Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани идоракунии захираҳои обӣ дар вилояти Хатлон» созишномаи қарзӣ ба имзо расониданд

Сентябрь 18, 2019 13:37

ДУШАНБЕ, 18.09.2019. /АМИТ «Ховар»/.  17 сентябр дар шаҳри Венаи Австрия маросими баимзорасонии Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани идоракунии захираҳои обӣ дар вилояти Хатлон» баргузор гардид.

Тавре аз котиботи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, созишномаро аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода  ва аз тарафи Фонди ОПЕК Директори генералии Фонди ОПЕК Абдулҳамид Алхалифа ба имзо расониданд.

Ба иттилои манбаъ, маблағи умумии лоиҳаи «Беҳтар намудани идоракунии захираҳои обӣ дар вилояти Хатлон» 53,5 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, аз он саҳми Бонки Исломии Рушд – 15,0 млн. доллари амрикоӣ, Фонди Саудии Рушд – 25,0 млн. доллари амрикоӣ, Фонди Байналмилалии Рушди ОПЕК – 10,0 млн. доллари амрикоӣ ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3,5 млн. доллари амрикоӣ мебошад.

Мақсади лоиҳа- ин беҳтар намудани идораи захираҳои обии тобовар ба тағйирёбии иқлим буда, сабаби афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, зиёд намудани даромади хоҷагиҳои фермерӣ ва дастрасӣ ба таъминоти об мегардад.

Татбиқи лоиҳаи мазкур охири соли 2019 оғоз гардида, соли 2025 ба анҷом мерасад.

Сентябрь 18, 2019 13:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд