Бахтиёри Мирзомуҳаммад дар мусобиқаи бокс дар шаҳри Андиҷони Ӯзбекистон сазовори медали тилло гардид

Октябрь 8, 2019 14:02

ДУШАНБЕ, 08.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 5 то 6 октябр  дар шаҳри Андиҷони Ҷумҳурии Ӯзбекистон миёни мардҳо мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс ба ёдбуди Валентин Золотарев баргузор шуд. Дар ин бора  намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ,  дар ин мусобиқа ба ғайр аз варзишгарони минтақаҳои Ӯзбекистон, муштзанҳо аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Федератсияи Россия, дар умум 177 нафар ширкат карданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 7 нафар иштирок намуда, ба гирифтани 2 медал – 1 тилло ва 1 биринҷӣ даст ёфтанд. Медали тиллоро Бахтиёри Мирзомуҳаммад дар вазни 75кг пас аз 5 ғалаба бар ҳарифонаш аз Ӯзбекистону (4 нафар), Қирғизистон (1 нафар) ба даст овард.

Медали биринҷиро Дилшод Оқилов дар вазни 52кг сазовор шуд. Дилшод дар дар ду давр бар намояндагони Ӯзбекистон пирӯз шуд, вале дар нимфинал аз варзишгари Қазоқистон шикаст хӯрда, ҷои сеюмро ишғол кард.

Октябрь 8, 2019 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд