӣ менамояд»
Варзишгари тоҷик Шакармамад Мирмамадов дар нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ медали тилло ба даст овард
Шоҳида Қаландарова барандаи медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ шуд
Варзишгари тоҷик Масъуди Аҳмадзод медали тиллои нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингириро ба даст овард
Президенти Тоҷикистон: «Гӯштингирӣ намуди суннатии варзиши мардуми тоҷик буда, таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад»
Паҳлавони тоҷик Муллораҷаб Халифаев соҳиби медали тиллои Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ гардид