Дар Душанбе Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тенниси рӯи миз баргузор мегардад

Октябрь 17, 2019 10:07

ДУШАНБЕ, 17.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 19-20 октябр  дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тенниси рӯи миз  баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. 

Бино ба иттилои манбаъ, марҳилаи интихобии мусобиқаи мазкур дар сатҳи маҳаллӣ 15 сентябр доир гардида,  дар он  варзишгарони тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.  Марҳилаи  минтақавию вилоятӣ 6 октябр  бо доираи васеи варзишгарони ғолиби даври аввали мусобиқа баргузор гардид.

Дар даври ниҳоӣ варзишгарон аз 8 минтақаи Тоҷикистон миёни ҳам қувваозмоӣ менамоянд. Тибқи  тартиби муқарраргардида, ғолибони даври ниҳоӣ ба ҳайати дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ  ворид шуда, имконияти иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалиро пайдо менамоянд.

Бояд гуфт, ки Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тенниси рӯи мизро  Пулод Аҳмедов  сардоварӣ менамояд.

Октябрь 17, 2019 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад