Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кишоварзон таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 08.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 8 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи кишоварзон таҷлил мегардад. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 ин сана ҳамчун Рӯзи кишоварзон қабул гардидааст.
Бояд гуфт, ки имрӯз дар ҷаҳон низ чун Рӯзи кишоварзон таҷлил карда мешавад. Аввалин маротиба соли 1967 Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид, ки аз ҳамон сол инҷониб дар ин рӯз дастранҷи марди деҳқон ба намоиш гузошта мешавад.
Кишоварзӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аҳолии мамлакатро бо озуқаворӣ ва саноатро бо ашёи хом таъмин менамояд.
Тавре сармутахассиси шуъбаи матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқубҷон Уроқов иброз дошт, тайи солҳои охир дар соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ислоҳоти ҷиддӣ амалӣ гардид, ки мақсади асосии он рушди соҳаҳои гуногун, таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ, ба содирот нигаронидани он ва дар ин замина, таъмини амнияти озуқаворӣ маҳсуб мешавад.
Дар робита ба ин масъала мушовири Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, академик Давлатҷон Комилзода баён намуд, ки «дар ин рӯз таҷлили иди касбии кишоварзон ба ҳукми анъана даромадааст. Таҷлили расмии ҷашни мазкур далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар партави сиёсати Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш оварда, эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад”.
Аз ин лиҳоз бахшида ба Рӯзи кишоварзон пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон ва чорводорон бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ ва пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми арзанда мегузоранд.
«Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра 5 навъи зироати кишоварзӣ (2- навъи пахта, 1 навъи гандум, 2 намуди ҷуворимакка)-ро минтақабоб намуда, ба комиссияи мазкур барои санҷиш ва минтақабобкунӣ 7 навъу дурагаҳои зироати кишоварзӣ супорида шуд. Бо иштироки олимони Академия дар ҷумҳурӣ зиёда аз 170 гектар боғ ва токзори нав бунёд гардид. Инчунин дар Ҷумҳурии Беларус дар майдони 20 гектар боғ бо истифода аз навъҳои дарахтони мевадиҳанда ва ток бунёд карда шуд»,- иброз дошт академик Давлатҷон Комилзода.
Ба гуфтаи мавсуф, аз ҷониби олимони Академия ҳуҷҷатҳо ва саршумори зоти говҳои сиёҳалои тоҷикӣ ва намуди қутосҳои зарафшонӣ барои супоридан ба Комиссияи давлатии апробатсионӣ омода карда шуданд. Бо истифода аз хайлҳои микроорганизмҳои маҳаллӣ зиёда аз 100 ҳазор воя (ваксина) бар зидди касалиҳои сироятии чорво истеҳсол ва ба хоҷагидорон пешниҳод гардид.
Рушди соҳаи кишоварзӣ барои таъмини босубот ва мутаносиби аҳолии мамлакат бо маводи хӯрокӣ тавассути афзоиши мунтазам ва устувори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани сатҳи даромаднокӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ, инчунин ҳифзи захираҳои табиӣ мусоидат менамояд. Ба хоҷагиҳои деҳқонӣ додани озодии парвариши зироати кишоварзӣ иқтидори соҳаро хеле афзун намуд. Мутобиқи маълумоти оморӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, — ғалладонагиҳо, пахта, картошка, сабзавот, полезиҳо, меваҷот, афзоиши саршумори чорво ва паранда солҳои охир мутаносибан хеле боло рафта истодааст. Ин ҳама аз некӯаҳволӣ ва соҳибистиқлолии мардуми тоҷик далолат медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки дар робита ба иди касбии кишоварзони мамлакат 13 октябр дар саросари Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад.
Тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вазифадор гардидаанд, ки барои дар сатҳи баланд гузаронидани Иди Меҳргон дар ин рӯз дар боғҳои фарҳангиву фароғатии деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр ва вилоятҳо намоиши маҳсулоту техникаи кишоварзӣ ва дигар барномаҳои фарҳангӣ ташкил намоянд.
Иди мазкур бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Боғи Ирам гузаронида мешавад. Дар ин рӯз дар ин макон аз тамоми гӯшаю канори мамлакат дастовардҳои кишоварзон ба маъраз гузошта мешаванд. Инчунин баргузории барномаҳои фарҳангию фароғатӣ дар назар дошта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ҷашни Меҳргон дар гузашта ва имрӯз низ ҳамчун иди касбии кишоварзон таҷлил мешавад. Миллати куҳанбунёди мо дар партави сиёсати Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш оварда, эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад.
Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»










«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Дар Душанбе натиҷаҳои миллии Шарҳи чоруми фаъолияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид
Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид






