Изҳороти Маркази матбуоти Қушунҳои Сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 16, 2019 20:17

ДУШАНБЕ, 16.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Маркази матбуоти Қушунҳои Сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки , бар хилофи созишномаҳои қаблан ба имзорасида ҷониби Қирғизистон соати 18:45-и санаи 16-уми сентябри соли 2019 дар ҳудуди майдони варзишии маҳаллаи Баҳори ҷамоати деҳоти Овчи- Қалъачаи ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд сохтмони иншооти номаълумро роҳандозӣ карданд. Сокинони маҳаллаи Баҳор ба ин амали  ғайриқонунии шаҳрвандони ҶҚ вокуниш нишон дода, аз онҳо даъват намуданд, ки корҳои сохтмониро қатъ намоянд.

Ҷониби қирғиз бошад хилофи созишномаҳои дуҷониба, ки аломатгузориро дар минтақаҳои баҳснок мушаххас мекунад, амал намуда, ба маҳалли ҳодиса қувваҳои ҷангии иловагиро иборат аз 250-300 нафар сафарбар карданд. Сипас, онҳо ба иғвогарӣ даст зада, соати 19:00 ба самти  сокинони бесилоҳи маҳаллаи Баҳор  тир кушоданд, ки дар натиҷа якчанд нафар шаҳрвандони ҶТ  маҷруҳ шуданд.

Ин амали  муғризонаи  сарҳадбонони ҶҚ нишонаи кӯшишҳои ба таври сунъӣ ноором кардани вазъият дар хати сарҳади давлатӣ арзёбӣ мегардад, ки метавонад  вокуниши ҷавобиро аз ҷониби сокинони наздисарҳадӣ дар ин минтақаи ҳассос барангезад.

Айни замон, намояндагони мақомоти дахлдори ду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, барои муътадил сохтани вазъият, корҳои фаҳмондадеҳиро дар байни аҳолӣ бурда истодаанд.

 Маркази матбуоти
Қушунҳои Сарҳадии
КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 16, 2019 20:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони ноҳияи Деваштичро ба хизмати ҳарбӣ гусел карданд
Ҷавонони шаҳри Ваҳдатро бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони ватандӯсти Панҷакент барои хизмат ба Ватан ба сафи Артиши миллӣ рафтанд