Яке аз калонтарин мактабҳои шаҳри Ваҳдат ба номи профессор Асадулло Саъдуллоев гузошта шуд
ДУШАНБЕ, 24.09.2019./АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ваҳдат яке аз калонтарин муассисаҳои таълимӣ- мактаби №148 дар вазъияти тантанавӣ ба номи олим ва рӯзноманигори шинохта, доктори илмҳои филологӣ, профессор Асадулло Саъдуллоев гузошта шуд.
Дар ҷамъомади калон намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Ваҳдат, ҳамкасбону ҳамсабақони марҳум, донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки А. Саъдуллоев солиёни зиёд дар онҷо ба тадрису таҳқиқ машғул буд, ширкат намуданд.
Зикр шуд, ки Асадулло Саъдуллоев муддати зиёд дар телевизиону радио ва рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ фаолият намуда, ба тадқиқоти илмиву педагогӣ пардохт. Корҳои илмии ӯ ба осори публитсистии устод Мирзо Турсунзода ва таърихи матбуоти тоҷик бахшида шудаанд.
Дар ҷамъомад ёру дӯстон ва ҳамкасбони марҳум, нависандагони халқии Тоҷикистон Кароматуллои Мирзо, Абдулҳамид Самад, мудири шуъбаи робитаҳои адабӣ ва тарҷумаи ИНТ Ато Ҳамдам, рӯзноманигори варзида Раҷаб Мардон, собиқадори матбуот Абдурасул Шарифзода ва дигарон сухан карда, аз саҳми ӯ дар рушди матбуот ва илм, тарбияи кадрҳои ҷавони журналистӣ ва хислатҳои ҳамидаи инсонияш ёдовар шуданд.
Дар фарҷом аз ҷониби устодони факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба хонандагони мактаби ба номи профессор Асадулло Саъдуллоев телевизори калон ва китобҳои бадеӣ такдим гардид.








Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад






