Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии шаҳри Ҳисор барои солҳои 2020-2022 тасдиқ гардид

Октябрь 11, 2019 10:20

ДУШАНБЕ, 11.10.2019/АМИТ «Ховар»/. Муҳимтарин масъалаҳои марбут ба рушди бахшҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳри Ҳисор дар иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи  шаҳри Ҳисор, даъвати панҷум бо иштироки вакилон, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсат, шуъбаю бахшҳои дастгоҳи Раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ва дигар сохторҳо матраҳ гардид.

Аз ҷумла, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2016 «Дар бораи Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2014-2020»,  «Дар бораи рафти иҷрои Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020» -ро  баррасӣ намуданд.

Дар иҷлосия ҳамзамон ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор оид ба маориф, фарҳанг, тандурустӣ, кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, занон ва оила, ахбори омма ва масъалаҳои иҷтимоӣ,  вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор аз ҳавзаи интихоботии «Ғайратобод», №18  Нуралӣ Тешаев оид ба иҷрои ваколатҳои вакилӣ» шунида шуд.

Вакилони шаҳри Ҳисор ҳамзамон масъаалҳои марбут ба ворид намудани тайғирот ва илова ба қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор  ва басти  вазифаҳои сохтори бахши фарҳангро матраҳ намуда, қарорҳои дахлдор қабул карданд.

Зимни иҷлосия  «Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии шаҳр барои солҳои 2020-2022»  ва  қарорҳои Раиси шаҳри Ҳисор»  аз ҷониби вакилони халқ баррасӣ ва тасдиқ гардиданд.

Октябрь 11, 2019 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид