ИМРӮЗ — ЗОДРӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. «Ин санаи оддӣ нест», — иброз дошт дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» собиқ Мушовири давлатии Сарвари давлат академик Кароматулло Олимов

Октябрь 5, 2019 13:51

ДУШАНБЕ, 05.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 5 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зодрӯз доранд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ бо олим, файласуф, ходими давлатӣ, доктори илми фалсафа, профессор, Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Кароматулло ОЛИМОВ дар бораи ин шахсияти барҷаста, хизматҳои бузурги ӯ ва нақши мондагору таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Пешвои миллат дар бунёди давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат, низоми ҳуқуқӣ ва таъмини зиндагии пурнишоти мардум ҳамсуҳбат гардид. 

АМИТ «Ховар»: Рӯзи фараҳмандӣ ба Шумо муборак бошад. Имрӯз дар  Тоҷикистон   ҷашнҳои  гуногун  ва  барномаҳои   фарҳангию  сиёсӣ  бо  рамзу анъана ва суннатҳои  миллӣ  хеле зиёд  муаррифӣ  мегарданд  ва  мардум онҳоро  бо  шодию сурур ва  ифтихормандиҳо   истиқбол мегиранд. Ҳарчанд мавлуди Президент ба таври расмӣ ҷашн гирифта намешавад, лекин дар чеҳраҳои мардум хурсандию фараҳмандӣ дида мешавад. Имрӯз тамоми мардуми мамлакат бо самимияту  эҳтироми хосса ва арҷгузориҳо ба Пешвои миллат ва  вориси тоҷикони ҷаҳон  дар бораи заҳматҳои ин шахсияти барҷаста суҳбат мекунанд. Шумо нақши мондагору таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бунёди давлатдории миллӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Академик Олимов: Ташаккур. Ба Шумо ва ҳайати роҳбарону кормандони «Ховар» низ ин рӯзи саид муборак бод!

Зодрӯзи Президент – ин санаи оддӣ нест. Вақте дар бораи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат мекунем, беихтиёр симои барҷастаи Сарвари  давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар ҷилвагар мешавад. Чунки таҳкими истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот, оромии мамлакат, пешравиҳои назаррасе, ки баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ насиби мардуми мо гардид, бо номи шахсияти бузурги таърихии халқи мо Эмомалӣ Раҳмон сахт вобастаанд.

Дар гузашта тоҷикон агарчӣ шоҳашон баъд аз Исмоили Сомонӣ аз тоҷикон набуд, аз қавмҳои дигар буданд, лекин зимому умури давлатдорӣ ба воситаи тоҷикон амалӣ мешуд, чунки мардуми тоҷик меҳнаткаш, бунёдкор,   созанда, боақлу хирад ва фарҳангӣ буданд.

Бинобар ин дар шароити буҳронии охири асри 20 ва оғози асри 21, ки ҷаҳон азиятҳои зиёде мекашид ва ҳанӯз ҳам бисёр кишварҳо аз ҳодисаю воқеаҳои муосир азоб мекашанд, мо муваффақона мушкилиҳои таърихиро бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон аз сар гузаронидем. Мутаассифона, мо дар гузашта ба мисли Эмомалӣ Раҳмон лидер, яъне Пешвои миллат надоштем, ки халқро сарҷамъ карда тавонад. Мардуми худро дар доираи як давлат ва як марзу бум муттаҳид карда, барои иҷрои ҳадафҳои олии таърихӣ сафарбар намояд.

Маҳз Эмомалӣ Раҳмон, ки шахсияти ҷоннисор, нотарс, ҷасур, сарсупурдаи халқу ватан ва дорои ифтихори бузурги миллӣ аст,   тавонистанд, ки мардуми моро сарҷамъ карда, сулҳу субот оварда, муҳоҷирони зиёдеро, ки бар асари нооромиҳои мамлакат ҳам дар хориҷ ва ҳам дар дохил ҷойҳои зиндагии худро иваз карда буданд, боз ба маконҳои худ баргардониданд.

Аз ин ҷиҳат хизматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин навишта шудаанд.  Чунки кам касоне дар таърих пайдо мешаванд, ки миллати худро дар ҳолатҳои буҳронӣ наҷот дода тавониста бошад. Аз ин ҷиҳат ин ҳам барору омади кори халқи тоҷик аст, ки дар Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони ҳамонвақта, ба онҳо мо ташаккур мегӯем, ки ҳамин шахсро аз байнашон ҳамчун Раиси Шӯрои Олӣ ва Сарвари давлат интихоб карданд.

Ман мегӯям, ки дар ин рӯз, яъне дар зодрӯзи Пешвои миллат  дар чеҳраи мардуми тоҷик фараҳмандӣ дида мешавад. Зеро дар ин рӯз шахсияте ба дунё омадааст, ки онро метавон туҳфаи илоҳӣ барои миллати тоҷик номид.

АМИТ «Ховар»: Тамоми мардуми Тоҷикистон хуб медонанд, ки то расидан ба дастовардҳои имрӯза мо чӣ қадар мушкилоти сахту сангинро паси сар кардем. Роҳи таърихие, ки халқи тоҷик дар бисту ҳашт соли охир тай кард, масири пур аз монеаву мушкилот буд. Чӣ гуна ба як роҳбари ҷавон дар он солҳои мушкил муяссар гардид, ки ба мамлакат сулҳу субот биёрад ва Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун як давлати соҳибистиқлолу соҳибфарҳангу соҳибзабон муаррифӣ намояд?

Академик Олимов: Пеш аз ҳама, хислатҳои шахсӣ, дурбинӣ,  миллатдӯстӣ, ватандӯстӣ, садоқат, ростгӯӣ, адолатҷӯӣ ва ҳақиқатро баён карда тавонистан, вазъиятро ҳам дар дохил ва ҳам дар берун фаҳмонда тавониста, диққати ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб кардан ва ба ҳамон саволҳое, ки таърих дар назди миллату давлати мо гузошта  буд, ба онҳо ҷавоби дуруст ёфтан аз хислатҳои Пешвои миллат буданд, ки сабаби ба муваффақиятҳо расидани давлат ва миллати мо  гардид.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун мунодии сулҳу ваҳдат ва бунёдкорӣ, халқу миллат ва ватанашро чун фарзандонаш аз дилу ҷон дӯст медорад. Баҳри беҳбудии некӯаҳволии халқ ва ободии Ватани азизаш ҷонашро фидо мекунад. Ҳамеша дастгири бечорагону бенавоён, камбизоатону ятимон ва дармондагон мебошад. Аз ин ҷост, ки ӯро халқ дӯст медорад ва чун Сарвари давлат эътироф мекунад.

Ҳамин дӯстдории ӯст, ки халқ ӯро ҳамчун Пешвои миллати худ пазируфт. Дар ҳақиқат, ӯ  арзанда аст. Ин дӯстдорӣ бесабаб нест. Зеро сулҳу ваҳдати ҳамешагӣ, пояндагии миллат, истиқлоли Ватани азизамон ва ин пешрафту ободиҳо ҳама ба номи азизи вай сахт марбут аст.

Тӯли бисту ҳашт соли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Сарвари давлат мамлакатамон рушд ёфта, симояшро ба куллӣ дигар намуд. Аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфтем. Садҳо корхонаю муассисаҳои истеҳсолӣ бунёд гардиданд. Пулу нақбҳо ва роҳҳои ҳамвор чор тарафи ватанамонро ба ҳам пайвастанд. Рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ овард, ки ин ҳама шаҳодати соҳибназарӣ, ақли гиро ва заковати худододаи ӯст

АМИТ «Ховар»: Шуморо, ки чандин солҳо, хусусан дар солҳои мушкил  бо Ҷаноби олӣ  фаъолият кардед, дар сафарҳои дохиливу хориҷӣ ҳамроҳашон будед, кадом хислатҳои ғайриодияшон ба ҳайрат гузошт?

Академик Олимов: Ёд дорам, зимни сафари Ҷаноби олӣ ба Бадахшон  дар солҳои нооромӣ, ки дар он ҷо силоҳбадастони зиёде аз ҷониби мухолифин ҷамъ омада буданд ва мақсадашон аз байн бурдани Президент буд, он кас нотарсона ва боҷуръатона аз роҳ нагаштанд. Ҳарчанд мақомоти амниятӣ барои сафар розигӣ намедоданд, вале Ҷаноби олӣ ба назди мардум рафта, суҳбат карданд ва дарди мардумро шуниданд. Он вақт ҳатто ба чархболи Президент тир кушода буданд.

Сарвари давлат ба мардум роҳҳои ислоҳ ва баромадан аз ин бунбасте, ки ба вуҷуд омада буд ва нақшаҳои худро гуфтанд. Бинобар ин эҳтироми акасарияти мардумро дар ҳамон ҷо ба вуҷуд оварда буданд. Ҳатто баъзе силоҳдорон ҳамон вақт ба Президент эътимод пайдо карданд. Ман борҳо шоҳиди чунин воқеаҳо шудам, ки дар сафару мулоқотҳое, ки ба ҷони Пешвои миллат хатар дошт, Эмомалӣ Раҳмон протоколро риоя накарда, мегуфтанд, ки «ҷонро  барои   сулҳу оромии мамлакат фидо мекунам». Ҳатто амалҳои берун аз протоколии Президент барои саодати мардуми  тоҷик  хизмат карданд.   Анбӯҳи бузурги одамон, ки зимни сафарҳои ӯ ба гӯшаву канори мамлакат аз ӯ истиқболи гарму самимӣ мекарданд, гувоҳе бар ишқу алоқаи мардум ба вай буд.

Ҳамин ҷуръат, нотарсӣ садоқат ба халқу ватан, сарсупурдагӣ, ору номуси ватандории  Президентро ҳамеша дар мулоқоту вохӯриҳо ба дӯстону наздиконам бо ифтихор нақл мекунам. Маҳз ҳамин ҷуръату ҷасорат, хислатҳои бисёр бузурги инсонӣ, ҷавонмардӣ, ки хоси  шахсиятҳои бузурги олам аст, дар Президенти муҳтарами мо дида мешаванд. Эмомалӣ Раҳмон мардест, ки дар таърих нишони мондагоре аз худ бар ҷой гузошта, ба яке аз шахсиятҳои сулҳовару сулҳпарвар, озодандеш ва равшанфикр табдил ёфт. Ҳувияти ӯ аз доираи Тоҷикистон фаротар рафт ва вориди доираи ҷаҳонӣ шуд.

Шахсияти барҷаста ҳамеша худро ҷузъе аз мардум медонад ва барои саодати кулли башар талош меварзад. Пешвои миллати тоҷикон дар ҳақиқат шахсияти воқеан бузург аст.

Рӯзгори намунаву фидокоронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавон мӯъҷиза ва намунаи ибрат номид. Ӯ роҳи ҳаллеро дарёфт, ки намунавор буд – ҷанг бидуни ҷанг. Шиори ӯ дар зиндагӣ якест-ҳама роҳҳо ба сӯи сулҳ мебаранд!

АМИТ «Ховар»: Маълум аст, ки ватан барои ҳар як фард, аз ҷумла барои тоҷикон, аз хонаву кӯча ва деҳаву диёри хурди он оғоз ва бо фарогирии мамлакату миллат ва аҳли сайёра ва нигоҳдошти охирин падидаи ҳаёт дар рӯи сайёра хатм мешавад. Асос ва моҳияти ватанро ҳиссиёти иҷтимоиву сиёсии шахсият, муҳаббати ӯ ба волидон, ба сарзамини аҷдодӣ, ба таърих ва фарҳанги бумии мардум ташкил медиҳад …

Академик Олимов: Ватандӯстӣ дар асли худ чунин ҳолати равонии инсон аст, ки ҳангоми дар вуҷуди инсон зуҳур намудани он шахс омода аст, ки барои ватан-модари худ охирин ва нодиртарин дороии худ — ҷони азизро фидо намояд. Дар таърихи тоҷикон, хушбахтона, чунин шахсиятҳои дорои ҳамин гуна ҳиссиёти баланди инсонӣ хеле бисёр буданд ва ҳар яке тақдири хоси худро доштаанд. Албатта, яке дар ин роҳ то ҳадди имкон муваффақ шудаву дигаре бадбахту ноком монда… Одатан, дар ҳоли ғалабаи ҳисси ватандӯстӣ инсон мехоҳад, ки садоқати худро ба ватан аз тариқи бузургдошт ва қадрдонӣ намудани арзишҳои милливу фарҳангии халқи худ, мансубияти худ ба умумияте, ки шахс дар оғӯши он солҳо ба камол расидааст, собит намояд, муҳаббати худро ба расму русуми аҷдодӣ, ба забону каломи модарӣ ба қалам дароварад.

Маҳз ҳамин гуна ҳиссиёт роҳнамои қаҳрамонони маҳбуби сарзамини мо буданд, ки ҷони худро дар роҳи озодӣ, барои эҳёи давлатдорӣ  ва барои расидан ба ҳадафи ниҳоӣ-бунёди давлати миллии тоҷикон сипар намуданд. Дар ин росто номи шахсияти сиёсие, ба мисли Эмомалӣ Раҳмон дар тафаккури мардум мақоми рамзӣ, ибратбахш ва калидӣ дорад.

Равшанфикрони дунёи муосир ба андешае расиданд, ки инсон бе ватани мушаххаси худ (бе «ватани хурд») наметавонад, ки шаҳрванди ҷаҳони бузург — «шаҳрванди ҷаҳон ё кайҳон» бошад. Чунин инсон инсони бекасу кӯй, беаслу насл, безабону бебаён, бехонаву дар, инсони муҳоҷир ва дарбадару хонабадӯш мебошад. Ҳеҷ боке нест, агар ватани мо айни замон хурд ҳам бошад, вале дар асл, сарҳади миллии мо бо сарҳадҳои сиёсии мо тамом намешавад. Зеро ба ғайр аз сарҳадҳои ҷуғрофию сиёсӣ, боз сарҳадҳои фарҳангиву таърихӣ вуҷуд доранд.

Ватандӯстию ватанпарварӣ дар ботини Пешвои миллатамон аз  хона оғоз гардидааст. Ман хушнуд аз он ҳастам, ки бо модари Ҷаноби олӣ ҳам чандин бор вохӯрдам, ҳамсуҳбат шудам. Он кас бисёр зани хирадманд, дурбин ва заковатманд буданд.

Модар аз чунин фарзанд, албатта, ифтихор мекунад. Лекин он меҳру муҳаббат ва эҳтироме, ки Президенти мо нисбат ба модарашон ва бародаронашон доранд, аз инсондӯстӣ ва дорои маданияти ботиниву заковати худододӣ будани Сарвари давлатамон гувоҳӣ медиҳад.

Чанд муддате, ки бо Ҷаноби олӣ кор кардам, супоришҳои он касро иҷро мекардам, дар ҳақиқат бовар ҳосил кардам ва ифтихор ҳам дорам, ки мо миллати хушбахт ҳастем, ки чунин Сарвар, чунин  шахсияти фавқулода ва ғайриодӣ дорем.

Албатта, дар таърих одатан он мардҳое, ки шоҳу вазир буданд, қаҳрамонӣ мекарданд, мубориза мебурданд, онҳоро номашон сабт шудааст, лекин дар паси ҳар муваффақияту шахсияти бузург модар меистад. Модар на танҳо тавлид мекунад, балки тарбиятгар аст. Нақши модар дар тарбияи фарзанд хеле калон аст, ояндаи ҳар як шахс аз тарбияи модар вобаста аст. Чунки танҳо модарони ғамхору ҳақиқӣ қудрати дар ботини фарзанд парвариш кардани ростгӯӣ, ростқавлӣ, меҳнатдӯстӣ, ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва хислатҳои некро доранд. Албатта, падар ва устодонашон ҳам дар тарбияи он кас саҳгузор ҳастанд, лекин агар дар ҷавҳари худи шахс ин гуна хислатҳо набошанд, дар ботини ӯ ҷой кардани чунин хислатҳо мушкил аст. Зиндагии Пешвои миллат мактаби бузурге барои мо аст. Эмомалӣ Раҳмон зиндагии пур аз фарозу нишеберо аз сар гузаронидааст.

Пеш аз ҳама, дарку фазилатҳои шахсии худи Ҷаноби олӣ ҳам хеле муҳиманд. Аз хурдӣ ба ҳамин масъалаҳо таваҷҷуҳ карда, хислати ҷасорату ватанпарастиву миллатдӯстиву масъулиятшиносиро хуб дарк кардаанд. Сарвари давлати мо бисёр шахси ватанпарасту миллатдӯстанд.

Милатдӯстии Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷаҳон шӯҳрат ёфтааст. Обрӯю эътибори хосса  пайдо кардан ва соҳиби эҳтироми сарварони давлатҳои дигар дар ҷомеаи ҷаҳонӣ шудан ин кори осон нест. Дар ҷаҳон имрӯз Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун шахсияти бузурги сатҳи ҷаҳонӣ эътироф мекунанд.  Ман баъзан Эмомалӣ Раҳмонро бо сарварони давлатҳои дигар  муқоиса мекунам. Ба хулоса омадам, ки Тоҷикистон барои Сарвари давлати мо танг аст.

Агар баъзе давлатҳои бузург   мисли Президенти муҳтарами мо сарвар медоштанд, шояд дунё аз бисёр бадбахтиҳо халос мешуд. Сарвари давлати мо бисёр дурбин ҳастанд. Як вақт пешниҳод карда буданд, ки дар атрофи Афғонистон  камарбанди амниятӣ бояд эҷод шавад, то аз он ҷо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ғайраҳо ба минтақа паҳн нашавад. Ин пешниҳод ҳанӯз қабл аз воқеаи террористӣ-таркиш дар бинои маркази тиҷоратии Америка  сурат гирифта буд. Баъд аз он ки терроризм то Америка расиду тамоми ҷаҳонро фаро гирифт, баъд чашми роҳбарҳои он давлатҳо кушода шуду ба ҳамин масъалаҳо таваҷчуҳ карданд. Ин як далели муҳими таърихӣ аз дурбинию дурандешии Президенти давлати тоҷикон буд.

Рӯзи таваллуди Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мо рӯзи муборак медонем.

Чунки туҳфаи таърих буд, ки чунин шахсияти бузург дар шароити бисёр душворе, ки масъалаи буду набуди миллат ва давлати мо пешорӯи он қарор дошт, рӯи кор омада, сарварӣ карда тавонистанд ва давлати моро аз чунин фалокатҳо, чун ҷанги шаҳрвандӣ наҷот доданд.

Президенти маҳбубу мардумии худро бо рӯзи мавлудашон самимона табрик мегӯем ва барояшон саодат ва сиҳатмандии комилро таманно мекунем!

АМИТ «Ховар»: Ҳайати кормандони Агентии миллии иттиилоотии Тоҷикистон низ ба ин табрикоти самимии донишманди тоҷик ҳамроҳ  шуда,  ба Пешвои миллат умри дароз, саломатии бардавом, хушбахтию саодати хонадон ва дар роҳи расидан ба ҳадафҳои неку шоистаашон ҷиҳати  ба қуллаҳои баланди тараққиёт баровардани Ватани азизамон – Тоҷикистон ва таъмини ояндаи дурашони сокинони он барору комёбӣ орзу мекунанд!

Октябрь 5, 2019 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