Дар Вашингтон ҷаласаи Шӯрои Созишномаи сиғавӣ байни ҳукуматҳои ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба рушд дар соҳаи тиҷорат ва сармоягузорӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 24.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 21-22 октябр дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) ҷаласаи навбатии Шӯрои Созишномаи сиғавӣ байни ҳукуматҳои ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба рушд дар соҳаи тиҷорат ва сармоягузорӣ (ТИФА), мулоқот бо роҳбари аввали Намояндагии тиҷоратии ИМА Роберт Лайтхайзер ва баъзе сармоягузорони амрикоӣ баргузор гардид. Дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода иштирок намуд.
Завқӣ Завқизода дар ҷаласаи мазкур оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иҷрои ҳадафу афзалиятҳои ҳуҷҷатҳои стратегии мамлакат, махсусан дар робита ба иштироки кишвар дар ТИФА, тақвияти рушди содирот, содагардонии расмиёти савдо, монеаҳои техникӣ дар савдо, чораҳои санитарию фитосанитарӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои аъзои ТИФА маълумот пешниҳод намуд.
Инчунин тарафҳо вобаста ба таҳкими робитаҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ИМА, аз ҷумла корҳои амалигардида дар самти иҷрои муқаррароти Созишномаи СУС оид ба содагардонии расмиёти савдо, такроран ворид нагардидани мамлакат ба рӯйхати назоратии “Гузориши махсуси 301”, бозхонди ҷумҳурӣ аз Иловаи Ҷексон – Веник, истифодаи Низоми умумии бархурдории GSP ва зиёд намудани кумакҳои техникии ИМА-ро баррасӣ карданд.
22 октябр ҳайати Тоҷикистон дар доираи Форуми соҳибкории солонаи Ӯзбекистон ва ИМА дар панели сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории иқтисодӣ байни ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ” иштирок намуда, ба саволҳои сармоягузорони ИМА оид ба имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон, иқтисодиёти рақамӣ ва роҳҳои тақвият додани савдо ва сармоягузорӣ бо ИМА посух дод.
Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо кишварҳои Осиёи Марказиро яке аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии худ қарор додааст. Ин, пеш аз ҳама, аз муносибати дӯстона ва иқдоми неки сарони давлатҳо сарчашма мегирад.
Мавриди зикр аст, ки ҷаласаи Шӯрои ТИФА ҳамасола баргузор гардида, дар доираи он вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории иқтисодӣ, аз ҷумла масъалаҳо вобаста ба содагардонии расмиёти савдо, рушди савдои минтақавӣ, рӯйхати назоратии “Гузориши махсуси 301”, ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ, стандартҳо, меъёрҳои санитарию фитосанитарӣ ва савдои рақамӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода мешаванд.








Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Пагоҳ дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ТР Тоҷикистон – 2026» оғоз гардид
Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид
«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид






