Имрӯз дар Маҷмааи савдои «Меҳргон» бори аввал Иди себ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 21.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷмааи савдои «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе бо иштироки беҳтарин боғпарварони ҷумҳурӣ ва шукӯҳу шаҳомати хосса Иди себ таҷлил гардид. Дар он боғпарварон аз тамоми гӯшаҳои мамлакат, хусусан аз вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат варзида, беҳтарин намудҳои себро ба намоиш ва фурӯш гузоштанд.
Тавре мухбирони АМИТ «Ховар» Фирӯзаи ДАВЛАТ ва Тоҳири САИД хабар медиҳанд, зимни намоишгоҳ боғпарварон навъҳои гуногуни себ, мураббо аз себ, тарзи омодасозии себи қоқ ва нӯшокиҳои аз себ омодагашта, инчунин ҳунарҳои дастии мардумӣ ва барномаи фарҳангиро ба маърази намоиш ва фурӯш гузоштанд.
Бояд гуфт, ки Иди мазкур бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир гардид.
Дар намоишгоҳ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ, Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Академияи кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрӣ ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.
Намоишгоҳро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода оғоз намуда, иштирокдоронро ба Иди себ табрик намуд.
Мавсуф иброз дошт, ки баргузории Иди себ бевосита бо ибтикори Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ амали гардид, зеро баргузории ин ид қадр намудани дастранҷи марди деҳқон ва муаррифии шоистаи ин неъмати табиии мамлакат мебошад.
Муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Саидова иброз дошт ки дар мамлакат навъҳои хубонӣ, пахтасеб, шоҳсеб, гулсеб, ҳайдарӣ, гарматирамоҳӣ, рауфӣ, қарсаксеб, ноксеб, нордонсеб ва ғайраҳо маъмул мебошанд. Тоҷикистон мамлакатест, ки ҳар навъи себи он хоси як минтақа буда, аз якдигар бо тамъи лазизашон фарқ мекунанд.
Дар намоиш инчунин иброз дошта шуд, ки дар 5 соли охир дар мамлакат 60 навъи себ, ба монанди моди, прима, редтифри, гала, гранн Смит, гранн Стар, ред чиф ва фуджи ворид гардидаанд, ки аллакай ба минтақаҳо тақсим гардида, парвариш ёфта истодаанд.
Себ яке аз меваҳоест, ки аз ҷиҳати истеҳсол дар дунё пас аз меваҳои ситрусӣ, банан ва ангур қарор дорад. Боғҳои ин меваи шаҳдбор дар майдони зиёда аз 5 миллион гектар доман паҳн кардаанд. Ҳар сол ба ҳисоби миёна беш аз 64 миллион тонна себ ҷамъоварӣ мегардад, ки 212 фоизи ҷамъи меваи дар ҷаҳон истеҳсолшударо ташкил медиҳад.
Ташкилоти умумиҷаҳонии озуқаворӣ себро ба рӯйхати зироати асосии таъминкунандаи бехатарии озуқаворӣ ворид кардааст.
Парвариши себ таърихи 3-4 ҳазорсола дорад. Дар натиҷаи интихоби табиӣ, сунъӣ ва корҳои селексионӣ дар дунё зиёда аз 15 ҳазор навъи он кашф шудааст.
Дар гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 80 намуди себ мавҷуд буд, ҳоло зиёда аз 60 намуди онро дар мамлакат дастрас кардан мумкин аст.
Дар мавриди манфиати себ гуфтаанд, ки агар себи ширинро бихӯранд, фараҳ мебахшад, сабуккунандаи рӯҳ буда, қувватҳои ҷисмониро кушоиш медиҳад ва агар дар меъда хилти сафро бошад, худаш низ зуд ба сафро табдил меёбад. Агар инро пухта бихӯранд, барои сурфаи хушк дармон мешавад. Обашро бо шарбати қандин ва обгӯшт биёщоманд, иллати беҳушшавиро дафъ мекунад. Руббаш, яъне обашро то ғафс шудан ҷӯшонида ё шароби инро биёшоманд, дар ҳама ҷиҳат stop-depression-now.com. хусусан барои фараҳ овардан, дар бобати қувват бахшидан ба меъда ва дил назар ба мевааш қавитар мебошад, васвоси савдовиро дафъ мекунад, ваборо шифо мебахшад ва тафси баданро таскин медиҳад. Мураббояш ҳам хислатҳои дар боло зикрёфтаро дорад.
Себи туршро дар миёни хамир гирифта, дар зери оташ пухта бихӯранд, исҳоли хунинро мебандад, барои иллати сил ва лоғарӣ дармон мешавад. Ин себро кӯфта, ба чашм гузошта банданд, ба дарди чашм нафъ дорад.
Дар ҷамъбаст аз рӯи се номинатсия ғолибони озмунро муайян намуданд. Номинатсияи аввал- ин «Боғпарвари беҳтарин» буд, ки ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои рушди босуботи боғдорӣ ва намоиши беҳтарин себ супорида шуд.
Номинатсияи дуюми озмун «Беҳтарин боғи интенсивӣ» буд, ки ба Мирзошоҳи Акобир барои ҷамъоварӣ ва пешниҳоди намудҳои гуногуни себ аз ноҳияи Рашт дода шуд.
Номинатсияи сеюм- ин «Гӯшаи беҳтарин бо муаррифии дастовардҳои кишоварзон вобаста ба меваи себ» буд, ки ба хоҷагии деҳқонии «Асадулло»-и ноҳияи Хуросон дода шуд.
Ғолибони озмун бо сипоснома ва туҳфаҳои хотирмони Вазорати кишоварзӣ сарфароз гардиданд.
Ҳамзамон дар ин рӯз меҳмонон ва сокинони пойтахт дар баробари хариди себ аз дидани барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ рӯҳу илҳоми тоза гирифтанд.
Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»











Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд






