Дастаи Душанбе-1 – ғолиби Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот гардид
ДУШАНБЕ, 07.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар аввалин Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат дастаи Душанбе-1 ғолиб гардид. Марҳилаи ниҳоии мусобиқа аз 1 то 5 октябр дар Маҷмааи варзишии «Борбад»-и шаҳри Душанбе бо иштироки 8 даста – дудастаӣ аз Душанбе, Хатлон, шаҳру навоҳии тобеи марказ ва якдастаӣ аз Суғду Бадахшон дар 7 давр доир гардид. Дар ин бора котиби генералии Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон Илҳом Юнусов ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, дастаи Душанбе-1 бо ба даст овардани 34 хол ҷои аввалро сазовор шуд. Дастаи Суғд бо 33 хол ҷои дуюм, дастаи Душанбе-2 бо 28,5 хол ҷои сеюмро ба даст оварданд.
Дар мусобиқоти инфиродӣ миёни наврасон намояндагони ВМКБ Эҳсон Ҷумъаев (писарон), Сафина Дӯстмамадова (духтарон) ғалаба карданд. Ҷои дуюм насиби намояндагони дастаи Хатлон-2 Замони Бозоралӣ (писарон), Беназири Абдураҳмон (духтарон), ҷои сеюм насиби Парвиз Ахмедов аз дастаи Хатлон-1 (писарон), Нӯшин Мунавварзод аз шаҳру навоҳии тобеи марказ (духтарон) гардид.
Миёни ҷавонон Шамил Асалбеков аз ВМКБ (мардон) ва Фотима Пирова аз дастаи Хатлон-1 (духтарон) пирӯз шуданд. Ҷои дуюм насиби намояндагони шаҳру навоҳии тобеи марказ Комрон Давлатзода (писарон), Афсонаи Давлатшоҳ (бонувон), мақоми сеюм насиби Олимҷони Баҳодур аз дастаи Хатлон-2 (писарон) ва Адиба Мақсудшоева аз ВМКБ (духтарон) гардид.
Миёни мардон намояндаи дастаи Хатлон-1 Аъзам Юнусов, миёни занҳо Зулфия Мамадназарова аз ВМКБ ҷои аввалро ба даст оварданд. Олуча Ҷумъаев аз ВМКБ (мардон), Савринисо Сафарова аз Хатлон-2 (занҳо) мақоми дуюм, Ашур Ёрмадов аз дастаи Хатлон-2 (мардон) ва Саврӣ Шарифова аз шаҳру навоҳии тобеи марказ (занҳо) ҷои сеюмро сазовор гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки маросими ҷамъбасти мусобиқа дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов бо иштироки Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода, муовини Раиси вилояти Хатлон Мағфират Хидирзода, намояндагони вазорату идораҳо доир гардид.
Аҳтам Абдуллозода изҳор кард, ки Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат бо ташаббус ва супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарпарастии раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бори аввал дар 4 марҳила миёни се синн баргузор шуда, ҳудуди миллион нафар дӯстдорони варзиши зеҳниро дар саросари мамлакат фаро гирифт.
«Даври ҷамъбастии мусобиқа ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ дар пойтахти мамлакат бо иштироки 64 нафар ғолибони марҳилаҳои интихобӣ баргузор шуд. Ғолиб ва ҷоизадорони мусобиқа дар вазъияти тантанавӣ бо ҷом, медал, ифтихорномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва ҷоизаҳои пулии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
Ба дастаи Душанбе-1 30 000 сомонӣ, ба дастаи Суғд 25 000 сомонӣ, ба дастаи Душанбе-2 20 000 сомонӣ тақдим гардид.
Дар мусобиқоти инфиродӣ ба ғолибон 1700 сомонӣ, барои ҷои дуюм 1300 сомонӣ ва барои ҷои сеюм 1000 сомонӣ ҷоизапулӣ дода шуд.
Ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, як қатор вазорату идораҳо барои мусоидат дар баргузории мусобиқа ифтихорномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад






