Имрӯз дар Ашқобод ҷаласаи 83-юми Шӯрои иқтисодии ИДМ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 13.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Ашқобод- пойтахти Туркманистон ҷаласаи 83-юми Шӯрои иқтисодии ИДМ баргузор мешавад, ки дар он муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид иштирок хоҳад кард. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.
Рӯзнома доираи васеи масъалаҳоро оид ба ҳамкории кишварҳои ИДМ дар соҳаи иқтисодиёт дар бар мегирад. Аз ҷумла, масъалаҳои татбиқи нишондодҳои Шартнома оид ба минтақаи озоди тиҷоратӣ аз 18 октябри соли 2011 ва Барномаи байнидавлатии мақсадноки «Барқароркунии қаламрави давлатҳое, ки зери таъсири истихроҷи уран мондаанд» аз соли 2018.
Дар рӯзнома баррасии ду лоиҳа бо иштироки доираи васеи иштирокдорон – Изҳорот оид ба ҳамкории иқтисодии давлатҳо – аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Консепсияи ҳамкории давлатҳо – аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи инкишофи рақамии ҷомеа, инчунин Нақшаи чорабиниҳои аввалиндараҷа оид ба татбиқи он дар назар аст.
Масъалаҳо оид ба татбиқи нишондодҳои Шартнома оид ба минтақаи озоди тиҷоратӣ аз 18 октябри соли 2011, дар бораи омодагӣ доир ба бақайдгирии аҳолӣ дар давраи соли 2020 дар давлатҳо – аъзои ИДМ, оид ба татбиқи «Барномаи байнидавлатии мақсадноки «Барқароркунии қаламрави давлатҳое, ки дар зери таъсири истихроҷи уран мондаанд» аз соли 2018, оид ба ташкилотҳои бунёдии давлатҳо – аъзои ИДМ, дар бораи идомаи ҷустуҷӯи хизматчиёни ҳарбӣ, ки дар ҷанги Афғонистон дар солҳои 1979 – 1989 бе ному нишон гум шудаанд, пайдо кардани мадфан, тафтишоти тиббӣ ва шинохти майитҳо ва гӯронидани онҳо дар Ватан дар солҳои 2020 – 2024, дар бораи маблағгузории Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Самтҳои асосии рушди минбаъдаи кумаки тиббию иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии собиқадорони ҷангҳо – иштирокчиёни низоъҳо ва аҳли оилаи онҳо дар кишварҳо – аъзои ИДМ то давраи соли 2020, дар бораи маблағгузорӣ доир ба бунёд ва рушди низоми муттаҳиди мудофиаи зиддиҳавоии давлатҳо – аъзои ИДМ.
Дар ҷараёни ҷаласа имзокунии лоиҳаҳои Самтҳои асосии рушди радионавигатсионии давлатҳо – аъзои ИДМ барои солҳои 2019 – 2024 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ доир ба пешгирӣ ва аз байн бурдани манбаъҳои бемориҳо ва зараррасонҳои ҷангал дар қаламрави наздисарҳадии давлатҳо – аъзои ИДМ аз 2 ноябр дар назар аст.
Хотирнишон месозем, ки Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ниҳоди асосии иҷроия мебошад, ки амалишавии созишномаҳои дар доираи ИДМ қабулшуда, қарорҳои Шӯрои сарони давлатҳо ва Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳодро доир ба ташаккул ва фаъолияти минтақаҳои озоди тиҷоратӣ ва дигар масоили иҷтимоӣ ва иқтисодии ҳамкорӣ таъмин менамояд.
Шӯрои иқтисодии ИДМ, ки соли 1999 ташкил ёфтааст, меросбари Шӯрои Кумитаи байнидавлатии иқтисодии Иттиҳоди иқтисодии аз соли 1994 амалкунанда мебошад. Низомнома дар бораи Шӯро бо Қарори сарони давлатҳо – аъзои ИДМ Оид ба Шӯрои иқтисодии ИДМ аз 11 октябри соли 2017 дар шаҳри Сочи тасдиқ шудааст.
Ба Шӯрои иқтисодии ИДМ муовинони сарони ҳукуматҳои давлатҳои – аъзои ИДМ дохил мешаванд. Дар ҷаласаҳои он Раиси Кумитаи иҷроия – Котиби иҷроияи ИДМ иштирок менамояд.
Дар назди Шӯрои иқтисодии ИДМ ба таври доимӣ Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ амал менамояд, ки аз намояндагони мухтори давлатҳо – аъзои ИДМ иборат аст. Он бо омӯзиши ҳамаҷониба ва баррасии лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти иҷтимоӣ – иқтисодӣ, ки аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ИДМ ва ниҳодҳои соҳавӣ омода мегарданд, машғул аст. Он ҳамчунин ба мувофиқа омадани мавқеъҳои давлатҳоро амалӣ месозад.
Ҷаласаҳои Шӯрои иқтисодии ИДМ як маротиба дар се моҳ ва ҷаласаҳои Комиссия на камтар аз як бор дар як моҳ доир мешаванд. Ҷаласаи 81 – уми Шӯрои иқтисодии ИДМ 15 марти соли 2019 дар шаҳри Москва ва ҷаласаи 82 -юм 21 июни соли 2019 дар шаҳри Минск баргузор гардида буданд.








Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҷамъомад баргузор шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ. Аз таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 19 сол пур шуд
Неругоҳи барқи обии «Себзор» давоми фаъолият беш аз 21 миллион кВт-соат неруи барқ истеҳсол намудааст
Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатъномаи ЮНЕП дар пешбурди дипломатияи муҳити зисти Тоҷикистон нақши назаррас дорад»
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Аз маҳсулоти ширкати «Nestle» бо тамғаи NAN дар марҳилаи муайяншуда истифода набаред!»
Тоҷикистон ҳамкориро бо Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ тақвият медиҳад
Бонки миллии Тоҷикистон: иттилои паҳншуда дар бораи он, ки Бонки миллӣ бо 1 фоиз қарз медиҳад, воқеият надорад
Дар Ишкошим зеристгоҳи барқии «Қозидеҳ» ба истифода дода мешавад
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба иҷрои супоришҳои Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ҷаласа доир шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи Қонун дар бораи сиёсати аграрӣ таҳия мегардад
Дар Панҷакент ҷаласаи Шуро оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид
Дар хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара дар 44 гектар ниҳолҳои пистаҳои хушкшуда барқарор гардид






