Дар Хуҷанд Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба теннис миёни ҷавонон ҷамъбаст мешавад

Октябрь 22, 2019 09:10

ДУШАНБЕ, 22.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба теннис байни ҷавонони солҳои таваллудашон ‎2002, 2004 ва 2005, ки 19 октябр  бо иштироки ҳайати дастаҳои ғолиб аз минтақаҳои ҷумҳурӣ оғоз шуда буд, анҷом меёбад. Дар ин  бора  котиби матбуоти  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримҷон Салимзода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, марҳилаи аввали мусобиқаи мазкур 21 сентябр дар сатҳи шаҳру ноҳияҳои мамлакат  доир гардида буд.

Дар мусобиқаи мазкур 54 нафар варзишгарони мамлакат аз 4 минтақаи Тоҷикистон барои дарёфти мақомҳои ифтихорӣ миёни ҳам рақобат доранд.

Ёдовар мешавем, ки  имрӯз дар ҷамъбасти мусобиқа ғолибон бо диплом ва медалҳои кумитаи тадорукот сарфароз гардонида мешаванд.

Октябрь 22, 2019 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд