Дар рӯзи якуми даъват зиёда аз 100 нафар ҷавонони ноҳияи Рашт ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ пайвастанд
РАШТ, 02.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Барои иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1992-2001 ба хизмати ҳарбӣ дар маркази ноҳияи Рашт маъракаи тантанавии гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар ин рӯзи таърихӣ зиёда аз 100 нафар ҷавонон ихтиёран ба сафи артиши миллӣ пайвастанд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Раиси ноҳияи Рашт Раҳимҷон Муқимӣ зимни маросими тантанавӣ гуфт, ки «мояи хурсандист, ки ҷавонони ноҳия, пеш аз ҳама, дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба хубӣ дарк намуда, сиёсати хирадмандонаю созандаашонро эҳсос менамоянд ва ба хотири ҳимояи марзу буми Ватани азиз ва пойдории ваҳдату истиқлолияти давлатӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ содиқона хизмат менамоянд».
Собиқадори ноҳия Салтанат Одинаева изҳор дошт, ки «маъракаи гусели наваскарон- ин даъват ба сафи Артиши миллӣ бори дигар собит месозад, ки ҷавонони ноҳияи мо сиёсати ватанпарваронаи Сарвари давлатамонро сидқан ҷонибдорӣ намуда, барои ҳифзи марзу буми мамлакат ҳамеша тайёранд».
Ҳамчунин дар маъракаи гусели наваскарон прокурори ноҳияи Рашт Шоҳин Талбакзода, собиқадорони меҳнат Ҷамол Абдуллоев, даъватшавандагон Усмоналӣ Давлатов ва Бурҳониддин Каримов оид ба дўст доштани Ватан, ҳимояи марзу буми он ва баланд бардоштани ҳувияти милии ҷавонон сухан гуфтанд.
Дар хатми маросим сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ ва дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби консертиро манзури ҷавонон ва падару модарон намуданд.









Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






