Вазири мудофиаи Ӯзбекистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо намунаи ёдгориҳои таърихии он шинос шуд

Сентябрь 26, 2019 14:30

ДУШАНБЕ, 26.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. 25 сентябр Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Баҳодур Қурбонов бо ҳайати ҳамроҳонаш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуд.

Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷазода ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, меҳмононро дар саҳни Осорхона роҳбарият ва дигар шахсони масъул истиқбол гирифтанд.

Сипас аз ҷониби кормандони Осорхонаи миллӣ бо меҳмонон дар  сатҳи баланди касбӣ сайри осорхонавӣ гузаронида шуд. Дар осорхона ба меҳмонон намунаи ёдгориҳои таърихӣ, аксу мусаввараҳои нодир, намунаи осори хаттӣ, ҳунарҳои қадимӣ, дар маҷмӯъ таъриху тамаддуни пурғановати мардуми тоҷик дар давраҳои гуногун муаррифӣ гардид.

Диққати меҳмононро махсусан шоҳкории устоҳои чирадасти тоҷик, нигораҳои бозгӯкунандаи ҳаёту рӯзгор, расму оин ва дигар анъанаҳои қадимӣ, ки ба ин миллати соҳибтамаддун аз гузашта чун мероси аҷдодӣ боқӣ мондаанд, ҷалб намуданд.

Зикр гардид, ки шуъбаҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон, аз қабили таърихи бостон ва асрҳои миёна, таърихи нав ва навтарин, ки ҳунармандӣ, либоспӯшӣ, тарзи зисти одамон, заргарӣ, кулолгарӣ, кандакорӣ дар рӯи чӯб, хушнависӣ, мисгарӣ, дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, хосса тарзи зисту зиндагонии тоҷиконро дар давраҳои гуногуни таърих таҷассум мекунанд.

Баҳодур Қурбонов баъд аз тамошои Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таассуроти нек чун анъана дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон андешаҳои хешро дарҷ  намуд.

Ёдовар мешавем, ки Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Баҳодур Қурбонов дирӯз бо сафари расмӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуд.

Сентябрь 26, 2019 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд