ИМРӮЗ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДЗЮДО. Баъди ғолибият дар Чемпионати ҷаҳон Сомон Маҳмадбеков дар рейтинги ҷаҳонии дзюдо миёни ҷавонон ба ҷои аввал баромад
ДУШАНБЕ, 28.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонони то 21-сола, ки 16-20 октябр дар Марокаш доир гардид, паҳлавони ҷавону маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, дар вазни -73 кг медали тилло ба даст овард. Бо ин амали хеш Сомон Маҳмадбеков номашро дар таърихи дзюдои тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт намуд. Сомон аввалин дзюдочӣ аз Тоҷикистон аст, ки дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо байни ҷавонон сазовори медали тилло гардид.
Баъди ғолибият дар Чемпионати ҷаҳон Сомон Маҳмадбеков дар рейтинги ҷаҳонии дзюдо миёни ҷавонон ба ҷои аввал баромад. Чунин дастоварди бузург миллати моро рӯҳбаланд намуда, дар замири наврасону ҷавонон ва варзишгарони навраси мамлакат шуълаи умеди музаффарият барафрӯхта, эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихори миллиро бедор месозад.
Ин дар ҳолест, ки ҳамасола дар саросари ҷаҳон 28 октябр Рӯзи байналмилалии дзюдо таҷлил карда мешавад. Таҷлили ин сана ба рӯзи таваллуди асосгузори дзюдо Дзигаро Кaнo рост меояд. Ҷашни мазкур соли 2011 бо ташаббуси Федератсияи байналхалқии дзюдо эълон гардид.
Гӯштини дзюдо аввалин навъи варзиши размист, ки ба барномаи Бозиҳои олимпӣ шомил карда шудааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бахшида ба ин рӯз мусобиқаҳои варзишӣ баргузор мегарданд. Дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат аввалин маротиба соли 2008 медали биринҷӣ аз ин намуди гӯштин ба хазинаи варзиши тоҷик ворид гардид. Барандаи ин медал варзишгари маъруфи мамлакат Расул Боқиев ба шумор меравад.
Ҳамин тариқ, ҳаводорони ин навъи варзиш дар Тоҷикистон рӯз аз рӯз зиёд шуда, баъдан Комроншоҳи Устопириён низ ба майдони варзиши тоҷик ворид гардида, ҳунари худро ба давлатҳои дунё муаррифӣ намуд ва ду карат қаҳрамони Осиё гардид.
Имсол ҳамчунин паҳлавонони шинохтаи тоҷик дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон ва навҷавонон, ки дар шаҳри Чолпон-Отаи вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон баргузор шуд, шаш медал ба даст оварданд.
Дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон ва навҷавонон дар Чолпон-Ота беш аз 250 нафар варзишгар аз ҳашт кишвар — Тоҷикистон, Ӯзбекистон Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Туркия, Арабистони Саудӣ ва Непал ширкат карданд. Онҳо барои 32 маҷмӯи медалҳо миёни наврасону навҷавонон мубориза бурданд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 11 нафар (10 писар, 1 духтар) варзишгарон дохил буданд. Варзишгарони тоҷик дар сабқати навҷавонон 2 медали тилло, як медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ гирифтанд. Меҳрзод Сӯфиев дар вазни то 60 кило миёни писарон ва Шоҳида Қаландарова дар вазни то 63 кило миёни духтарон бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд. Як медали нуқра ба Раҷабалӣ Муҳаммадиев марбут аст. Ӯ дар вазни то 90 кило ба финал баромад, вале дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Анорбек Ишонбоеви қирғиз мағлуб гашта, дар натиҷа мақоми дуюмро касб намуд. Се варзишгари дигари тоҷик — Сулаймони Ҷамшед ва Шаҳбоз Сайидаброров дар рақобатҳо дар вазни то 60 кило ва Сайфулло Неъматзода дар вазни то 100 кило миёни писарон бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Инчунин варзишгари шинохтаи тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода дар мусобиқаи Гран-прии дзюдо, ки 20-22 сентябр дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон доир гардид, медали нуқра ба даст овард. Беҳрӯз баъди чаҳор пирӯзӣ бар рақибонаш аз Россия, Британияи Кабир, Қазоқистон ва Шведсия ба финал баромад. Вале ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ аз паҳлавони ӯзбек Ҳикматуллоҳ Тӯраев мағлуб шуда, сазовори медали медали нуқра гардид
Бунёдгузори гӯштини дзюдо дар Тоҷикистон Аҳтам Раҷабов ба шумор меравад.
Тавре Аҳтам Раҷабов зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, таъсиси дзюдо дар Тоҷикистон кори саҳл набуд. «Ҳар вақте ки мо кӯшиш мекардем дзюдоро пурра таъсис диҳем, мушкилие пеш меомад ва барои ҳалли ин мушкилиҳо мо то ба охир истодагарӣ мекардем»,- изҳор дошт мавсуф.
Ба гуфтаи Аҳтам Раҷабов, 23 феврали соли 1973 барои дзюдочиёни тоҷик рӯзи фаромӯшнашаванда ва таърихӣ мебошад. Зеро дар ин рӯз дар Тоҷикистон ба тамрини дзюдо оғоз карданд.
«Аксарияти мардум дар бораи дзюдо тасаввурот надоштанд ва мо ба воситаи расонаҳои тарғиботӣ, ба мисли рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизион ин навъи варзишро ба омма шинос гардонидем»,- гуфт Аҳтам Раҷабов.
Ба зикри ин варзишгар, дар рӯзҳои аввали кор мушкилот зиёд буданд, ки яке аз онҳо надоштани толори тамрин буд.
«Дзюдочиён тамринҳоро дар толорҳои тамринкунии гӯштини самбо ва тарзи озоду римӣ мегузарониданд. Инчунин таъсисдиҳандагон аз ҳисоби нарасидани мутахассисон танқисӣ мекашиданд. Хушбахтона, бо пешниҳоди сармураббии дастаи самбочиён дар ҳамон солҳо Исмат Абдуллоев то ҷое мушкилот бартараф гардид. Яъне аз ҳисоби самбочиён ва паҳлавонҳои гӯштини миллӣ мураббиён омода шуданд»,- гуфт мавсуф.
Бо заҳматву талошҳо саромадони гӯштини дзюдо тавонистанд, ки шогирдонро тарбия намоянд, аммо барои таъсис додани дастаҳо мебоист дар ноҳияҳову вилоятҳо варзишгаронро омода кард ва барои ин мо баъзе нафаронро вобаста кардем, то ба вилоятҳову ноҳияҳо барои тамрин додани завқмандон раванд, — мегӯяд Аҳтам Раҷабов.
Ҳамсуҳбати дигари мо Досталӣ Буриев иброз медорад, ки ҳар вақте мо дохили ин ё он толори варзишӣ мешудем, ба худ ҳамеша як суол медодем, ки оё мо ҳам замоне соҳиби ҷои тамрини ҳамешагӣ мешуда бошем ё не? Хушбахтона, суоламон ҷавобашро ёфт.
Досталӣ Буриев иброз медорад, ки баъдан танқисии нарасидани ҷои тамрин то андозае рафъ гардид, зеро Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ дар маҷмааи Мактаби маҳорати олии варзишӣ-Манежи ҳамонвақта барояшон ҷои тамрин ҷудо намуд.
Аҳтам Раҷабов баён медорад, ки барои завқмандон омӯхтани гӯштини дзюдо мушкил набуд, зеро 80 фисади усулҳо ба гӯштини миллӣ шабоҳат дошт.
Саъдӣ Маҳдиев яке аз он нафароне мебошад, ки соли 1974 ба шаҳри Фиадосия барои бозомӯзии гӯштини дзюдо рафта буд ва ба омӯзиши ин навъ ҷиддӣ машғул шуд.
Ҳамин тариқ, дзюдо дар Тоҷикистон маъмул гашт ва дастаи яккачини Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ин даста номи мамлакатро дар майдонҳои мусобиқоти байналмилалӣ муаррифӣ мекард.
Мавриди зикр аст, ки Аҳтам Раҷабов, Саидмумин Раҳимов, Тағойгелдӣ Ҳайдаров, Раҳмат Норматов ва Самад Абдулҳамидов ҳамчун устодони хизматнишондодаи дзюдо дар Тоҷикистон ба шумор мераванд. Ба гурӯҳи дзюдочиёни хизматнишондода дар ҳамон солҳо Хуршед Сафаров, Шамс Киромов, Қамар Киромов, Мутилло Мулабаев, Владимир Степанов, Маҳмадулло Абдуллоев, Худойназар Боқиев, Нурмаҳмад Норидов ва Нарзулло Каримов шомиланд.
Бояд зикр намуд, ки соли 1984 дар Федератсияи дзюдои Тоҷикистон тағйирот ба амал омад. Ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов сармураббии дастаи яккачин ва Раҳмат Норматов мураббии даста таъйин шуданд.
Баъд аз ин тағйирот дастаи дзюдочиёни занона ташкил гардид, ки дар он Шамъигул Зуҳурова, Аида Мудиева, Лола Шарипова, Сабоҳат Исмоилова, Елена Луенко, Елена Ворожикина, Сайлӣ Самолова ва дигарон шомил буда, дар мусобиқаҳои байналхалқӣ иштирок мекарданд.
Соли 1985 дар шаҳри Душанбе Чемпионати Иттиҳоди Шӯравӣ миёни ҷавонони то вазни 71 кг гузаронида шуд ва дар ин мусобиқа ҷои аввал насиби Хуршед Сафаров гардид.
Нишони аввали спартакиадаро аз дастаи дзюдочиёни Тоҷикистон соли 1986 Мутилло Мулулбоев соҳиб гардидааст. Номбурда дар ин спартакиада сазовори нишони нуқра гардида буд. Худи ҳамон сол дзюдочии дигари тоҷик Шамс Киромов дар чемпионати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ сазовори медали нуқра гардид ва инчунин аввалин медалро аз чемпионати Иттиҳоди Шӯравӣ ба Тоҷикистон овард.
Қобили таҳсин аст, ки бо кӯшишу талошҳои Аҳтам Раҷабов, Саидмумин Раҳимов, Раҳмат Норматов ва дигар саромадони дзюдои мамлакат соли 1986 чанд тан дзюдочиёни тоҷик ба дастаи яккачини собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ шомил гардиданд.
Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ин навъи варзиш зина ба зина боло рафт. Шумораи ҷавонони обутобёфтаи дзюдочӣ зиёд гардида, парчами давлату миллат дар мусобиқаҳои гуногуни варзишии дунё парафшон гардид.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат ва берун аз он варзишгарони мамлакат дар мусобиқаҳои варзишӣ ширкат меварзанд. Яке аз тадбирҳои судманд дар ин самт таъсис додани Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки барои ҳавасмандгардонии варзишгарон равона гардидааст.
Бояд зикр кард, ки мусобиқа барои Ҷоми Президенти Тоҷикистон аз соли 2013 доир мешавад. Се бор (солҳои 2013-2015) ин мусобиқа дар шаҳри Душанбе барпо гардида буд. Соли 2013 Виталий Дудчики украинӣ дар вазни то 81 кило ва Ислом Ал-Шаҳобӣ аз Миср дар вазни мутлақ ғолиб шуданд. Дудчик дар қувваозмоии ниҳоӣ гӯштингири тоҷик Фарҳод Раҳимовро мағлуб кард. Ал-Шаҳобӣ дар финал бар паҳлавони тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дастболо шуд.
Баъдан ду бор Муҳаммадмурод Абдураҳмонов барандаи Ҷоми Президенти Тоҷикистон гардид. Ӯ соли 2014 дар қувваозмоии ҳалкунанда барои ҷоизаи асосӣ бар ҳамватанаш Зиёратшо Баротов пирӯз шуд. Абдураҳмонов соли 2015 дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Александр Ваховяк аз Беларус ғалаба кард.
Мусобиқаи чоруми байналмилалӣ барои Ҷоми Президенти Тоҷикистон соли 2016 дар шаҳри Ваҳдат бо ширкати 45 варзишгар аз 15 кишвар баргузор шуд. Станислав Бондаренко аз Украина, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ Алекс Гарсия Мендозаро аз Куба шикаст дод, бо Ҷом, медали тилло ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 56 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуд.
Ба варзишгари кубагӣ барои ҷойи дуюм медали нуқра ва 32 ҳазор сомонӣ тақдим шуд. Мӯҳсин Ҳисомиддинов ва Абдулло Тангриев (ҳарду аз Ӯзбекистон), ки ҷойҳои сеюмро гирифтанд, бо медалҳои биринҷӣ ва ҷоизаҳои молӣ- ҳар кадом ба маблағи 16 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуданд.
Зимнан, дар мусобиқаи соли 2016 барои Ҷоми Президенти Тоҷикистон мизбонон аввалин бор аз ҷоизаҳо бенасиб монданд.
Бояд зикр намуд, ки 5 октябри соли 2017 дар варзишгоҳи навбунёди шаҳри Ваҳдат панҷумин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Дар мусобиқаи мазкур паҳлавонон аз 15 кишвари дунё, ба мисли Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон, Покистон, Эрон, Россия, Германия, Непал, Япония, Беларус, Арманистон, Украина, Голландия, Америка ва Куба иштирок намуда, дар вазни 90 кг байни ҳам рақобат намуданд. Ҳамчунин дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 нафар варзишгарони маъруфи тоҷик, аз ҷумла, Комроншоҳи Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов, Саидҷалол Саидов, Акмалиддин Муродов, Саидҷамол Алимардонов ва Ғазалшоҳи Давлатшоҳ қувваозмоӣ карданд. Аз байни ин варзишгарони маъруфи тоҷик Саидҷалол Саидов, Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷамол Алимардонов тавонистанд дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ғолиб шаванд.
Хотиррасон менамоем, ки 5 октябр дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе шашумин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон дар сатҳи баланду хотирмон баргузор гардид. Дар ин мусобиқаи варзишӣ паҳлавонон барои соҳиб шудан ба Ҷоми Президенти Тоҷикистон байни ҳам рақобат карданд. Ин мусобиқа аз рӯи 7 дараҷаи вазнӣ миёни мардон доир гардид. Барои ширкат дар мусобиқа варзишгарон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон дар ҳайати калон ширкат ва байни ҳам рақобат карданд.
Ҳамин тариқ дар вазнҳои -60-66- ва – 90 паҳлавонони ӯзбекистонӣ, дар вазни- 73 кг варзишгари тоҷик Фарҳод Раҳматуллобеков, дар вазни -81 паҳлавони ҷавони тоҷик Ҷаҳонгир Маҷиов, дар вазни -100 яке аз варзишгарони шинохтаи тоҷик Саидов Саидҷалол ва дар вазни ҷамъи 100 варзишгари дигари тоҷик Темур Раҳимов сазовори медали тилло ва Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба дзюдо гардиданд.
Бояд зикр кард, ки ғолибону ҷоизадорон дар баробари медалу диплом соҳиби ҷоизаи пулӣ гардиданд. Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба ғолибони шашумин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон 10 000 сомонӣ, барои ҷои дуюм 5000 сомонӣ ва барои ҷои сеюм 3000 сомонӣ туҳфа кард.
Ёдовар мешавем, ки аз 2 то 5 октябри соли 2019 дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи 7-уми байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланду хотирмон баргузор гардид.
Бояд зикр кард, ки мусобиқа бо иқдоми Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Суғд аз рӯи 7 категорияи вазнӣ миёни мардон: -60кг, -66кг, -73кг, -81кг, -90кг, -100кг, +100кг сурат гирифт. Дар мусобиқа беш аз 250 нафар варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат намуда, барои дарёфти ҷойҳои ифтихорӣ талош карданд. Дар натиҷа, дар 4 вазн варзишгарони Ӯзбекистон ва дар 3 вазн варзишгарони Тоҷикистон пирӯз шуданд. Дар умум, варзишгарони мо сазовори 17 медал – 3 тилло, 4 нуқра, 10 биринҷӣ гардиданд.
Варзишгарони Ӯзбекистон 10 медал – 4 тилло, 3 нуқра, 3 биринҷӣ, дастаи Қазоқистон 1 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Ғолибону ҷоизадорон бо медалу диплом ва ҷоизаҳои пулӣ – ҷои якум бо 10000 сомонӣ, ҷои дуюм — 5000 сомонӣ ва ду ҷои сеюм бо 2500 сомонӣ қадрдонӣ шуданд.
Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши
АМИТ «Ховар»