Итоат ба қонун бояд ба одати ҳар шаҳрванд табдил ёбад-бардошт аз силсиласуҳбатҳо дар Норак
НОРАК, 24.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Итоат ба қонун бояд ба одати ҳар шаҳрванд табдил ёбад. Ин нукта зимни суҳбату вохӯриҳое, ки дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳолии шаҳру деҳоти шаҳри Норак доир шуданд, баён гардид. Ин мулоқотҳо тибқи нақшаи чорабиниҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи таблиғотии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардиданд. Дар ин бора аз шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Норак ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Дар мулоқотҳо директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳ Завқизода, судяҳои Суди Олӣ Маҳмадҷон Оймаҳмадзода, Шароф Аланазарзода ва фаъолони шаҳр иштирок намуданд.
Зимни вохӯриҳо масъулин роҷеъ ба Истиқлолияти давлатӣ ва роҳҳои таҳким бахшидани он, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар шароити кунунӣ, инчунин хатари экстремизм ва терроризм ба Истиқлолияти давлатӣ, роҳҳои пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои бегона ибрози назар намуда, таъкид намуданд, ки Истиқлолияти давлатӣ беҳтарин дастоварди тоҷикон буда, он соҳибихтиёрии моро таъмин менамояд. Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардида, ташаббусҳои наҷиби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди дастгирӣ қарор дода шуданд.
Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шароф Аланазарзода гуфт, ки тӯли 25 соли амалишавии санади тақдирсози миллат, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми тоҷик сарнавишти худро тибқи муқаррароти ин ҳуҷҷати воқеан тақдирсози мамлакат муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашонро пеш бурда истодаанд.
Зимни ин силсиламулоқот мутахассисони ҳуқуқдон аз шаҳрвандон даъват ба амал оварданд, ки ба қадри оромӣ, сулҳу субот, ваҳдату якдилӣ, Истиқлолияти давлатӣ бирасанд, нисбат ба ҳодисаву воқеаҳо бетарафу бетафовут набошанд. Насли наврас, алалхусус ҷавононро дар рўҳияи гиромӣ доштани забон, фарҳангу ойинҳои миллӣ, ватандўстиву меҳанпарастӣ ва ҳувияти миллӣ тарбия намоянд.








Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






