Собиқ муҳандис – заминсоз барои ғайриқонунӣ додани қитъаи замин 60 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима гардид
ДУШАНБЕ, 23.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шаҳрванд Кароматулло Қувватов ҳангоми дар вазифаи муҳандис-заминсози Ҷамоати деҳоти Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ фаъолият намуданаш бо истифода аз ваколати мансабӣ ҷинояти қаллобӣ, яъне ба шаҳрванд ғайриқонунӣ додани қитъаи заминро содир намуд. Номбурда 4 январ бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Сайҷафар Саидов даромада, аз харитаи заминистифодабарии хоҷагии деҳқонии Миралӣ Маҳмадалиев, воқеъ дар деҳаи Селбури ҳамин ҷамоат, ки ба гурӯҳи заминҳои таъйиноти кишоварзӣ (чарогоҳ) мансуб аст, қитъаеро ҳамчун замини маҳали аҳолинишин нишон дода, барои сохтани хонаи истиқоматӣ дар майдони 0,06 гектар ба ӯ ҷудо карда додааст. Бар ивази ин, аз С. Саидов 10 000 сомонӣ талаб кардааст. С. Саидов ба К. Қувватов 10 январи соли равон 4000 сомонӣ ва баъдан давоми моҳ дар се ҳолат 5500 сомонӣ, ҷамъ 9500 сомонӣ додааст.
Тавре муовини прокурори ноҳияи Восеъ Ш. Ниёзӣ иттилоъ дод, нисбат ба Кароматулло Қувватов барои ин амали ғайриқонуниаш аз тарафи прокуратураи ноҳия бо моддаҳои 247 қисми 3 банди «а» ва 3381 қисми 2 банди «в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва барои баррасӣ ба суди ноҳия ирсол гардид.
Бо ҳукми суди ноҳияи Восеъ Кароматулло Қувватов гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи як ҳазору сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 60 ҳазору 500 сомонӣ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муҳандис — заминсози ҷамоати деҳот ба муҳлати ду сол таъйин карда шуд.
Хотиррасон менамоем, ки мутобиқи талаботи моддаи 13 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад






