Дар маҷлиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи И. Сомонӣ омодагиҳо ба маъракаҳои сиёсии дарпешистода баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 17.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тадбирҳои татбиқшаванда ҷиҳати беҳтар намудани корҳои таблиғотӣ, муаррифии нақшаҳои созандаи ҳизб дар оянда ва омодагиҳо ба маъракаҳои сиёсии дарпешистода дирӯз зимни маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баррасӣ шуданд.
Дар кори маҷлис Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Насимҷон Расулзода, Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шариф Самӣ, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Дилбар Абдураҳимова, Ректори ДДОТ ба номи С.Айнӣ Нуъмонҷон Усмонзода, Ректори ДАТ ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Амонулло Салимзода, Ректори Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғаффурзода, ноиби Ректор оид ба корҳои таълими Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон Нуралӣ Расулов, раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия иштирок намуданд.
Тибқи рӯзномаи маҷлис масъалаҳо оид ба фаъолияти кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, тасдиқи қарорҳои маҷлисҳои умумии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба қабул ба сафи ҳизбӣ, даъвати Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баррасӣ карда шуданд.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис Н. Расулзода гузориш дода, зикр кард, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ фаъолияти худро барои амалӣ намудани ҳадафҳои Оинномавию барномавӣ ва дастуру супоришҳои роҳбарияти ҳизб сафарбар намудааст.
«Ҷиҳати амалӣ намудани Барномаи ҲХДТ ва иҷрои саривақтии сиёсати комилу беназири Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ин муддат Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб фаъолияти густурда ба роҳ монда, як қатор чорабиниҳо амалӣ шуданд», — иттилоъ дод Н. Расулзода.
Дар идома Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шариф Самӣ, Ректори Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғаффурзода, Ректори ДДОТ ба номи С.Айнӣ Нуъмонҷон Усмонзода ва муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Дилбар Абдураҳимова сухан гуфта, барои тақвият бахшидани корҳо пешниҳодҳои муфиду саривақтӣ ироа карданд.
Ҳамзамон фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ҷиҳати амалӣ намудани мақсадҳои Барномавии ҳизб ва омодагиҳои ҳамаҷониба дар самтҳои таблиғотӣ, ташкилӣ, таҳлиливу идеологӣ назаррасу қаноатбахш шуморида шуд.








Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»






