ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн иншооти хизматрасонии иҷтимоӣ ба истифода дода шуд

Октябрь 8, 2019 15:11

ДУШАНБЕ, 08.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Душанбе бинои хобгоҳ ва иншооти хизматрасонии иҷтимоии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон пас аз таъмири умумӣ ба истифода дода шуданд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, инчунин дар ин рӯз ба як зумра донишҷӯёну магистроне, ки бо баҳои аъло муассисаи мазкурро хатм намудаанд, дипломи сурх тақдим карда шуд.

Дар ҳамоиши мазкур Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсуддин Орумбекзода, директори Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Саидвализода ва дигарон иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 30 марти соли 2013 таъсис ёфта, аввалин муассисаи мустақили давлатӣ мебошад, ки барои соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн мутахассисон тайёр мекунад.

«Ин Донишкадаро, бешак метавон зодаи даврони истиқлол номид, зеро он маҳз бо дастуру ҳидоятҳои дурандешона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра ташкил ёфта, тавонист дар омода намудани мутахассисони соҳавӣ саҳми бориз гузорад», — иброз дошт Нуриддин Саид.

Дар ин ҷода, — гуфт Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои омода кардани мутахассисони соҳибкасб саҳми омӯзгорони Донишкада хеле назаррас мебошад.

«Зеро ҳамаи мо, аз хурд то калон, аз омӯзгори қаторӣ то ҳайати профессорон, маҳсули дастранҷи мактаб ва муаллимон мебошем. Ман аз фурсат истифода бурда, ба ҳар яки онҳо барои татбиқи сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос менамоям», — афзуд Нуриддин Саид.

Бояд гуфт, ки Донишкада дар собиқ бинои Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Камолиддин Беҳзод ҷойгир буда, солҳои пеш бинои он ба таъмир ниёз дошт.

Аз ин хотир гуфт, — Раҷабалӣ Саидвализода, тибқи супориши бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмири асосии бинои он ба нақшаи  Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, аз соли 2015 инҷониб дар ин ҷода маблағгузорӣ шуда истодааст.

«Тӯли се соли охир иншооти мазкур бо маблағи зиёда аз 8 миллион сомонӣ таъмир ва бо маблағи бештар аз 1 миллион сомонӣ бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шуд. Инчунин хобгоҳи Донишкада  давоми солҳои 2018-2019 бо маблағи зиёда аз 5,5 миллион сомонӣ таъмир ва бо таҷҳизот таъмин гардида,  имрӯз ба истифода дода шуд. Дар хобгоҳи мазкур барои 200 нафар ҷойи хоб фароҳам оварда шудааст», — афзуд мавсуф.

Октябрь 8, 2019 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд