Идигул Қосимзода: Хизматҳои арзандаи занон дар роҳи расидан ба сулҳ ва зиндагии шоиста аз мардон камтар набуд

Октябрь 25, 2019 17:05

ДУШАНБЕ, 25.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии занони сулҳофар бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид. Дар он занони сиёсатмадори собиқадор ва собиқ иштирокчиёни иҷлосияи XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолзанон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, шоираҳои ширинкалом,   ки солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногун бо масъулияти баланд хизмат намуда, имрӯз низ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат саҳми босазо доранд, иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода зимни ҳамоиш иброз намуд, ки Шӯрои занон оид ба таҳкими сулҳ ва сулҳоварӣ аз соли таъсис дар назди Кумита, яъне аз соли 2016  то инҷониб ҳамасола Рӯзи байналмилалии занони сулҳофарро бо шукӯҳу шаҳомати ба худ хос ҷашн мегирад.

Мавсуф таъкид намуд, ки “хизматҳои арзандаи занону бонувон дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва зиндагии шоиста аз мардон дида камтар набуд. Имрӯз мо дар фазои сулҳу субот ва созандагиву бунёдкорӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат зери  парчами дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол фаъолият дорем”.

Зимни ҳамоиш занону бонувони фаъол ва аъзои Шӯрои занони Кумита  иброз доштанд, ки саҳми Шӯро дар решакан намудани ифротгароӣ ва мубориза бо таассубу хурофот, ки имрӯзҳо яке аз масъалаҳои доғи рӯз буда, омили таҳдидкунандаи амнияту оромии мамлакат мебошанд, чашмрас аст.

Раиси собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Рӯдакӣ Рафиқа Мӯсоева гуфт, ки баробари пайдо шудани равияҳои мазҳабии дорои хусусияти ифротӣ ва вусъат гирифтани тарғиботи ифротгароёна зуҳуроти бегонапарастиву тақлид ва хатар ба забону фарҳанг, бахусус расму ойинҳои миллӣ ва тарзи либоспӯшии мардуми мо аъзои Шӯрои мазкур корҳои тарғиботию ташвиқотиро васеъ ба роҳ монда, зимни мулоқоти худ бо намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа роҳҳои пешгирӣ аз ин зуҳуроти номатлубро шарҳу тавзеҳ медиҳанд.

Ҳамчунин шоира, роҳбари ташкилоти “Армуғони сулҳ” Хосият Вализода  иброз намуд, ки занони тоҷик дар қатори модарони тамоми дунё пайваста дар андешаи оромӣ, сулҳ, амнияти фарзандони хеш ва дигар сокинони ҷумҳурӣ мебошанд. Аммо, мутаассифона, имрӯз заноне ҳастанд, ки ба терроризму экстремизм пайваста, ба шаъни зан-модар иснод меоваранд. Бо чунин афроде, ки шояд аз надоштани саводи комил ё зӯроварии оилавӣ ба ин роҳ мераванд, бояд пайваста суҳбатҳо анҷом бидиҳем, зеро зан набояд ҷангҷӯ, балки сулҳовар бояд бошад.

Шоираи ширинкалом Хосият Вализода гуфтаҳои хешро бо ин шеъраш тақвият бахшид:

Одамон дигар бас аст ҷангу ҷидол, эҳсон кунед,
Ҳар дили озурдаро лутфан баҳористон кунед.
Кинаҷӯву бад набошед, ошиқи некӣ шавед,
Дар ҳама аҳволи ҳастӣ дӯстро пурсон шавед.

Дар ҷамъбасти ҳамоиш аз ҷониби Шӯрои занон оид ба таҳкими сулҳ ва сулҳоварӣ дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифу пешниҳодоте, ки ба манфиати суботи ҷомеа буданд, ба Раиси Кумитаи мазкур пешниҳод гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 25  октябр Рӯзи байналмилалии занони сулҳофар таҷлил мегардад. Ин рӯз дар доираи ҳафтаи  амалҳо барои халъи силоҳ (24-31 октябр) дар тамоми ҷаҳон чун Рӯзи байналмилалии муборизаи занон барои сулҳ ҷашн гирифта мешавад.  Санаи мазкур   соли 1980 аз ҷониби Федератсияи байналмилалии демократии занҳо   (ФБДЗ)  муайян карда шудааст. Бахшида ба ин сана  дар тамоми ҷаҳон  барномаҳои гуногун, чун аксия, конференсия ва  фестивалҳо гузаронида мешаванд.

 

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 25, 2019 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи Кӯлоб шумораи нафақагирон беш аз 127 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Ба 12 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид
Оид ба низоми электронии дипломҳо машваратҳои омӯзишӣ баргузор шуданд
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба аҳамият ва тарзи тайёр намудани шарбату консерваҳо барои фасли зимистон
Доир ба татбиқи «Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027» ҷаласа баргузор шуд
ОГОҲӢ! Аз 25 то 27 июл дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Кумаки Президенти Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯшон расид
Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон доир ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ҳамоиш баргузор шуд
Сокинони деҳаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯшон бо неруи барқ таъмин карда шуданд ‎
Беш аз 1500 нафар аз шаҳри Душанбе дар асоси иҷрои Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба озодӣ баромаданд
Дар ноҳияи Шаҳринав ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид