Ҳунармандони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ дар Ӯзбекистон санъати баланди миллиамонро манзур намуданд

Сентябрь 16, 2019 15:00

ДУШАНБЕ, 16.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз 10 то 15 сентябр дар шаҳри Қӯқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фестивали байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар фестивали мазкур Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода чун меҳмони фахрӣ  ширкат намуд.

Бино ба иттилои манбаъ, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 нафар косиб  дар радифи ҳунармандон аз даҳҳо кишвари дунё иштирок намуданд. Дар фестивали мазкур ҳунармандони тоҷик ҳунарҳои миллиамонро манзури меҳмонон   гардониданд.

Ҳамчунин дар доираи фестивал барномаҳои гуногун, аз ҷумла конфронсу суҳбатҳои «мизи мудаввар» баргузор гардиданд, ки дар онҳо рушди соҳаи ҳунармандӣ, нигоҳ доштани анъанаҳои ҷойдоштаи соҳа ва дигар мавзӯъҳои муҳим мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Тайи солҳои охир муносибатҳои фарҳангии ду давлат дар сатҳи баланд ҷараён доранд.  Ёдовар мешавем, ки 14 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқоти самимӣ маҷмӯи васеи муносиботи дӯстию бародарӣ, ҳамкорӣ ва ҳамсоягии Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ гардид.

Инчунин дар робита ба таҳкими равобити фарҳангию гуманитарӣ ва баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ гузаронидани «Рӯзи Душанбе дар Тошканд» ва «Рӯзи Тошканд дар Душанбе» зарур шуморида шуд.

Сентябрь 16, 2019 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид