Дар фестивал-намоиши Меҳргон дар Кӯлоб 37 номгӯй маҳсулоти нонӣ ва 57 номгӯй таомҳои миллӣ манзури тамошобинон гардиданд

Октябрь 14, 2019 11:20

ДУШАНБЕ, 14.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба таҷлили Иди Меҳргон намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ, фестивали «Таомҳои миллӣ» ва озмуни «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» баргузор гардид.

Дар ин намоиш- фестивал  Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода  ва намояндагони Ҳукумати мамлакат иштирок дошданд.

«Мавсими ҷамъоварии ҳосили меҳнати марди деҳқон фаро расида,  дар ин давра таҷлили иди касбии кишоварзон ва Иди Меҳргон ба ҳукми анъана даромадааст. Таҷлили расмии ҷашнвораи мазкур далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар партави сиёсати Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш оварда, эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад»,- иброз намуд дар ифтитоҳи намоишгоҳ  Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода.

Меҳмонони намоиш ба дастранҷи кишоварзон ва хони оростаи бонувони Хатлонзаминро баҳои баланд дода, ин фаровониро нишона аз соҳибистиқлолӣ ва меҳнати ҳалоли марди деҳкон арзёбӣ намуданд.

Кишоварзони баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар амалӣ сохтани сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини амнияти озуқавории мамлакат ҷиҳати иҷрои барномаҳои соҳавӣ, афзун гардонидани самаранокии истеҳсолот ва рушди инноватсионии соҳаи кишоварзии минтақаи Кӯлоб қадамҳои устувор гузошта, ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзии минтақаро ба 3 миллиарду 721 миллион сомонӣ расониданд. Афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 204,3 млн сомониро ташкил медиҳад.

Яке аз соҳаҳои асосии кишоварзии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ғаллакорӣ ба шумор меравад, ки соли равон хоҷагидорон аз майдони 115,5 ҳазор гектар 280,1 ҳазор тонна ғалладона истеҳсол намуданд.

Дар минтақа ба рушди соҳаҳои сабзавоткорӣ, полезикорӣ ва боғу токпарварӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, 273 ҳазор тонна сабзавот,  120,1 ҳазор тонна полезӣ, 83,2 ҳазор тонна картошка, 82,7 ҳазор тонна мевагӣ ва 28,8 ҳазор тонна ангур истеҳсол гардидааст.

Дар истеҳсоли сабзавоту полезӣ саҳми кишоварзони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Фархор, Данғара ва Восеъ назаррас мебошад.

Зикр гардид, ки дар ҷумҳурӣ ва берун аз он вилояти Хатлонро бо заҳмати кишоварзон, алалхусус бо ғалладона, ҳандалаки барвақтӣ, тарбузу харбуза, сабзавоти тару тоза ва меваҳои шаҳдбораш мешиносанд.

Инчунин таҷлили фестивали «Таомҳои миллӣ» ва озмуни «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» воситаи беҳтарини ҳифз ва нигоҳдошти фарҳанги пурғановати ниёгонамон мебошад, ки дар шакли моддию ғайримоддӣ то ба мо омада расидааст.

Дар ин намоиши кишоварзӣ  беш аз сад нафар занону духтарони ҳунарманд иштирок намуда, 37 номгӯй маҳсулоти нонӣ ва 57 номгӯй таомҳои миллиро манзури тамошобинон гардониданд.

Дар ҷамъбаст иштирокдорони фаъоли намоиш аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти даавлатии шаҳри Кӯлоб бо туҳфаҳо ва сипоснома сарфароз гардонида шуданд.

Октябрь 14, 2019 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд зиёда аз 40 миллиард сомонӣ равона гардид
Дар Душанбе Форуми Осиёи Марказӣ оид ба пиринг ва пайвастшавӣ (CAPIF-5) оғоз шуд
Сармоягузорони Узбекистон бо иқтидори истеҳсолии Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» шинос шуданд
Дар Суғд яке аз нахустин лоиҳаҳои бузурги «энергетикаи сабз» – бунёди неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Ашт ба анҷом расонида шуд
Имрӯз дар Душанбе вохӯрии чоруми вазирони саноати СҲИ баргузор гардид
Президенти Тоҷикистон: «Шумораи корхонаҳои саноатӣ дар Суғд дар солҳои соҳибистиқлолӣ 11 баробар афзоиш ёфт»
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак барои рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории сатҳи баланди СҲИ оид ба саноат доир гардид
Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷӣ-Тоҷикистон–2026 баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ангур идома дорад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Рим баррасӣ гардид