ИМРӮЗ БА ТАЪСИСЁБИИ КИНОИ ТОҶИК 90 СОЛ ПУР МЕШАВАД. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2022»-ро ба тасвиб расонд

Октябрь 16, 2019 13:31

ДУШАНБЕ, 16.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. 16 октябр ба таъсисёби кинои тоҷик 90 сол пур мешавад.  Ба ин муносибат имрӯз дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии филмҳои мустанад «Дидор» ба кори худ шурӯъ кард, ки то 20 октябр давом мекунад.

Ин чорабинӣ бо намоиши филми истеҳсоли Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» «Падар: ба хотираи Мамадқул Арабов», ки коргардони маъруфти тоҷик Шарофат Арабова таҳия намудааст, оғоз гардид.

Ёдовар мешавем, ки Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», ки ба таҳияи  филмҳои бадеӣ, ҳуҷҷатӣ ва аниматсионӣ машғул мебошад, соли 1930 таъсис ёфтааст. Дар аввал он «Тоҷиккино» ном дошта, аввалин филмҳое, ки таърихи кинои тоҷик аз онҳо шурӯъ шудааст, филмҳои хроникавию мустанад буданд. Таҳияи филмҳои бадеӣ баъд аз соли 1932 оғоз меёбад.

«Тоҷикфилм» аз соли 1935 ба истеҳсоли филмҳои овоздор шурӯъ кард. Солҳои 1938 — 1961 онро студияи филмҳои бадеии Сталинобод ва аз соли 1961 — Киностудияи «Тоҷикфилм» меномиданд. Дар солҳои 1941-1943 муваққатан бо студияи кинои Москва «Союздетфилм» муттаҳид карда шуд. Дар вақтҳои гуногун дар студияи мазкур филмҳои «Боз ҳам шавқовар», «Марги судхӯр», «Достони Рустам», «Рустам ва Сӯҳроб», «Достони Сиёвуш», «Ситорае дар тирашаб», «Нисо»,  «Асрори оилавӣ», «Субҳи аввали ҷавонӣ», «Маҷлис дар масҷиди кӯҳна» ва ғайра ба навор гирифта шуданд.

Бояд гуфт, ки ин наворҳо имрӯз ҳамчун ҳуҷҷатҳои аслӣ дар бораи таърихи тавлид ва рушди ҷумҳуриамон маълумот медиҳанд.

Ёдовар  мешавем ки кинои тоҷик тӯли ин солҳо ҳамчун яке аз падидаҳои фарҳанги миллӣ вазифаи муқаддаси худро то андозае иҷро карда, ҳамчун оинаи миллат мардуми моро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Ҳамин ҳадафҳо имрӯз ҳам пеши назари ояндабини кино қарор доранд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳким бахшидани соҳа як зумра барномаҳои давлатӣ қабул намудааст. Аз ҷумла, бо мақсади дастгирии соҳа «Барномаи рушди кино барои солҳои 2006 – 2010» ва «Барномаи рушди кино барои солҳои 2011- 2015» қабул гардидаанд. Дар ин давра як зумра корҳои назаррас, аз ҷумла, навсозии заминаи моддию техникии МД «Тоҷикфилм» анҷом ёфтанд.

Моҳе қабл аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2022»  ба тасвиб расид.

Тавре дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» иброз доштанд, барномаи мазкур самтҳои афзалиятнок, вазифа ва механизми татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи кино муқаррар намуда, барои баланд бардоштани сифати истеҳсол ва намоиши филмҳо шароит фароҳам меорад. Асоси ин барномаро истеҳсоли кинои ватанӣ ташкил медиҳад.

Дар натиҷаи татбиқи он дар назар аст, ки 10 филми ҳунарӣ барои кинофестивалҳои байналмилалӣ, 9 силсилафилми ҳунарӣ, 15 филми мустанад вобаста ба сохтмонҳои аср ва шахсиятҳои маъруф, 10 филми кӯтоҳи бадеӣ, 8 филми аниматсионӣ, 5 силсилафилми аниматсионӣ, 10 филми кӯтоҳи омӯзишӣ аз ҷониби мактаби кинематографистони ҷавон офарида шуда, 25 филм тарҷума ва дубляж карда шаванд.

Солҳои охир саноати филмофарии тоҷик ба марҳилаи  нав ворид гардида, истеҳсол  ва мазмуну мундариҷаи филмҳо беҳтар гардид. Филмҳои  «Оинаи беҷило», «Гунҷишки сафед», «Хоби ҳамдуна»  ва «Муаллим» ҷоизаҳои кинофестивалҳои байналмилалиро соҳиб гардиданд. Ҳатто чанде пеш филми коргардони ватандӯсту соҳибзавқи тоҷик Ҷайҳун Насимӣ бо номи «Шикастнопазир» дар «Голливуд»- и ИМА ба навор гирифта шуда, пешниҳоди дӯстдорони кинои ҷаҳон гардид.

Тавре қайд кардем, 90-солагии кинои тоҷик ба оғози кори  кинофестивали байналмилалии “Дидор” рост омад. Бояд ёдовар шуд, ки ин чорабинӣ аз соли 2004 ҳар ду сол як маротиба гузаронида мешавад ва як бахши онро намоиши филмҳои мустанад ташкил медод. Соли ҷорӣ бошад, ин синамобазми байналмилалӣ пурра ба намоиши филмҳои мустанад бахшида шудааст.

Тавре Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», раиси Кумитаи тадорукоти кинофестивали байналмилалии «Дидор» Носир Раҳмон гуфт,  филмҳои мустанад минбаъд низ дар марҳилаҳои баъдинаи кинои тоҷик мақоми хосса доштанд, рушд мекарданд ва хусусан солҳои 80-уми асри гузашта ба қуллаҳои баландтарини касбият ва гуногунии намуду жанрҳо расида буданд.

«Маҳз дар ҳамин солҳо филми мустанади тоҷик ҳам аз ҷиҳати кадрҳои ҳирфаии баландпоя, ҳам аз ҷиҳати мавзӯву жанрҳо мақоми баланд пайдо карда, силсилаи асарҳои барҷаста, ба мисли «Тавлид», «Устод», «Наво», «Зиндагӣ ин аст» ва боз даҳҳо асарҳои ганогунжанр ва бунёдиву ҷолибро рӯи навор оварданд»,-гуфт номбурда.

Зикр гардид, ки имрӯз низ кинои мустанади тоҷик анъанаҳои пешинаро идома дода, ба муваффаққиятҳои эҷодӣ ноил мегардад. Филмҳои хуби давраи истиқлол, пеш аз ҳама, дигаргуниҳои  иҷтимоии мамлакатамонро инъикос намуда, ба ҷаҳони ботинии қаҳрамонҳояшон таваҷҷуҳи махсус додаанд.

Филмҳои «Марди роҳ» (дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон), «Эъҷози армонҳо» (дар бораи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун»), «Ҷашни қатраҳо» ва ғайра аз ин шуморанд.

Директори кинофестивали «Дидор»- 2019 Сафар Ҳақдодов дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» баён дошт, ки фестивалҳои кинои мустанад, ки дар гӯшаву канори ҷаҳон гузаронида мешаванд, бояд дорои мақоми махсус ва афзалиятҳои  алоҳида бошанд. Зеро филмҳои мустанади асил на барои фароғату вақтгузаронӣ эҷод мешаванд.

Ба ақидаи мо,-гуфт Сафар Ҳақдодов,- кинои мустанади асил, ҳақиқатҷӯ, баландпоя бояд ҳатман зери ҳимояву дифои давлат, ҷомеа, мардум ва аҳли башар бошад. Миллате, ки чунин кино дорад, миллати пешқадам аст.

Бояд иқрор шуд, ки кино як ҷузъи муҳими фарҳангро ташкил дода, муаррифгари таъриху тамаддун ва инъикоскунандаи ҳаёти мардум ба шумор меравад. Тамошобини тоҷик ба филмҳое, ки гузаштаву имрӯзро воқеъбинона инъикос менамоянду  масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеаро тасвир сохта, тарғибгари анъанаҳои миллӣ мебошанд, беш аз пеш ниёз дорад.

Муҳимияти масъалаи мазкурро ба инобат гирифта, зимни пешниҳоди Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2015) Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  чунин гуфта буданд:  «Кинои тоҷик ба рушди ҷиддӣ ниёз дошта, филмҳои ҳозиразамони мустанаду бадеӣ, ки гузаштаву имрӯзро воқеъбинона инъикос намуда, масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеаро тасвир созанд ва ахлоқи ҳамидаву анъанаҳои неки халқамонро тарғиб кунанд, кам ба назар мерасанд. Бинобар ин, Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттифоқҳои эҷодӣ вазифадор карда мешаванд, ки бо мақсади таблиғи ғояҳои миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ ва ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ ҷиҳати таҳияи асарҳои нави саҳнавӣ ва филмномаҳои таърихӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд».

Таъкидҳои Пешвои миллат оид ба масъалаи мавриди назар асоси воқеӣ дошта, ҳарчӣ зудтар амалӣ шуданашон муҳим, саривақтӣ ва заруру ногузир аст. Зеро дар шароити кунунӣ, ки бархӯрди манфиатҳо ба авҷи аълои худ расидаву гурӯҳҳои ифротгаро пайи ҷалби ҷавонон «камари ҳиммат» бастаанд, таблиғи ғояҳои миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ ва ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ ба воситаи асарҳои нави саҳнавӣ ва филмномаҳои таърихӣ амри муҳиму зарурӣ ба шумор меравад.

 С. ШОИК,
АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 16, 2019 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода