Ба заҳмати пурбаракат ва нақши бузурги модарии бонувон ҳамарӯза бояд арҷ гузошт. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии занони деҳот

Октябрь 15, 2019 10:46

ДУШАНБЕ, 15.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси қарори Ассамблеяи Генералии СММ Рӯзи байналмиллалии занони деҳот аз соли 2008 инҷониб ҳамасола 15 октябр  ҷашн гирифта мешавад. Ғояи асосии  таъсиси чунин як ид  дар конфронси занон, ки соли 1995 дар Пекин баргузор шуда буд, пешниҳод гардидааст. Аммо фақат баъд аз 12-сол, яъне  соли 2008 бори нахуст  иди мазкур  таҷлил карда шуд.

 Дар қарори СММ омадааст, ки ҳадафи ин ид “беҳтар намудани мавқеи занон дар деҳот” мебошад. Ҳамчунин бад-ин восита густурдатар намудани домани  ҳуқуқу имкониятҳои  занон ва духтарони деҳот барои бунёди  ояндаи дурахшону ободи онҳо  нақши фавқулода бузург хоҳад бозид.

Занони деҳот, ки сарчашмаи  асосии рӯзгорашон захираҳои табиӣ ва хоҷагии деҳот мебошад, беш аз чоряки аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд. Дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ занони деҳот тахминан 43 фоизи неруи кории хоҷагии деҳотро ташкил медиҳанд ва ба зиммаи онҳо масъулияти асосии таъмини амнияти озуқаворӣ – истеҳсол, коргардон ва омодасозиии қисмати бузурги  озуқаворӣ гузошта шудааст.

Бо сабаби аз ҳад зиёд  пастшавии сатҳи камбизоатӣ  дар олам як миллиард одам дар шароити ғайри қобили қабул зиндагияшонро идома медиҳанд. Аксари  онҳо маҳз сокинони деҳотанд. Сатҳи камбизоатӣ дар мавзеи деҳот дар аксари ноҳияҳо афзунтар аз шаҳрҳост. Бо вуҷуди ин  дар хоҷагиҳои кӯчаки деҳот, ки қариб 80 фоизи  хӯроквории кишварҳои Осиё ва кишварҳои   ҷануби Сахара дар онҳо истеҳсол мегарданд, сарчашмаи асосии даромад барои тахминан  2,5  миллиард одам дар рӯи заминанд. Занони фермер метавонанд дар баробарои мардон истеҳсолкунанда ва саҳмгузор бошанд, аммо онҳо дастрасии комил ба замин, маблағҳои қарзӣ, захираҳои хоҷагии деҳот, бозорҳо ва шабакаҳои  маҳсулоти хоҷагии деҳот надоранд.

Бо назардошти он ки  76 фоизи қашшоқтарин сокинони сайёра  дар маҳалҳои деҳот зиндагӣ мекунанд, таъмини дастрасии  занони деҳот ба захираҳои истеҳсолии  хоҷагии деҳот мусоидат ба коҳиш додани ҳудуди гуруснагӣ ва қашшоқӣ дар олам  гардида, ба нақши занони деҳот дар амалисозии бобарори нақшаҳои рафъи камбизоатӣ ва пешрафти бомаром то соли 2030 аҳамияти ҳалкунанда дорад.

Ҳадафи ҳамасола таҷлил кардани Рӯзи байналмилалии занони деҳот низ сари вақт ҷалб намудани таваҷҷуҳи мардуми олам  ба вазъи мушкили занони заҳматкаши деҳот ва сазовор қадрдонӣ кардани онҳо мебошад.

Дар аксари маврид таъмини сокинони шаҳрҳо бо озуқаворӣ, растаниҳои ғизоӣ, ашёи хом ба заҳмати дастони пурбаракати занони деҳот вобастагӣ дорад. Ба шарофати заҳмату фаълияти  онҳо дар рафҳои дӯконҳои мо маводе, чун гӯшту шир, нон, равған, панир ва бисёри дигар фарҳам меоянд. Ин рӯз — Рӯзи байналмилалии занони деҳот бонувони гуногунихтисосу гуногунпешаро, ки дар деҳот зиндагӣ мекунанд, муттаҳид месозад.

Дар радифи гуфтаҳои боло  Рӯзи байналмиллалии занони деҳот моро бори дигар ба андеша меорад, ки дар хусуси занҳои деҳоти Тоҷикистон низ андеша кунем. Зеро дар Тоҷикистони азизи мо  занҳову духтарони заҳматкаши деҳот аз қадимулайём бори асосии хоҷагӣ ва зиндагии хонаводагиро бар дӯш доранд. Метавон дар ин маврид андешаҳои зиёдеро баён кард, зеро пӯшида нест, ки занони тоҷик дар деҳот имрӯз ҳам на танҳо бори масъулиятҳои модаронаю занонаи худ — мисли парвариши фарзанд, тарбияи солими он, пухту паз, шусту шӯ, зинда доштани маросиму ойин, суннату анъанаҳо ва бисёри дигарро бар уҳда доранд, балки гоҳе қисми зиёди корҳои мардона, аз ҷумла кори саҳро, парвариши боғу чорво ва баъзан гаронтар аз инро ҳам иҷро мекунанд. Имрӯз баъд аз пушти сар гардидани ҷанги бемавриди шаҳрвандӣ, мутаассифона, баъзе занони  тоҷик, ки аксарашон дар деҳот зиндагӣ доранд, бори вазнини хонаводаро ба танҳоӣ бар дӯш мебаранд.

Аммо бояд зикр кард, ки баъд аз соҳиби Истиқлолияти давлатӣ гардидани давлатамон Ҳукумати Тоҷикистон дар муносибат бо занону духтарон сиёсати хосаи ғамхорона пеш  гирифтааст. Солҳои охир арҷгузорӣ ба занон, нақш ва мавқеи  онҳо дар дар ҷомеа бештару  қавитар гардида, онҳо ҳарчӣ бештар ба корҳои масъули давлатию ҷамъиятӣ ҷалб карда мешаванд. Афзудани сафи бонувон дар вазифаҳои масъули идораҳои давлатӣ, ҷалби бештари онҳо ба корҳои ҷамъиятӣ, роҳбарӣ ва хусусан ба соҳибкорӣ падидаи дурахшони даврони Истиқлолияти давлатии мамлакат аст.

Аз соли 2006 бо дастгирии Пешвои миллат барои дастгирии занони соҳибкор  грантҳои президентӣ ҷудо карда мешаванд. Аз соли 2014 дар маҷмӯъ 80 лоиҳаи соҳибкорзанони инфиродӣ аз ҷониби  Комиссияи  озмунҳои грантҳои президентӣ ба маблағи 2 миллион сомонӣ дастгирӣ ёфт.

Эҳёи ҳунарҳои миллӣ, таъсиси корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, сабадбофӣ, кашидадӯзӣ, дӯзандагӣ, парвариши чорво, боғдорӣ, зироаткорӣ, занбӯриасалпарварӣ, парвариши паранда ва моҳӣ, коркарди меваҳои хушк ва ғайраҳо бо ҷалбу саҳми занони тоҷик имрӯз падидаи муқаррарист. Ҷолиб ин аст, ки аксари занони соҳибкор маҳз дар деҳот зиндагӣ ва фаъолият доранд.

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъол кардани нақши занон ва ҳимояи ҳуқуқи онҳо, аз ҷумла занони деҳот, барномаҳои хосаеро тарҳрезӣ мекунад. Ҳоло бо ин мақсад 110 марказ дар ҷумҳурӣ фаъолият доранд.

Баъд аз эълон шудани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нақш ва фаъолияти занони деҳоти тоҷик боз ҳам баландтар бардошта шуд. Зеро амалӣ гардидани ин барномаи Ҳукумат бе иштироки фаъоли занони деҳот ва саҳмгузории онҳо номумкин менамояд.

Оё метавон имрӯз рушди деҳотро бе заҳмату ҳунару заковати занони тоҷик тасаввур кард? Оё метавон рушди ҳунарҳои миллии моро, ки маҳз зан ва модари тоҷик бунёдгузору нигаҳдорандаи онҳо дар тӯли асрҳо будааст, имрӯз бе файзу баракати дастони модари тоҷик пеши назар овард. Оре, имрӯз маҳз занони тоҷик бо маърифати зотии баланди хонаводагии худ, ки аз имтиҳони асрҳову таърих гузаштаву пирӯз мондааст, сарчашмаи асосии рушди деҳотанд.

Бале, зан – модари тоҷик дар тӯли зиндагии ҳунармандона ва ҳалолу покизаи худ дар ҷомеа обрӯю эҳтироми хосса пайдо кардааст. Зан – модари деҳотии тоҷик, ки бисёр бузургону нобиғагони сатҳи ҷаҳониро ба олам овардаву парваридааст; зан — модари деҳотии тоҷик, ки маҳз бо шарофати ӯ бузургтарин ойину суннатҳои миллии мо, мисли Наврӯзу Меҳргону Сада, ки нигаҳдорандаи воқеии симои миллии халқи моянду  шомили садҳо ҳунару пешаи халқиянд, зинда мондаву ҷаҳонӣ шудааанд; зан – модари тоҷик, ки имрӯз ба шарофати фарҳанг ва хиради зотии ӯ мо бо забони ноби тоҷикӣ, яъне забони оламшумули шеъру илму адабу фарҳанг ва меҳру муҳаббат сухан мекунем. Имрӯз боз ҳам ба шарофати ҳамин зан – модари заҳматкаши деҳотии тоҷик дастурхони мо аз  сабзавоту мева, зироати мухталиф, ширу қаймоқи лазиз ва даҳҳо номгӯи дигари маҳсули дастони пурзаҳмати ӯ файзу баракат дорад.

Ин аст, ки на фақат имрӯз- дар Рӯзи байналмиллалии занони деҳот, балки ҳамеша ва ҳамарӯза мо бояд заҳмати пурбаракат ва нақши бузурги модарию инсонии занони деҳотро арҷ гузорему пос дорем. Зане, ки соҳиби даҳҳо пешаву  касбу ҳунар асту фазилати оламгираш миллати барӯманди моро ба дунё додааст ва кафолати имрӯзу ояндаи мост.

         Камол НАСРУЛЛО,
         Шоири халқии Тоҷикистон,
         Ходими адабии АМИТ «Ховар» 

Октябрь 15, 2019 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
Дар шаҳри Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳо оид ба моҳияти фалсафии он
Дар Тоҷикистон соҳаи аритмиология рушд меёбад
«ОИЛАИ НАМУНАВӢ». Дар ноҳияи Дарвоз се оила сазовори ҷойҳои намоён шуданд
11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?
Дар шаҳри Гулистон ба баланд бардоштани тарбияи ватандӯстӣ ва маърифати ҳуқуқии ҷавонон аҳамияти хосса дода мешавад
Дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон бо ҷавонони гуногункасб мулоқот доир шуд
КАСБОМӮЗИИ ҶАВОНОН — ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин