ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Балҷувон 13 меҳмонхонаи муосир бунёд мешаванд

Октябрь 22, 2019 15:06

ДУШАНБЕ, 22.10.2019/АМИТ «Ховар»/. То ҷашни  30-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон  сохтмони  375 иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла 13 меҳмонхона   ба нақша гирифта шуда, 80 фоизи он дар деҳот бунёд мешаванд. Айни ҳол аз теъдоди мазкур   42 иншоот  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

То соли 2021 дар ин ноҳия  бунёди 35 муассисаи таълимӣ, 8 кӯдакистон, 23 майдончаи варзишӣ, 3 толори варзишӣ, 2 беморхона, 20 бунгоҳи тиббӣ, 2 маркази тиббӣ, 2 дорухона, 3 нуқтаи хатнакунии кӯдакон, 13 меҳмонхона, 18 сартарошхона, як кошонаи ҳусн, 15 ҳаммом, як корхонаи коркарди шир, 3 дӯкони ҳунарҳои мардумӣ,  3 адад пул ва таъмиру навсозии 338 километр роҳ  дар назар  дошта шудааст.

Тавре  масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  хабар доданд,  давоми соли равон сохтмони  121 иншоот  ба нақша гирифта шудааст.  Барои сохтмони иншооти нақшавӣ 26 миллиону 450 ҳазор сомонӣ сармояи хусусӣ ҷалб гардидааст. Бояд  гуфт, ки  дар ноҳияи Балҷувон  бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон айни замон аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони се меҳмонхонаи  муосир  идома дорад.

Балҷувон бо табиати зебову дилфиреб дорои имкониятҳои хуби сайёҳӣ мебошад. Аз ҷумла, то имрӯз  аз мавзеъҳои тамошобоби он зиёда аз 200 нафар сайёҳон дидан намудаанд.

Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон корхонаҳои нефту газ, коркарди гиёҳҳои шифобахш, коркарди сангҳои маҳаллӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ  мавриди истифода қарор гирифтанд.  Айни замон дар  ин корхонаҳои  саноатӣ   шумораи зиёди сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардидаанд. Мояи хушнудист, ки то ҷашни  таърихӣ дар ноҳияи мазкур  боз чор корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешаванд.

Соҳаи кишоварзии ноҳияи Балҷувон низ  пешравиҳои зиёд дорад. Масалан, дар  ҳашт моҳи соли равон   ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 117     миллиону 551 ҳазору 300 сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 миллиону 723 ҳазору 300 сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, истеҳсоли гӯшт — 2193,2 тонна, шир — 1229 тонна, тухм — 703 ҳазору 900 дона, пашм – 55,8 тонна, пилла — 1 тонна ва асал — 28, 3 тоннаро ташкил намуд.

Дар ин ноҳияи дорои заминҳои ҳосилхез дар ҷодаи  бунёд ва барқароркунии боғҳо  низ муваффақиятҳои  назаррас  ба чашм мерасанд. Боғдорони ноҳия имсол  дар майдони 58,0 гектар боғҳои нав бунёд ва дар 14,2 гектар боғҳои кӯҳнаро  аз нав барқарор намуданд.

Қомат афрохтани иншооти  муосир дар маркази ноҳияи Балҷувон симои онро ба таври шинохтанашаванда тағйир додааст. Боварамон комил аст, ки то ҷашни фархундаи Ватан — 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ он ба гӯшаи зеботарини Тоҷикистон табдил меёбад.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 22, 2019 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад