ИМА назорати минтақаҳои тавлидоти нафтро дар Сурия идома медиҳад

Октябрь 30, 2019 14:14

ДУШАНБЕ, 30.10.2019 /АМИТ  «Ховар»/. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тасмим  гирифтааст, ки  муборизаро бо гурӯҳҳои террористии Давлати Исломӣ (ДИИШ, ки дар Тоҷикистон, Россия ва чандин кишварҳои дигар мамнӯъ эълом гардидааст) дар Сурия идома диҳад. Тавре  АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар  медиҳад, ин матлабро   рӯзи душанбе вазири мудофиаи ИМА Марк Эспер дар нишасти матбуотии муштарак бо роҳбари Кумитаи  сарони  ситодҳои   (КСС) Қувваҳои Мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳида Марк Миллӣ  изҳор дошт.

«Бо вуҷуди ҳалокати  роҳбари Давлати  Исломӣ Абу Бакр ал-Бағдодӣ, вазъи бехатарӣ дар Сурия мушкил боқӣ мемонад. Бисёре аз бозигарони давлатӣ ва ғайридавлатӣ муборизаро барои дар зери  назорат нигоҳ доштани қаламрав ва захираҳои он идома медиҳанд»,-гуфт ӯ ва идома дод, ки рисолати  мо дар Сурия ҳамоно шикасти Давлати Исломӣ боқӣ мемонад. Охирин вазифаи неруҳои амрикоӣ баҳри иҷрои ин  мақсади  мо сафарбар гардидааст».

«Он сарбозони ИМА, ки дар Сурия мондаанд, амалиёти зиддитеррористиро идома медиҳанд ва бо «Қувваҳои (курдистонии) Демократии Сурия» дар тамос хоҳанд монд», — зикр  намуд Эспер. «Мо назорати ҷойгиршавии  конҳои нафтро  дар шимолу шарқи Сурия идома хоҳем дод».

«Иёлоти Муттаҳидаи Америка  ба иҷрои рисолати асосии худ  равона гардида,  бо  неруҳои бар зидди Давлати Исломӣ муборизабаранда ҳамкории зич   хоҳад кард, то марҳилаи навбатии ин маъракаро анҷом диҳад»,- гуфт сарвари Пентагон. «Ҳалокати ал-Бағдодӣ маънои хотима ёфтани муноқишаи давомдор дар Сурияро надорад, аммо ин барои  шахсоне, ки ба тасмими ИМА дар мубориза бо террористон шубҳа доранд, далели равшан аст».

Бартарафсозии ал-Бағдодӣ  

Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА  зимни  нобуд кардани роҳбари ДИИШ ҳамзамон  аз маҳали амалиёт ду ҷангҷӯро берун оварданд. «Дар ҷараёни амалиёт ду марди  калонсол  зинда дастгир  шуданд. Онҳо дар дасти мо ҳастанд»,- гуфт фармондеҳи низомии амрикоӣ бидуни шарҳи ҷузъиёт.

Ба ғайр аз ин, вай тасдиқ кард, ки қувваҳои махсуси ИМА маводи муайянро аз макони амалиёт дар вилояти Идлиби Сурия гирифтаанд. «Мавод гирифта шуданд. Намехоҳам мушаххасан чӣ ва ба кадом миқдор будани маводро  то  ба таври зарурӣ  коркард шудани он дақиқ бигӯям»,- гуфт Миллӣ.

Аз ӯ пурсиданд, ки магар роҳбари ДИИШ аз минтақае, ки амрикоиҳо дар он ҷо амалиёт гузаронида буданд, имкони  роҳбарӣ  кардан  дошт? «Ин минтақа ҷое  буд, ки ӯ  ҳамеша дар  он қарор  дошт»,- гуфт Миллӣ.

Вай  тасдиқро дар бораи мушаххасан   чӣ  карданашон бо  боқимондаи ҷасади ал-Бағдодӣ  рад кард. «Боқимондаи ҷасади ӯ мувофиқи тартиби муқаррарӣ ва қонунҳои низоъҳои мусаллаҳона  нест карда шуд»,-  таъкид намуд генерал.

Амалиёти  нобуд кардани роҳбари  ДИИШ аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида дар масофаи 6,4 км аз сарҳади Туркия дар вилояти Сурияи Идлиб сурат гирифтааст. Ба гуфтаи Миллӣ, бо мақсади бехатарии  хизматчиёни ҳарбӣ  Иёлоти Муттаҳида амалиётро бо қувваҳои мухталифи минтақа ҳамоҳанг намудааст. Артиши ИМА чархболҳоро истифода кардааст.

«Дар он ҷо як тирпаронии кӯтоҳ  ба вуқӯъ пайваст, аммо таҳдидҳо ба зудӣ бартараф карда шуданд»,- гуфт раиси КСС. «Боқимондаи  ҷасади ал-Бағдодӣ ба ҷои бехатар интиқол дода шуд, то шахсияти ӯ тавассути ташхиси ДНК муайян карда шавад».

Пентагон инчунин ваъда додааст, ки  рӯзҳои наздик аксҳо ва  наворҳои амалиётро  дар доираи брифингҳои Фармондеҳии марказӣ расонаӣ менамояд.

Ба  савол дар бораи он  ки дар ҳоле, ки  неруҳои Иёлоти Муттаҳида дар ин минтақа ҳузур надоштанд,  анҷоми  ин амалиёт мушкил  набуд,  Миллӣ  зикр  кард, ки қувваҳои амрикоӣ қодиранд дар ҳама ҷо ҳама гуна  ҳадафро нобуд кунанд.

Назорат аз болои  майдонҳои  нафтӣ

Инчунин  дар вазорат гуфтанд, ки Иёлоти Муттаҳида дар Сурия  мақсад  дорад назорати конҳои нафти Коноко дар музофоти Дайр-уз-Зор ва инчунин пойгоҳи Эт-Танфро дар ихтиёр дошта бошад. Пойгоҳи низомии ИМА дар минтақаи  аҳолинишини   Эт-Танф дар  буриши сарҳадҳои Сурия, Ироқ ва Урдун ҷойгир аст. Ҳудуди зери назоратӣ  минтақаи 55-километрии атрофи шаҳрро дар бар мегирад.

«Ҳадафи асосии ҳифзи ин майдонҳои нафтӣ  пешгирии дастрасии    Давлати Исломӣ  (Ҷангиёни гурӯҳи террористӣ)  ба онҳо ва хавфи  аз нав эҳё гардидани он мебошад. Мо ҳанӯз ҳам тарафдори маъракаи зидди ДИИШ мебошем. Мо намехоҳем, ки он  аз ҳисоби  фоидаи   ба даст оварда эҳё гардад (истихроҷи нефт дар ин майдонҳо бо фурӯши минбаъда – шарҳи  ТАСС) », — гуфт генерал.

Аз ӯ ва Эспер пурсиданд, оё ин маънои онро дорад, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳида, аз ҷумла ба кӯшиши эҳтимолии Россия ва Сурия дар мавриди назорати ин майдонҳои нафт муқовимат мекунад. «Ҷавоби кӯтоҳ: «ҳа, айни ҳол ҳамин маъноро дорад»,- гуфт сарвари артиши ИМА.

Ба гуфти вай, Иёлоти Муттаҳида мехоҳад кафолат диҳад, ки эътилофи «Қувваҳои Демократии  Сурия», ки пойдевори он воҳидҳои курдӣ  ҳастанд, «ба захираҳо дастрасӣ дошта бошанд». «Барои он ки дар  муҳофизат кардани маҳбасҳо (бо зиндониён,  аз ҷумла ҷангиён), мусаллаҳ кардани қувваҳои худ  ва дар  иҷрои рисолати  мо, ки шикасти Давлати Исломӣ аст, кумак расонанд»,-шарҳ дод Эспер.

Октябрь 30, 2019 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид
«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии ҳисоботи СММ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бонн бо намояндагони Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) тақвият меёбад
Нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар шаҳри Ваҳдат 104,7 фоиз иҷро гардид
«Амонатбонк» дар доираи Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ дар Файзобод ҳамоиши омӯзишӣ баргузор намуд
ҚАЛЪАИХУМБ — ВАНҶ — ДАРВОЗАИ РӮШОН. Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо ҷараёни таҷдиду навсозии ин қитъаи роҳ шинос шуд
Дар Душанбе масъалаи таъсиси парки инноватсионии саноатӣ байни Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Вашингтон баррасӣ шуд