Дар Душанбе ҷаласаи якуми Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба масъалаҳои рақамикунонии соҳаи тандурустӣ баргузор гардид

Октябрь 4, 2019 08:40

ДУШАНБЕ, 04.10.2019 /АМИТ «Ховар»/.  3 октябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якуми Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба  масъалаҳои рақамикунонии соҳаи тандурустӣ  баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, муовини Вазири тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Абишев, директори генералии Маркази ҷумҳуриявии саломатии электронии Ҷумҳурии Қазоқистон Шайхиев Сайн Саинович  ва иҷрокунандаи муовини директори генералии маркази мазкур Дамир Раҳметов иштирок намудаанд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода иброз дошт, ки «рақамикунонии соҳаи тандурустӣ барои таъмин ва  дастгирии пурарзиши иттилоотии идоракунии соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мониторинги вазъи саломатии аҳолӣ ва фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ равона шудааст. Он маълумоти дақиқ, саривақтӣ, ба таври кофӣ тақсимшударо дастрас ва барои истифодабарандагон мувофиқ таъмин мекунад».

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рақамикунониро яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷаи пешрафти фаъолияти худ қарор дода, як зумра чорабиниҳоро дар доираи тадбиқи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 амалӣ менамояд. Дар оянда дар асоси таҷриба ва хулосаи бадастомада амалинамоии чорабиниҳои мақсаднок дар раванди таҳкими ҳуҷҷати нави «Стратегияи миллии солимии аҳолӣ ва некӯаҳволии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2030» пешбинӣ гардидааст.

Тавре роҳбари ҶДММ «Сифат Иннотех Инвест» Манижа Муҳаммад иброз дошт, «ин аввалин вохӯрии Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ мебошад, ки ба  масъалаҳои рақамикунонии соҳаи тандурустӣ равона шудаст. Мақсади ҷаласаи ин Шӯро баррасии қадамҳои нахустин  дар соҳаи рақамикунонии тандурустӣ ва дигар соҳаҳо мебошад. Имрӯз ба он хотир намояндагон аз Қазоқистон даъват карда шудаанд, ки соҳаи тандурустӣ дар ин ҷумҳурӣ пурра рақамӣ гардидааст. Мо низ ният дорем, ки соҳаи тандурустии Тоҷикистонро пурра рақамӣ гардонем».

Зикр гардид, ки солҳои охир вобаста ба ҷорӣ намудани системаҳои гуногуни иттилоотӣ дар муассисаҳои тиббии шаҳрҳо ва минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи маълумоти мавҷуда васеъ шуда, сифати онҳо беҳтар шуда истодааст.

Ёдовар мешавем, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2018 бо ҶДММ «Сифат Иннотех Инвест» оид ба рушди ҳукумати электронӣ, табдилдиҳии рақамӣ ва телетиб созишнома ба имзо расонида буд.

Ҳамчунин  Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи август байни ҶДММ «Сифат Иннотех Инвест» ва  Маркази ҷумҳуриявии саломатии электронии Ҷумҳурии Қазоқистон ёддошти тафоҳум ба имзо расонид, ки  ҳамкорӣ тибқи модели шарикии давлат ва бахши хусусӣ рушд меёбад. Ҳамзамон дар якҷоягӣ бо вазорати ин мамлакат ташкил ва дастгирии Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оғоз гардидааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Харитаи роҳ» барои татбиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба такмил додани системаи иттилоотии идоракунии тандурустии мамлакатро барои солҳои 2018-2020 ва барои татбиқи аввали он, инчунин рушди трансформатсияи рақамии соҳаи тандурустиро таҳия намудааст.

Октябрь 4, 2019 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ҷаласа доир шуд
ҲАДАФ-ҲИФЗИ ПАРАНДАГОН ВА ҲАЙВОНОТ. Дар Тоҷикистон корҳои биотехникӣ гузаронида мешаванд
Муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо таҷҳизоти муосири омӯзишӣ таъмин карда мешаванд
«МО НАКУНЕМ, КӢ МЕКУНАД?». Дар Душанбе бо иштироки волонтёрон ҳашари барфтозакунӣ ташкил гардид
Аз шаби дирӯз то имрӯз дар масири Душанбе-Чанок 29 тарма фаромадааст
Лоиҳаи нави барномаи грантии Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи таҳсилоти касбӣ-техникӣ баррасӣ шуд
ПЕШГИРИИ ОВОРАГАРДИИ НОБОЛИҒОН. Бо ин мақсад дар шаҳри Бохтар санҷиши шабона гузаронида шуд
ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Пагоҳ дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Ҳангоми харид ва истифодаи маҳсулоти консервашуда бо диққат бошед!»
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Дар рӯзҳои зимистон чӣ гуна худро аз сармо эмин нигоҳ дорем?
Ба занону духтарони ноҳияи Рашт татбиқи стратегияҳои миллӣ фаҳмонида мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад