Нуридддин Расулзода, Раиси Суди ноҳияи Рӯдакӣ: «Истиқлолияти давлатӣ дар паноҳи қонун ва бо риояи он зиндагӣ намудани мардуми Тоҷикистонро таъмин намуд»

Сентябрь 3, 2019 14:20

ДУШАНБЕ, 03.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. «Вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мо муқаддас доштан ва ҳифз намудани ин неъмати бебаҳо — истиқлолият аст. Дар ин замина мо бояд дар чаҳорчӯби қонунҳои амалкунандаи мамалакат зиндагӣ ва фаъолият намоем», — изҳор дошт дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Раиси Суди ноҳияи Рӯдакӣ Нуриддин РАСУЛЗОДА.

Ӯ ҳамчунин чунин афзуд:

Истиқлолият барои ҳар сокини давлати мо, пеш аз ҳама, имкони зиндагии озодона ва соҳибихтиёрии миллиро фароҳам меорад. Мо бояд ифтихор намоем, ки  дар қатори садҳо давлатҳои дунё дар харитаи олам чун мамлакати озоду соҳибихтиёр ҷой дорем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки ба даст овардани истиқлолият кори басо душвори заҳматталаб мебошад, вале ҳимояи пирўзиҳо ва дастовардҳои истиқлолият кори аз он ҳам душвортар аст.

Инро мо дар мисоли таърихи навтарини худ дидем. Баъди пош хурдани Иттиҳоди Шўравӣ, дар қатори дигар ҷумҳуриҳои шомили ин Иттифоқ, Тоҷикистони мо низ истиқлолият ба даст овард. Вале ҷанги таҳмилие, ки асосан ба хотири аз байн бурдани ин истиқлолият ба гардани мо бор намуданд, ба пора-пора шудани Тоҷикистон ва нестии миллат таҳдид намуд. Сабаби ин буҳрон, пеш аз ҳама, дар он буд, ки дар солҳои аввали истиқлолият дар идораи давлат ва сарҷамъ намудани мардум хатоҳои зиёде содир мешуданд ва баъзан ба  андешаҳои ғайр, ки аксаран беғаразона набуданд, бовар мекардем.

Дар ҳама давру замон дар идораи давлату рушди ҷомеа роҳбарони оқилу доно ва бомаҳорате заруранд, ки ҷомеаро аз пушти худ бурда, дар заминаи ҳофизаи таърихӣ давлатдориро таҳким бахшанд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи он шахсиятҳоеанд, ки барои мамлакати мо ва сокинони он ин асолати таърихиро зина ба зина иҷро карда истодаанд.

Дар солҳои баъди ҷанги шаҳрвандӣ мардуми мо аз асоситарин маводи озуқа-нон сахт танқисӣ мекашид; ба маънои томи ин калима — мардум гирифтори гуруснагии воқеӣ буд. Имрўз он ба афсона табдил ёфтааст. Ҳатто намояндагони насли ҷавон, ки хушбахтона, он солҳоро надидаанд, ба ин бовар намекунанд.

Даврае буд, ки қонун яроқ буд, яъне яроқбадастон чӣ коре мехостанд, мекарданд. Онҳо на аз қонун ва на аз муҳофизони қонун тақрибан ҳаросе надоштанд. Вале, баробари таҳкими давлатдорӣ зина ба зина ислоҳи ин вазъият таъмин гардид. Чун дар тамоми ҷомеаи пешрафтаи ҷаҳонӣ имрўз, дар Тоҷикистон зиндагию фаъолияти мо дар асоси қонунҳои ҷорӣ  ҷараён мегирад. Ба ҳама маълум аст, ки дар паноҳи қонун, бо риояи қонун зиндагӣ ва фаъолият намудан ҳаёти ҳар сокини ҷомеаро осон менамояд. Тантанаи Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин имконро барои ҳар шаҳрванди мамлакат фароҳам овардааст.

Барои ман ҳамчун корманди соҳаи ҳуқуқ ин нукта наздиктару рўшантар аст. Як рукни муҳими дар асоси талаботи олами муосир ва дар равияи тантанаи демократия умр ба сар бурдани мо — ин Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки худи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили он ба шумор меравад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда, се маротиба- солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба он тағйироту иловаҳо ворид карда шудаанд, қитоби мукаммали бахти миллати тоҷик мебошад. Вуҷуд доштани Конситутсия, қувваи олии ҳуқуқӣ доштани он ва  риояи он  зиндагии осоиштаи мардуми моро дар замони муосир таъмин менамояд.

