Рудобаи Мукаррам: «Мо ба Истиқлолияти беназир расидем ва инак онро бояд чун гавҳараки чашм ҳимоят кунем»

Сентябрь 9, 2019 09:36

ДУШАНБЕ, 09.09.2019/АМИТ  «Ховар»/. 28 сол муқаддам, аниқтараш 9 сентябри соли 1991 дар харитаи сиёсии ҷаҳон боз як давлати мустақил зуҳур намуд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои муътабари байналмилалӣ чун Ҷумҳурии Тоҷикистон шинохта шуд. Мусаллам аст, ки озодию истиқлолияти миллӣ барои ҳар як халқу миллат ба осонӣ ба даст намеояд,  вале барои миллати тоҷик он ҳадяи Парвардигор аст.

Агар  ба вазъи феълии сайёра назар  афканем,  шоҳиди он мегардем, ки дар ҷаҳон ҳастанд халқу миллатҳое, ки солҳои тӯлонӣ дар орзуи ба даст овардани озодиву истиқлолияти миллӣ  буда, муборизаҳои озодихоҳӣ мебаранд, ҷоннисорӣ мекунанд, аммо ба истиқлолият мушарраф намегарданд. Мисоли барҷастаи ин гуфтаҳо халқи  курд аст, ки нуфусашон дар ҷаҳон беш аз 40 миллион нафар арзёбӣ гардида, 20 миллион нафар курдҳо дар Туркия, зиёда аз 11 миллион дар Эрон, 8 миллион дар Ироқ, 3 миллион дар Сурия ва боз дар дигар кишварҳои ҷаҳон  умр ба сар мебаранд, вале соҳибистиқлол нестанд. Мардуми тоҷик  имрӯз аз он шукргузорӣ мекунад, ки соҳиби давлати мустақил ва  дигар арзишҳои миллии  давлатдорианд ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон дар радифи  давлатҳои соҳибистиқлол мақоми шоистасолорӣ касб намуда, Истиқлолияти  давлатии мамлакатамон  аз ҷониби наздик 200 давлати ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ  эътироф гардидааст. Мояи ифтихори мост, ки имрӯз парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди бинои СММ дар радифи парчамҳои дигар давлатҳои ҷаҳон парафшонӣ менамояд. То ҷое мусаллам аст, Истиқлолияти давлатӣ волотарин  ва муқаддастарин неъмат буда, барои ҳар халқу миллат, хусусан тоҷикон  падидаи басо муборак   ва  ҳамеша қобили эҳтирому арҷгузорист.

Дар ин росто,  дар остонаи ҷашни фархундаи Истиқлолияти давлатӣ  дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон  Рӯдобаи Мукаррам дар мавриди ин ҷашни муборак чунин изҳори назар намуд:

Истиқлолият  бузургтарин ва муқаддамтарин санаи таърихофарини ҷомеаи навини давлатдории  тоҷикон аст, ки  новобаста аз аҳдофи  сиёсию мазҳабӣ тавонист  Тоҷикистонро ба ҷаҳониён шиносонад.  Тоҷикон  имрӯз хушбахтона, аз шарофат, нусрат  ва баракати Истиқлолияти миллии худ  дар сарнавишти хеш  комилан  бархурдор ҳастанд.  Тоҷикистон мадори дилу имону виҷдон  ва саодати ҳар тоҷик буда, дар дунё беҳтарин  сармояи мардуми  тоҷик маҳз истиқлолияти он аст. Имсол мардуми шарафманди Тоҷикистон 28 –умин солгарди ин санаи  тақдирсози миллатро истиқбол мегиранд, ки ин мояи  саодат ва хушбахтии мардуми Тоҷикистон ва  рамзи бузургдошт, эҳтиром  ва меҳру муҳаббати  мардум ҷиҳати  поянда доштани ин  санаи   фархундаи миллат аст.

АМИТ «Ховар»: Оё метавон Истиқлолияти  давлатиро  муъҷизаи  таърих  номид?

Рудобаи Мукаррам: Бале, Истиқлолият барои мардуми тоҷик ҳадяи сабз аз сӯи Парвардигор  аст. Ман чун як бону дар арсаи сиёсат  ва  шеър гуфтанӣ ҳастам, ки  Истиқлолият аз замони   зуҳури  инсон ҳамеша дар ниҳод ва тинати тоҷикон аз худ шӯъла ва дарак медод. Мардуми тоҷик дар тамоми асрҳо ҳамеша имони баланди  озодихоҳӣ-  озод будану озод зистан,  озод андешиданро дар  худ дошт. Агар ба масири таърихи ниёгони худ назар афканем, мебинем, ки ҳазорон фарзонафарзандони диёр, чеҳраҳои соҳибном,  шахсиятҳои босалобати диёр барои озодӣ, ба  даст овардани истиқлолият  барои саодати мардум  ва насли хеш  ҷоннисорӣ намудаанд, ки мо аз онҳо ифтихор дорем. Мо инчунин саодатро дар чеҳраҳои босалобат, дар қаҳрамониҳои   Деваштичу  Муқаннаъ, Темурмалик  ва дигар каҳрамонони миллати тоҷик мебинем, ки амали шоиста, солеҳ ва зиндагиномаи онҳо барои мо дарси сабақомез аст. Ин бозгӯи он аст, ки мардуми тоҷик  аз оғози пайдоиши таърих ҳамеша озодипараст ва   истиқлолиятхоҳ буд. Хушбахтона, соли 1991 расман ин санади  тақдирсоз- Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул гардид ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯйхати давлатҳои соҳибистиқлол ворид шуд, ки ин саодати бузурги  миллати тоҷик бо гузашти беш аз ҳазор сол аст.

Бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон мутаассифона, миллати тоҷик ба ҳаводиси тақдиршикан  -ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ  рӯ ба рӯ гардид. Яке аз омилҳои асосии он дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги сиёсии ҷомеа, ҳувияти миллӣ, суст будани зимоми давлатдорӣ буд, ки роҳбарони Ҳукумати  онвақта натавонистанд  зимоми давлатдориро  идора кунанд. Хушбахтона, бо талошҳои хастанопазири  Пешвои миллат, бо такя  ба неруи муқтадир ва қудратманди халқи  тоҷик тавонистем, ки аз вартаи ноумедию нобасомониҳо миллатро наҷот диҳем, ки ин бурди миллати тоҷик  таҳти сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аст.  Бо итминони комил гуфта метавонем, ки дар баробари оне, ки Пешвои миллат истеҳкомбахши муқтадири Истиқлолияти миллӣ аст,  тавонистанд, ки бо сиёсати  наҷибу дурбинона, ҳадафгир, созанда,  бо фитрати ҳақталабӣ, имони комил, дидгоҳи васеъ ва дарки  мафҳуми бузурги фарҳанги сиёсӣ,  адолати иҷтимоӣ, мушкилнописандӣ, таҳаммулгароӣ, масъулиятшиносӣ дар заминаи ба эътидол овардани амнияти давлат ва ваҳдати миллӣ истиқлолияти миллати моро таҳким ва густариш бахшида, мақому манзалати Тоҷикистонро  ба унвони як давлати  соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ шарафмандона ҳимоят намоянд.

АМИТ «Ховар»:  Нақши Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро  дар таҳкими  пояҳои  давлатдорӣ ва  Истиқлолияти давлатӣ чӣ гуна арзёбӣ  менамоед?

Рудобаи Мукаррам: Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон  дар ҷомеаи муосири мамлакат мақоми шоистасолорӣ дошта, дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ  нақши  муассир мебозад. Ҳаракат фаъолияти худро  беш аз пеш густариш бахшида,  бо тамоми ниҳодҳои иҷтимоӣ, сохторҳои ҷамъиятию давлатӣ равобити хеле мустаҳками корӣ дорад. Аъзои ин ҳаракат  аз ҳисоби он зиёиён,  фарҳехтагон,  шахсиятҳои варзидае, ки як замон дар умури давлатдорӣ  ба унвони роҳбар   фаъолият кардаанд, мебошанд. Онҳо дар байни омма  сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро  тарғибу ташвиқ менамоянд. Ҳаракат дар раванди бошитоби ҷаҳонишавӣ ҳамеша дар байни ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда, инчунин барои ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ  ва ваҳдати миллӣ  дар оянда саъй менамояд, ки  бо диди нав,  андешаи солим, тафаккури созанда,  дар ростои  таҳаввулот ва ислоҳи камбудиҳои ҷомеа  нақши меҳварии худро гузорад.

АМИТ «Ховар»: Нигоҳи Шумо ба дастовардҳои даврони сохибистиқолии Тоҷикистон?

Рудобаи Мукаррам:  Дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ хеле бузурганд. Мардуми тоҷик аз азал мардуми заковатманду шукргузор ҳастанд,  дидгоҳи хеле наҷиб доранд. Тоҷикон мардумоне ҳастанд, ки хеле амиқназар ва  дақиқандешанд.  Имрӯз ҳар як фарди Тоҷикистон, новобаста аз нажоду мазҳаб, дар кадом соҳае, ки  фаъолият  накунад, ба пешрафтҳои густурдаи мамлакат бо чашми дилу назари нек менигаранд. Тоҷикистон таҳти сарварии  Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар миқёси ҷаҳон шуҳрати бештарро соҳиб гардад, зеро ҳар иқдому ташаббус  маҳз бо шарофати озодию мустақилияти ин миллат ва давлат, сулҳу субот ва оромӣ амалӣ  ва татбиқ мегардад.

АМИТ «Ховар»: Дар шароити тезутунди ҷаҳони муосир чӣ бояд кард, то дастовардҳои Истиқлолияти давлатиамон халал наёбанд?

Рудобаи Мукаррам:  Мо ба Истиқлолият расидем, Истиқлолиятамонро эътироф карданд ва инак онро бояд чун гавҳараки чашм   ҳимоят кунем. Рисолат,  қарзи виҷдонӣ ва масъулияти мушкилнописанди мардуми  тоҷик имрӯз аз он иборат аст, ки мо  бояд ин неъмати бузург- истиқлолиятро ҳимоят ва ҳифозат намоем. Таҳлилгарони ҷаҳони муосир ба он ваҳдати назар доранд, ки яке аз омилҳои хеле хатарноку  хатарзо,  ки ҳазорон пайомадҳои   нохушоянд  дар пай дорад, ба амну осоиштагӣ, дастовардҳои Истиқлолият миллӣ ва ваҳдати  миллии мо хатари  хеле хатарзо эҷод мекунад, ин  таассуб аст,  яъне мағзҳои заҳролудшуда.

Таассуб яке аз равияҳои  хеле номатлубест, ки бунёд  ва сутуни давлатдорӣ,  фарҳанг ва ҳастии бақои ҳар як давлатро мешиканаду нест мекунад. Мардуми тоҷик бояд хуб дарк намояд, ки  аз давраи қадим, аз он оғозе, ки инсоният ба унвони як падида дар ҳаёт аз худ рақам зад,  ба ду қувва, ки ҳамеша оштинопазиранд ва ба созиш намеоянд  мувоҷеҳ  гардид. Яке қувваи маърифат ва дониши саҳеҳ, ки заминаи боэътимод ва сарчашмаи кулли саодати зиндагӣ дар он нуҳуфтааст. Дуюм таассуб, ифрот, ҷаҳл ва фисқу фуҷур аст. Ин ду қувва байни ҳам пайваста мубориза мебаранд. Таърих дар пешорӯямон як ҳақиқати содаеро  маълум мекунад, ки агар мо дар  шароити ҳаракати бошитоби ҷаҳонишавӣ  ба маънавияту   хирад такя намоем,  шуури фарҳангӣ,  худогоҳии миллатро  устувор нигоҳ дошта тавонем, ба вай неру бахшида, ба ҷаҳони мутамаддин  онро пайваст намоем, дар ин росто  мо бо маърифати худ ба ҳама падидаҳои номатлуби ҷомеа пирӯз мешавем.

Мо бояд пайваста саъй намоем, ки  бо диди нав ва андешаи солим  ба тамоми рукнҳои муҳими давлату давлатдорӣ муносибат намоем. Дар ин маврид ҳеҷ як ҳаводиси таърих наметавонад  ба бузургии фарҳанг ва сармояи ин миллат  андаке ҳам парешонӣ ворид сохта, истиқлолият ва ваҳдати моро рахна кунад.

                                  Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

 

Сентябрь 9, 2019 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатънома оид ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро метавон рӯйдоди таърихӣ номид»
МО БО ШУМОЕМ, ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН! Мулоҳизаҳои Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ оид ба тамошои якҷояи бозии имрўзаи футболбозони тоҷик
Пирумшо Вализода: «Дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал иштироки беш аз 1500 нафар дар назар аст»
СОР-28 бори дигар пешоҳанг будани Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим собит намуд
Сафири Беларус дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» дар бораи дурнамои ҳамкории ду давлат дар соли оянда изҳори назар намуд
Зулфия Бурҳон: «Тоҷикистон мамлакати пешсаф дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои умумибашарӣ дар чаҳорчӯбаи ЮНЕСКО аст»
ИМЕЙ (IMEI)-И «САФЕД». Тамоми дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM мебошанд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид шаванд
Довталаби 83-солаи озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Маъқула Ҳакимова: «Мо, калонсолон бояд дар хондану дўст доштани китоб барои насли ояндасоз намуна бошем»
НАХУСТИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат соли 2007 ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид
ТОҶИКИСТОНРО БО ШАБОҲАТИ ЗИЁДЕ ЧУН ЭРОН ДАРЁФТАМ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Аламулҳудо суҳбат анҷом дод
7 НОЯБР-РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Имсол театрҳои касбии Тоҷикистон 30 асари нав ба саҳна гузоштанд
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ навъи тоҷикии асл буда, калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон ба шумор меравад