ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 сентябр, якшанбе, 265-умин рӯзи соли 2010 аст
22 сентябри соли 2009 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаи умумии Иҷлосияи 64-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ карданд.
***
9 сол пеш, 22 сентябри соли 2010 дар ИМА Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳамоиши «Дурнамои татбиқи се ҳадафи Конвенсияи биогуногунӣ» раисӣ ва суханронӣ карданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Душанбе маҷлиси раисони судҳои олии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид.
22 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Тоҷикистон – Рӯзи Рӯдакӣ (сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс).
***
Рӯзи умумиҷаҳонии бидуни автомобил.
***
Рӯзи байналмилалии ҳимояи филҳо.
***
Дар Булғористон – Рӯзи истиқлолият.
***
Дар ИМА – Рӯзи занони соҳибкор.
РӮЙДОДҲО:
22 сентябри соли 2015 дар шаҳри Ҳисор Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат расман ифтитоҳ гардид.
***
22 сентябри соли 1862 Президенти вақти Америка Авраам Линколн қарореро имзо кард, ки тибқи он аз 1 январи соли 1863 дар ИМА ғуломдорӣ бекор карда шуд.
***
79 сол муқаддам, 22 сентябри соли 1939 дар Англия барои фурӯши сӯзишворӣ меъёр ҷорӣ карда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1948 дар натиҷаи таркиши корхонаи химиявӣ дар Ҳонконг зиёда аз 130 нафар ба ҳалокат расиданд.
***
22 сентябри соли 1955 дар Британияи Кабир пахши телевизиони тиҷоратӣ оғоз гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 1989 забони қазоқӣ забони давлатии Қазоқистон эълон карда шуд.
***
22 сентябри соли 1985 дар натиҷаи заминҷунбии шадид дар Мексика 2000 нафар ба ҳалокат расиданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2007 аввалин маротиба дар қаламрави Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе китобхонаи электронӣ ифтитоҳ гардид.
***
Соли 1910 дар Англия аввалин ҳавопаймо ба фазо парвоз кард.