Вазорати рушди иқтисод ва савдо: маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 7,4% афзудааст

Сентябрь 19, 2019 13:48

ДУШАНБЕ, 19.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар ҳашт моҳи аввали соли 2019 зиёда аз 4,6 миллиард доллар ё 44 миллиарду 893,8 миллион сомониро ташкил дод.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 рушди иқтисодиёт бо нархҳои муқоисашаванда то 7,4% ба мушоҳида мерасад.

Дар низоми ММД (маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ) болоравии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ — 13,3 фоиз (12,9% дар 8 моҳи соли 2018) бартарият дорад. Дар ҷои дуюм маҳсулоти кишоварзӣ ҷойгир аст, ки 8,3% мебошад. Пас аз он муомилоти савдои чакана (8,5%), боркашонӣ (4,7%) ва хизматрасонии пулӣ (2%) қарор доранд.

Дар Вазорат хотирнишон карданд, ки афзоиши ҳиссаи саноат дар низоми ММД (маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ) (ин нишондиҳанда дар 8 моҳ 17,9% — ро ташкил медод) ба амалисозии ҳадафи чоруми стратегии миллӣ–саноатикунонии Тоҷикистон, ки қаблан Президенти мамлакат эълон карда буданд, вобастагӣ дорад.

Ёдовар мешавем, ки гузариш аз сохти рушди агросаноатӣ ба сохти индустриалӣ-аграрӣ яке аз вазифаҳои асосии Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мебошад.

Сентябрь 19, 2019 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Хуршед Каримзода дар ҳамоиши байналмилалии «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» дар Корея иштирок намуд
Соли равон соҳибкорони Тоҷикистон ба маблағи 71,3 миллион сомонӣ андоз супориданд
Байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Бюрои савдои Вэнтсзяни Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад