Дар Душанбе ҷаласаи якуми иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Октябрь 1, 2019 16:10

ДУШАНБЕ, 01.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. 1 октябр ҷаласаи якуми иҷлосияи шашуми  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум  таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид. Дар оғози  ҷаласа Раиси Маҷлиси намояндагон сухан гуфт.

Дар иҷлосия Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Тоҷиксемент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, масолеҳи сохтмонию бетонӣ ва халта ба тасвиб расонида шуд.

Вакилони мардумӣ дар иҷлосия Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати дорои масъулияти маҳдуди «Каши Синюй Дади Майнинг Инвестмент Лимитед»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба коркарди маҷмӯии захираҳои маъдани нуқраи кони «Якҷилва»-и ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро баррасӣ намуданд.

Инчунин  дар ҷаласаи мазкур лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» мавриди таҳлил қарор гирифт.

Дар  ҷаласаи якуми иҷлосияи шашуми  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум доир ба  Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаи таъминоти об ва канализатсияи шаҳри Хоруғи Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Таъминоти оби Тоҷикистон II-Хоруғ, ВМКБ», Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Хоруғ, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию каммуналӣ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хоруғ», Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Хоруғ ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хоруғ», Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хоруғ», Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти D3620-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд  вобаста ба маблағгузории иловагӣ барои Лоиҳаи  «Навсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ» ва ворид намудани тағйирот ба Созишномаи ибтидоӣ оид ба маблағгузорӣ ва нишондиҳандаҳои таҷдиди назар  гаштаи мониторинги натиҷабахш мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

Дар иҷлосия созишномаҳои мазкур ба тасвиб расида, аз рӯи лоиҳаҳои қонунҳои зикргардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Октябрь 1, 2019 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ташаббуси Парлумони Тоҷикистон оид ба таҳияи ду қонуни намунавӣ тасдиқ шуд
Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд