Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кишоварзон таҷлил мегардад

Октябрь 8, 2019 11:46

ДУШАНБЕ, 08.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 8 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи кишоварзон таҷлил мегардад. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 ин сана ҳамчун Рӯзи кишоварзон қабул гардидааст.

Бояд гуфт, ки имрӯз дар ҷаҳон низ чун Рӯзи кишоварзон таҷлил карда мешавад. Аввалин маротиба соли 1967 Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқи  Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид, ки аз ҳамон сол инҷониб дар ин рӯз дастранҷи марди деҳқон ба намоиш гузошта мешавад.

Кишоварзӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аҳолии мамлакатро бо озуқаворӣ ва саноатро бо ашёи хом таъмин менамояд.

Тавре сармутахассиси шуъбаи матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқубҷон Уроқов иброз дошт,  тайи солҳои охир дар соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ислоҳоти ҷиддӣ амалӣ гардид, ки мақсади асосии он рушди соҳаҳои гуногун, таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ, ба содирот нигаронидани он ва дар ин замина, таъмини амнияти озуқаворӣ маҳсуб мешавад.

Дар робита ба ин масъала мушовири Академияи илмҳои  кишоварзии Тоҷикистон, академик Давлатҷон Комилзода баён намуд, ки «дар ин рӯз таҷлили иди касбии кишоварзон ба ҳукми анъана даромадааст. Таҷлили расмии ҷашни мазкур далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар партави сиёсати Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш оварда, эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад”.

Аз ин лиҳоз бахшида ба Рӯзи кишоварзон пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон ва чорводорон бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ ва пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми арзанда мегузоранд.

«Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра 5 навъи зироати кишоварзӣ (2- навъи пахта, 1 навъи гандум, 2 намуди ҷуворимакка)-ро минтақабоб намуда, ба комиссияи мазкур барои санҷиш ва минтақабобкунӣ 7 навъу дурагаҳои зироати кишоварзӣ супорида шуд. Бо иштироки олимони Академия дар ҷумҳурӣ зиёда аз 170 гектар боғ ва токзори нав бунёд гардид. Инчунин дар Ҷумҳурии Беларус дар  майдони 20 гектар боғ бо истифода аз навъҳои дарахтони мевадиҳанда ва ток бунёд карда шуд»,- иброз дошт академик Давлатҷон Комилзода.

Ба гуфтаи мавсуф, аз ҷониби олимони Академия ҳуҷҷатҳо ва саршумори зоти говҳои сиёҳалои тоҷикӣ ва намуди қутосҳои зарафшонӣ барои супоридан ба Комиссияи давлатии апробатсионӣ омода карда шуданд. Бо истифода аз хайлҳои микроорганизмҳои маҳаллӣ зиёда аз 100 ҳазор воя (ваксина) бар зидди касалиҳои сироятии чорво истеҳсол ва ба хоҷагидорон пешниҳод гардид.

Рушди соҳаи кишоварзӣ барои таъмини босубот ва мутаносиби аҳолии мамлакат бо маводи хӯрокӣ тавассути афзоиши мунтазам ва устувори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани сатҳи даромаднокӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ, инчунин ҳифзи захираҳои табиӣ мусоидат менамояд. Ба хоҷагиҳои деҳқонӣ додани озодии парвариши зироати кишоварзӣ иқтидори соҳаро хеле афзун намуд. Мутобиқи маълумоти оморӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, — ғалладонагиҳо, пахта, картошка, сабзавот, полезиҳо, меваҷот, афзоиши саршумори чорво ва паранда солҳои охир мутаносибан хеле боло рафта истодааст. Ин ҳама аз некӯаҳволӣ ва соҳибистиқлолии мардуми тоҷик далолат медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки дар робита ба иди касбии кишоварзони мамлакат 13 октябр дар саросари Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад.

Тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вазифадор гардидаанд, ки барои дар сатҳи баланд гузаронидани Иди Меҳргон дар ин рӯз дар боғҳои фарҳангиву фароғатии деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр ва вилоятҳо намоиши маҳсулоту техникаи кишоварзӣ ва дигар барномаҳои фарҳангӣ ташкил намоянд.

Иди мазкур бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар  Боғи Ирам гузаронида мешавад. Дар ин рӯз дар ин макон аз тамоми гӯшаю канори мамлакат дастовардҳои кишоварзон ба маъраз гузошта мешаванд. Инчунин баргузории барномаҳои фарҳангию фароғатӣ дар назар дошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки ҷашни Меҳргон дар гузашта ва имрӯз низ ҳамчун иди касбии кишоварзон таҷлил мешавад. Миллати куҳанбунёди мо дар партави сиёсати  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш оварда,  эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад.

Фирӯзаи  ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

 

 

Октябрь 8, 2019 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони ноҳияи Ҷаббор Расулов дар майдони зиёда аз 5 ҳазор гектар кишти чигит мегузаронанд
Вазири кишоварзии Тоҷикистон вобаста ба тақвияти корҳои саҳроӣ бо деҳқонони шаҳри Конибодом суҳбат намуд
Дар шаҳри Хоруғ корхонаи истеҳсоли ҳасиб бунёд мегардад
Дар Суғд барои дарёфти грантҳои раиси вилоят озмун баргузор мешавад
Дар Эстония Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар «Аirspace world 2024» дар Женева иштирок намуданд
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
«РОҲ БА СӮИ ТИЁНШОН». Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
Ҳоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар»-и ноҳияи Кӯшониён майдони парвариши лимӯро васеъ менамоянд