Миллати мо миллати қадимӣ ва тамаддунофар мебошад.   Дар Тоҷикистон як нишонаи истиқлоли мо- Парчами миллист, ки агар ба сафҳаҳои таърих назар афканем, он аз дирафши Ковиёна ибтидо мегирад. Эҳтироми Парчами миллӣ- ин гиромӣ доштани таърихи мамлакат ва дўст доштани ин хоки муқаддас аст.

Мо имсол 28-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҷашн мегирем. Дар назди солномаи таърих 28 сол муддати он қадар мадид нест. Вале дар ин муддат, махсусан баъди Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гаштани Сарвари давлат ва баъдтар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҷумҳурии мо корҳое ба сомон расиданд, ки ба зиндагии мардуми мо ва рушди иқтисодиву иҷтимоии он  таъсироти калон расониданд.

Нақшаву ниятҳои ояндаи мамлакати мо боз ҳам бузургтаранд. Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст, ки дар хоҷагии халқи мо алҳол нақшаи гузариши иқтисодиёти мамлакат аз шакли аграрӣ — индустриалӣ ба  индустриалӣ — аграрӣ амалӣ мегардад.

Ин маънои боз ҳам зина ба зина пеш рафтани ҷомеа ва беҳбуд бахшидан  ба зиндагии мардуми моро дорад. Бунёди роҳҳои стандартӣ ва осон намудани интиқоли молу мавод, барҳам хӯрдани маҳдудияти барқ, ба кор оғоз намудани агрегати аввали Неругоҳи Роғун, ҳалли масъалаҳои дар тӯли зиёда аз ду даҳсола бавуҷудомадаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, таҳияи силсилачорабиниҳои ободкорӣ дар тамоми шаҳру деҳоти мамлакат  ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз тадбирҳое ба шумор мераванд, ки маҳз ба хотири таъмини зиндагии шоистаи мардум амалӣ мегарданд.  Ин тадбирҳо имконият фароҳам оварданд, ки дар ҷумҳурӣ 150 ҳазор ҷойи кор таъсис дода шуда, даромади пулии аҳолӣ 11 фоиз зиёд гардидааст. Ҳамзамон нишондиҳандаи миёнаи дарозумрии аҳолӣ ба 75 сол расида, шумораи аҳолӣ дар мамлакат аз 5,4 миллион нафари соли 1990 ба 9,1 миллион нафар дар соли 2018 расид. Дар назар аст, ки соли 2023 аҳолии ҷумҳурӣ ба 10 миллион нафар расад.

Ин далелҳо собит месозанд, ки ҳуқуқҳои маънавии мардум, алалхусус ҳуқуқ ба меҳнат ва зиндагии шоиста таъмин мегарданд. Ман бовар дорам, ки амалӣ шудани дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати  таҳкими ҳадафҳои миллӣ рушди мамлакати моро таъмин месозад  ва сатҳи зиндагии ҳар сокини он зина ба зина боло меравад. Воқеан, ин аз раванди пешрафти ҷумҳурӣ  низ ба хубӣ аён аст.

Имрӯз вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мо муқаддас доштан ва ҳифз намудани ин неъмати бебаҳо- истиқлолият аст. Дар ин замина мо бояд дар чаҳорчӯби қонунҳои амалкунандаи мамалакат зиндагӣ ва фаъолият намоем.

Сентябрь 3, 2019 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
Президенти Тоҷикистон: «Бо назардошти шароити замона анъанаи неки гузаштагон – сарфаю сариштакориро бояд риоя намоем»
Сулаймон Талбакзода: «Дарси хештаншиносӣ ва хизмат ба халқу Ватанро аз Пешвои миллат бояд омӯзем»
Президенти Тоҷикистон: «Мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо озуқаворӣ моро водор менамояд, ки ҳар қитъа заминро оқилонаву самаранок истифода барем»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ойинҳои наврӯзӣ аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамоянд»
Пешвои миллат: «Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ба кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил аз заминҳои обӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад»
Наврӯз дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро низ ташаккул додааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мақому ҷойгоҳи Наврӯз он қадар баланд буд, ки ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад»