Татбиқи лоиҳаи «Беҳтар намудани идоракунии захираҳои обӣ дар вилояти Хатлон» оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 10.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ояндаи наздик татбиқи лоиҳаи «Беҳтар намудани идоракунии захираҳои обӣ дар вилояти Хатлон», ки мақсади он беҳтар намудани идораи захираҳои обии тобовар ба тағйирёбии иқлим мебошад, оғоз гардида, соли 2025 ба анҷом мерасад.
Дар робита ба ин байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд созишномаи қарзӣ ба имзо расид. Созишномаро аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири молияи мамлакат Файзиддин Қаҳҳорзода ва аз тарафи Фонди Саудии Рушд — раиси Шӯрои директорони Фонди Саудии Рушд Юсуф ибни Иброҳим-ал-Бассом ба имзо расониданд.
Ба иттилои котиботи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, маблағи умумии лоиҳаи «Беҳтар намудани идоракунии захираҳои обӣ дар вилояти Хатлон» 53,5 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, аз он саҳми Бонки Исломии Рушд– 15,0 млн. доллари амрикоӣ, Фонди Саудии Рушд–25,0 млн. доллари амрикоӣ, Фонди Байналмилалии Рушди ОПЕК–10,0 млн. доллари амрикоӣ ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон–3,5 млн. доллари амрикоӣ мебошад.
Ба андешаи коршиносон, татбиқи лоиҳа сабаби афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, зиёд намудани даромади хоҷагиҳои фермерӣ ва дастрасӣ ба таъминоти об мегардад.








Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд






