ҶДММ «ТАЛКО Кемикал»: истеҳсолкунандаи фаъоли маҳсулоти саноатии ватанӣ дар ноҳияи Ёвон

Октябрь 19, 2019 10:00

ДУШАНБЕ, 19.10.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Тӯли 8 моҳи соли равон ҶДММ «ТАЛКО Кемикал», воқеъ дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ба маблағи умумии зиёда аз 34 млн сомонӣ фториди алюминий, криолит, кислотаи сулфат ва коагулянт ба фурӯш баровардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст. Дар ин бора дирӯз зимни боздиди рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ аз ҶДММ «ТАЛКО Кемикал» иттилоъ дода шуд.

Аз ҷумла зикр гардид, ки дар ин давра фториди алюминий ба Федератсияи Россия, криолит ва фториди алюминий ба корхонаҳои алюминбарории тоҷик, коагулянт ба КВД «Обу корез»-и шаҳри Душанбе ва кислотаи сулфат ба корхонаҳои саноатии дигари ҷумҳурӣ интиқол дода шудаанд.

Тавре директори генералии ҶДММ «ТАЛКО Кемикал» Эраҷ Раҳмонов иброз намуд, маҳсулоти корхона, аз ҷумла фториди алюминий, криолит, кислотаи сулфат истеҳсол намудааст, ки он барои эҳтиёҷоти «Ширкати алюминийи тоҷик» истифода шудааст. Корхона соли гузашта ба ширкати бузурги «Русал»-и Россия низ маҳсулоти худро интиқол додааст. Ба корхонаи «Детал алюминий»-и Озарбойҷон криолит ва ба Ҷумҳурии Қазоқистон фториди алюминий фиристода шудааст.

Ба нақли номбурда, ҳоло дар корхона 546 нафар мутахассисони маҳаллӣ, аз ҷумла 40 нафар занон кор карда истодаанд, ки бо музди маоши на камтар аз 2 ҳазор сомонӣ таъмин мебошанд.

Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии металлургияи КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» тавассути таъсиси парки технологӣ ва қитъаҳои таҷрибавию истеҳсолӣ дар пойгоҳи саноатии корхонаи алюминбарории тоҷик дар шаҳри Турсунзода ва иншооти истеҳсолии ширкати «ТАЛКО Кемикал» дар ноҳияи Ёвон озмоишоти таҷрибавию саноатӣ ва технологияҳои инноватсиониро муваффақона амалӣ ва ҷорӣ менамояд.

Тибқи технологияи мукаммали Пажӯҳишгоҳ дар ҳудуди «ТАЛКО Кемикал» истеҳсоли саноатӣ ба роҳ монда шуда, қитъаи истеҳсоли коагулянти ватанӣ оид ба тозакунии об бомуваффақият амал менамояд. Маҳсулоти истеҳсолшуда аз рӯйи хосиятҳои худ ва хусусиятҳои коагулянтӣ аз коагулянти воридотӣ фарқ надорад. То имрӯз тақрибан 1450 тонна коагулянт истеҳсол шуда, беш аз 1200 тоннаи он ба КВД «Обу корез»-и шаҳри Душанбе  интиқол дода  шудааст.

Тавре директори Пажӯҳишгоҳ, академик Ҳайдар Сафиев иброз намуд, соли  гузашта 1741 тонна коагулянт барои безарар гардонидани оби ошомиданӣ истеҳсол шудааст. «Ин маҳсулот дар Тоҷикистон бори аввал истеҳсол карда шуд. 25-30 сол боз бинобар сабаби набудани истеҳсоли кислотаи сулфат истеҳсоли ин маҳсулотро ба роҳ монда натавонистем. Баробари ба роҳ мондани истеҳсоли кислотаи сулфат дар 36 рӯз истеҳсолоти он ба роҳ монда шуд ва шаҳри Душанбе бо ин маҳсулот пурра таъмин гардид»,-гуфт академик.

Ба маълумоти номбурда, коагулянт обсофкунак аст, ки ба воситаи он оби лойро тагшин намуда, тоза мекунанд. Истеҳсоли ин намуди маҳсулот аз 6 марти соли 2017 дар корхонаи мазкур ба роҳ монда шудааст. То имрӯз Тоҷикистон ин намуди маҳсулотро аз кишварҳои хориҷӣ бо нархи гарон дастрас мекард. Акнун тавре мутахассисон иброз намуданд, баъди ба роҳ мондани истеҳсоли ин намуди маҳсулот кишвари мо на танҳо эҳтиёҷоти худро пурра қонеъ месозад, балки имконияти содир намудани онро дорад. Аллакай барои харидории ин намуди маҳсулот аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва собиқ Иттиҳоди шӯравӣ дархостҳо ворид шудаанд.  Бояд зикр намуд, ки коагулянт дар Осиёи Марказӣ танҳо дар Тоҷикистон истеҳсол карда мешавад.

Пажӯҳишгоҳ таҳия ва татбиқи амалии технологияи ҳосил намудани консентрати флюорити баландсифатро амалӣ намуд, ки ба истеҳсоли саноатии силсилавии технологии истеҳсоли криолит ва алюминийи фтордор дар корхонаҳои «ТАЛКО Кемикал» мусоидат намуд. Консентрати флюорити истеҳсолшуда ба талаботи меъёрӣ, ки ба ашёи хом барои истеҳсоли гидрогени фтордор пешбинӣ шудааст, пурра мутобиқат менамояд. Дар айни замон зиёда аз 14 ҳазор тонна консентрати флюорити сара истеҳсол гардид.

Дар доираи сайри рӯзноманигорон бо иштироки роҳбарияти корхона, намояндагони Сафорати Россия дар Тоҷикистон ва ширкати «Русал» барои рӯзноманигорон бриффинг ташкил карда шуд, ки дар он оид ба фаъолият, истеҳсолот ва нақшаҳои КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» дар нуҳ моҳи соли 2019 маълумот дода шуд.

Аз ҷумла зикр гардид, ки якҷоя бо Пажӯҳишгоҳ ширкат моҳи июли соли равон истеҳсоли хиштҳои махсуси оташбардорро бо истифодаи каолини баландсифат, ки аз шаҳри Ангрени Ӯзбекистон ворид карда мешавад, роҳандозӣ намуд. Ин имкон медиҳад, ки дар тӯли як сол қатордеворҳои 3 блоки истеҳсолии коргоҳи анодпазӣ пурра иваз карда, гузариши он ба технологияҳои нав амалӣ шавад. Инчунин имкони беҳ гардидани сифати аноди истеҳсолшавандаи корхонаи алюминбарорӣ ба миён ояд. Ҳамчунин таъкид шуд, ки зарурати навсозии корхона, ки аз фаъолияти он моҳи марти соли оянда 45 сол пур мешавад, ба миён омадааст. Таҷҳизоти он кайҳо боз кӯҳнаю фарсуда шуда, барои тармими он маблағи калон лозим аст.

Ёдовар мешавем, ки соли 2019 КФД «Алюминсохтмон» ҳамроҳ бо ширкати мошинбарории Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Узавтотрейлер» оид ба бунёд намудани корхонаи муштараки «Талко Узавтотрак» созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Ба иттилои роҳбарияти ширкат, ҳоло корхонаи муштарак васлу насби 30 адад самосвал, 2 экскватор ва 2 мошини боркунандаро ба маблағи умумии 17 млн сомонӣ ба анҷом расонидааст. Аз ин шумора 23 самосвал, 2 мошини борбардорӣ ва 2 экскватор ба фурӯш рафтааст. Ҳамагӣ маблағи фурӯши техникаи нақлиётии мазкур зиёда аз 20 млн сомониро ташкил медиҳад.

Дар доираи рушди корхонаи муштараки «Талко Узавтотрак» барои васли кузовҳо дар заминаи истеҳсолоти худӣ ба маблағи зиёда аз 2 млн сомонӣ таҷҳизот ва маҳсулоти нимтайёр барои истеҳсоли кузов ба корхона ворид гардид. Қаблан кузовҳои тайёр аз ҷониби ширкати «Узавтотрейлер» ворид карда мешуданд. То охири соли 2019 бо қувваи худӣ сохтани 30 кузов ва насбу васл кардани 30 мошини боркаш барои таъмини эҳтиёҷоти бозори дохилии мамлакат ба нақша гирифта шудааст, ки маблағи фурӯши он зиёда аз 16 млн сомониро ташкил хоҳад дод.

 

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 19, 2019 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии содироти Тоҷикистон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои татбиқи лоиҳаи «Барномаи рушди НБО-и «Роғун», марҳилаи 1» 270 миллион доллар ҷудо гардид
Коршиносони ширкати Чин бо шароити хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ дар «Тоҷикаэронавигатсия» шинос шуданд
Озмуни байналмилалии «Кашфи олами моликияти зеҳнӣ» ҷамъбаст шуд
Вобаста ба нақши дипломатияи фарҳангӣ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон ва Эрон ҳамоиш доир шуд
Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Директори генералии Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб Валид Ал-Баҳар
Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи энергетика дар неругоҳи «Сангтӯда -1» ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Барои татбиқи лоиҳаи «Маблағгузории устувор барои НБО-и «Роғун» созишномаи молиявӣ ба имзо расид
Дар Маркази миллии патенту иттилоот ҷаласаи муштарак доир гардид
Дар Душанбе масъалаи идоракунии захираҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар бахши энергетика баррасӣ шуд
Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Озарбойҷон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид