Дар Вашингтон ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муҳокима гардид

Октябрь 30, 2019 09:00

ДУШАНБЕ, 30.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Америка масъалаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки масъалаи мазкур зимни мулоқоти ҳайати расмии Тоҷикистон бо ноиби Президент оид ба рушди инсони Бонки ҷаҳонӣ ва Директори минтақавии ин ниҳоди молиявӣ дар Осиёи Миёна муҳокима шуд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки то соли 2021 бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар мамлакат зиёда аз 500 муассисаи тандурустӣ бунёд карда мешавад.

«Бо шарофати тадбирҳои саривақтии андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мамлакати мо ба қатори 9 давлати нав, ки дар Бунёди глобалии маблағгузорӣ иштирок мекунанд, шомил гардид», — зикр намуд Насим Олимзода.

Мавсуф афзуд, ки яке аз ҳадафҳои асосии соҳа дар мамлакат то соли 2030 ба таври пурра пешгирӣ намудани марги модару кӯдак, наврасон ва таъмин намудани ҳифзи саломатии ҳар кадоми онҳо мебошад.

Ҷонибҳо оид ба татбиқи лоиҳаи муштарак ибрози назар намуда, хоҳони тақвияти ин робитаҳо дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сармоягузорӣ шуданд.

Октябрь 30, 2019 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд