Ҷавонони водии Зарафшон дар доираи «Стартап-Чойхона» лоиҳаҳои тиҷоратии худро муаррифӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 02.10.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Панҷакент бо ибтикори Муассисаи Давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид — «Барномаи Рушди соҳибкорӣ дар маҳал» миёни соҳибкорони ҷавон машғулияти омӯзишӣ ва озмуни «Стартап -Чойхона» ташкил карда шуд, ки дар он соҳибкорони ҷавон аз шаҳрҳои Панҷакент ва ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ иштирок намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҳадафи машғулияти амалӣ ва озмуни «Стартап-Чойхона» фаъолсозии ҷавононе мебошад, ки ҷиҳати ташкили тиҷорат ва рушди он кӯшиш намуда, ба ин восита дар ҷумҳурӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам меоранд.
Дар озмун аз ҷониби намояндагони шаҳри Панҷакент ва ноҳияҳои Айнию Кӯҳистони Мастчоҳ лоиҳаҳои бизнеси марказҳои хизматрасонии компютерӣ, хизматрасонии телефонҳои мобилӣ ва таълимию фароғатии кӯдакон муаррифӣ гардиданд.
Ҳамзамон аз ҷониби иштирокчиёни фаъол идеяҳои гуногуни соҳибкорӣ, аз тиҷорати хурд то васеъ кардани тиҷорати калон ба аъзои доварон пешниҳод карда шуд. Вобаста ба ин, доварон зикр карданд, ки пешниҳоди идеяи воқеии соҳибкорӣ ва хоҳиши машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ муҳим ва сабаби дастгирӣ мебошад.
Дар маҷмӯъ дар озмуни «Стартап-Чойхона» 19 нафар соҳибкорони ҷавон ва 40 нафар донишҷӯёни Коллеҷи технология ва инноватсияи шаҳри Панҷакент иштирок карданд.
Дар ҷамъбасти озмун муаллифони лоиҳаҳои беҳтарини тиҷоратӣ бо туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.











Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад






