ХИЗМАТИ ВАТАН — ХИЗМАТ БА МОСТ. Модарони шаҳри Норак фарзандонашонро ба сафи артиши мамлакат гусел намуданд

Октябрь 2, 2019 11:44

НОРАК, 02.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Норак  дар рӯзи якуми гусели  наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баргузории маъракаи тантанавӣ 28 нафар  ҷавононро барои хизмат ба Ватан сафарбар намуданд. Дар ин кор бахусус занону модарони шаҳр саҳми калон гузоштанд. Дар ин бора мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Норак Ҳабиба Сафарова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Раиси ҲХДТ дар шаҳри Норак Қумринисо Гулмуродзода иброз дошт, ки модари яке аз ин аскарон зимни маъракаи гусел баён дошт, ки   «роҳнамоӣ ва гусели фарзандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як модар мебошад. Мақсад аз даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳимояи марзу буми ватан ва баланд бардоштани донишу малакаи низомии ҷавонон мебошад. Зеро хизмат ба Ватан-хизмат ба модар, ба пайвандони худашон аст. Аз ин хотир ҷавононро зарур аст, ки аз хизмат дар сафи  Қувваҳои мусаллаҳ худро канор нагиранд ва ба қадри тинҷию оромии мамлакат ва пешрафти вазъи иқтисодии ҷумҳурӣ расида,  ватани азизамонро дӯст доранд».

Тибқи иттилои масъулин, аз 28 нафар ҷавонони сафарбаргардида 20 нафари онҳо ҳамчун ронанда ба хизмат шомил гардиданд.

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаи муҳими ҳар як ҷавони бонангу номус мебошад. Мақсад аз даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ- пурзӯр намудани иқтидори мудофиавии мамлакат, ҳимояи марзу буми Тоҷикистон ва баланд бардоштани донишу малакаи низомии ҷавонон аст. Барои ҳамин, онҳоро зарур аст, ки аз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ худро канор нагиранд, ба қадри неъматҳои мавҷуда, тинҷию оромӣ ва шукуфонии мамлакат расанд.

Октябрь 2, 2019 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд