Сокинони се деҳаи дурдасти ноҳияи Ванҷ ба оби ошомиданӣ дастрасӣ пайдо карданд

Сентябрь 11, 2019 16:17

ХОРУҒ, 11.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаҳои Роғи 1, Роғи 2-и Ҷамоати деҳоти ба номи Маҳмадулло Абдуллоев ва маркази Ҷамоати деҳоти Рованди ноҳияи Ванҷ дар рӯзҳои таҷлили Истиқлолияти давлатӣ шабакаи муосири обрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Солҳои қаблӣ сокинони ин деҳот барои дастрас кардани оби пок якуним километр роҳро тай намуда, аз кӯҳдоман об мекашонданд. Акнун ин ҳама мушкилот паси сар шуданд ва зиёда  аз 100 хонаводаи деҳаҳои мазкур минбаъд  аз пеши дари хонаи худ об мегиранд.

Ба гуфтаи  сокини деҳаи Рованд Сотим Муҳаббатов,  «бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва шарикони рушд аз домани кӯҳ дар масофаи чордаҳуним  километр  тавассути қубур  ба деҳа оби тоза кашонида  шуд. Акнун 58 хонаводаи  деҳаи мо аз назди ҳавлии худ об мегиранд.  Солҳои пеш  аз оби ҷӯйбори деҳа  истифода мекарданд, ки на ҳама вақт поку тамиз буд. Дар фасли зимистон обро аз чашмае, ки дар баландӣ, дар доманакӯҳ ҷойгир аст, ба манзилҳоямон меовардем».

Сокинони деҳот бо ҳисобкунакҳо таъмин гаштаанд. Маблағе, ки  барои истифодаи об пардохт карда мешавад, асосан барои таъмир ва хариди қисмҳои эҳтиётӣ  сарф хоҳад шуд. Ҳадаф ин аст, ки  шабакаи обрасонӣ мудом дар ҳолати хуби техникӣ қарор гирад ва мардум аз он солиёни дароз баҳра баранд.

Раиси ноҳияи Ванҷ Ҷаббори Қосим  сокинони деҳаро бо ҷашни муқаддас барои мардуми тоҷик- иди Истиқлолияти давлатӣ ва яке аз рӯйдодҳои муҳими таърихӣ, яъне мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чархаи дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» табрик карда, изҳор дошт, ки “маҳз дар замони Истиқлолияти давлатӣ раванди корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳияи Ванҷ равнақу ривоҷ ёфт. Дар ин давра дар ҳудуди ноҳия 241 иншоот ба маблағи қариб 150 миллион сомонӣ ба истифода дода шуданд”.

Бо шарофати  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дурдасттарин деҳоти ноҳияи Ванҷ низ  аз бунбасти коммуникатсионӣ берун шуда, роҳҳо бо маркази вилоят ва пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе дар чаҳор фасли сол боз мебошанд. Бунёди бозори муштарак ва пули мошингард бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба тоҷирону соҳибкорони ду давлати бо ҳам дӯсту бародар имкониятҳои васеъ барои рушди фаъолият фароҳам меорад. Дар ояндаи наздик дар ноҳия боз 9 пули мошингузар бунёд карда мешаванд. То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди ноҳия мутобиқи нақша бунёди 80 адад иншооти хурду бузург дар назар дошта шудааст.

 

Сентябрь 11, 2019 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд