«НАМУНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК». Устод Айнӣ дар ин асар ориёӣ будани халқи тоҷикро собит намудааст
ДУШАНБЕ, 03.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имсол ба таълифи «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Устод Садриддин Айнӣ, ки соли 1926 дар шаҳри Москва ба нашр расид, сад сол пур мешавад. Дар ин робита узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасани СУЛТОН ба АМИТ «Ховар» чунин изҳори андеша намуд:
– «Намунаи адабиёти тоҷик» ин санади бедорӣ, номаи асолат ва ҳувияти миллии мо – тоҷикон дар садаи тӯфонхези бист буд, ки аз мавҷудияти миллати бостонии тоҷик ва забону адабиёти бештар аз ҳазорсолаи он дар Осиёи Марказӣ хабар дод. Ҳарчанд бо дасисаю буҳтони сохта ба душманони забону миллат муяссар гардид, ки соли 1930 ин китобро аз дасти мардум ва дӯкону китобфурӯшиҳо ҷамъ оварда, туъмаи оташ созанд, аммо он рисолаташро муваффақона иҷро кард.
Устод Айнӣ бо таҳияи ин асар исбот намуд, ки тоҷикон қадимтарин сокинони муқимии ориёинажоду форсизабони Осиёи Марказӣ мебошанд. Забону адабиёти онҳо дар ин сарзамин таърихи ниҳоят қадим дошта, аз қаъри асрҳои пешин ибтидо мегирад. Ин ҳақиқат дар муқаддимаи «Намунаи адабиёти тоҷик» чунин баён шудааст: «Аз бозе, ки вақоеъро таърих қайд мекунад, то имрӯз дар диёри Мовароуннаҳру Туркистон чунон ки як қавми муаззам ба номи «тоҷик» ё ки «тозик» истиқомат дорад, ҳамчунон забону адабиёти онон ҳам ривоҷ ёфта омадааст. Ривоҷи забону адабиёти тоҷик дар Мовароуннаҳру Туркистон махсус ба асре ё тасаллути подшоҳу амире нест. Чунончи мо мебинем, адабиёти тоҷик дар ин сарзамин дар аҳди Сомониён, ки ирқан форсизабон ҳастанд, чӣ қадар ривоҷ дошта бошад, дар замони авлоди Чингиз, Темур, Шайбонӣ, Астархонӣ ва Манғит, ки ирқан муғул, турк ва узбак ҳастанд, ҳамон қадар ривоҷ ёфтааст. Пас, маълум мешавад, ки ривоҷи забону адабиёти тоҷик дар ин ҷойҳо маҳз ба тасаллути Сомониён ё ки муҳоҷирати эрониён набуда, сабаби ҳақиқӣ мавҷудияти як қавми бузург бо номи «тоҷик», ки мансуб ба ирқи ориёст, дар ин ҷойҳост».
Зимнан дар ин суханони устод Айнӣ панҷ матлаби дорои арзиши муҳимми илмию таърихӣ таъкид гардидааст:
1) асли ориёӣ доштани мардуми тоҷик;
2) эътирофи бузургӣ ва эътибори қавми тоҷик дар таърихи башарият. Чунонки аз ин истинод ба мушоҳида мерасад, Устод Айнӣ қавми тоҷикро «қавми муаззам» ва «қавми бузург» тавсиф кардааст;
3) қадимтарин сокинони муқимии Осиёи Марказӣ будани тоҷикон;
4) вобаста ба фароҳам омадани имкону шароити мусоид ривоҷу равнақ пайдо кардани забону адабиёти тоҷик дар Осиёи Марказӣ;
5) ба муҳоҷирати эрониён ва маволиён ҳеҷ иртибот надоштани ташаккулу такомули забону адабиёти тоҷик дар ин минтақа.
«Намуна» аз се қисм иборат буда, дар маҷмуъ ҳазор соли адабиёти моро дар бар мегирад.
Қисми аввал намунаи ашъору осори 79 адиб, аз ҷумла панҷ бонуи суханвар (Мутрибаи Кошғарӣ, Меҳрӣ, Исматӣ, Оишаи Самарқандӣ ва Нодираи Андиҷонӣ)-ро, ки дар байни солҳои 300-1200 ҳиҷрӣ (912-1786) зиндагию эҷод кардаанд, дар бар мегирад.
Дар қисмати дуюм намунаи ашъору осори 132 адиб, ки дар байни солҳои 1200-1343 ҳиҷрӣ (1786-1924) зиндагонию эҷод намудаанд, бо шумули Аҳмади Дониш, Мирзосироҷи Ҳаким, Зуфархони Ҷавҳарӣ, Шамсиддини Шоҳин, Нақибхони Туғрал, худи Устод Айнӣ, Абдуррауфи Фитрат, Абулқосими Лоҳутӣ ва дигарон гирдоварӣ шудааст.
Қисмати севум намунаи адабиёти нави тоҷикро фаро гирифта, аз ду ҳисса иборат мебошад. Дар ҳиссаи аввал, ки ба зикри асарҳои дар байни солҳои 1905-1917 таълифшуда бахшида шудааст, намунаҳо аз панҷ асари Абдуррауфи Фитрат («Мунозира», «Сайҳа», «Баёноти сайёҳи ҳиндӣ», «Раҳбари наҷот», «Оила» ) ва намунаи тарҷумаи Фитрат аз асари «Мусулмонони дорурроҳат»-и Исмоил Гаспарински оварда шудааст. Дар идома порчаҳо аз маснавиҳои «Миръоти ибрат» ва «Анҷумани арвоҳ»-и Сиддиқии Аҷзӣ ва се рубоӣ аз «Айн-ул-адаб»-и ӯ оварда шудаанд. Баъдан устод намунаҳоеро аз рӯзномаи «Бухорои шариф» (1912) ва маҷаллаи «Ойина» (1914) шоҳид овардааст. Дар ин қисм ҳамчунин қасидаи Тошхоҷаи Асирӣ дар робита ба муносибати низои наву кӯҳна (ҷадиду қадим), намунаҳои зебою дилнишин аз «Таҳзиб-ус-сибён»-и худи устод, ки ин китоб барои мактаби қироати форсӣ бори нахуст соли 1910 ва бори дувум соли 1917 дар Самарқанд ба табъ расида буд ва чанд сурудааш зери унвони «Ҳифзи сиҳҳати атфол» (1916), ҳамчунин қитъаи шеъри Қосим Қоризодаи Ахтари Бухороӣ ба муносибати шаҳодати Мирзо Насруллоҳхон бар асари 75 чӯб оварда шудааст.
Дар ҳиссаи дувуми қисми севум ашъору осори инқилобию ватанхоҳии марбут ба солҳои 1917-1925 гирдоварӣ шудаанд. Дар аввали ин бахш суруди «Ба шарафи инқилоби Уктабр» ва марсияи ҷонсӯзи устод дар робита ба кушта шудани бародараш Ҳоҷӣ Сироҷиддин дар натиҷаи воқеаи Колесов ба фармони амири Бухоро дарҷ гардидааст. Инчунин намунаҳо аз маҷаллаи «Шуълаи инқилоб» (1919-1921), аз ҷумла «Суруди озодӣ» ё «Марши ҳуррият» ва шеъри «Инқилоб», ки мутаносибан дар шумораи 23-и «Шуълаи инқилоб» аз 7 декабри 1919 ва шумораи 7 аз 8 ноябри 1921 ба нашр расида буданд, ҷой дода шудааст. Дар идома чанд шеър аз Аҳмадҷони Ҳамдӣ, Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим, Абдуррауфи Фитрат, ки дар рӯзномаи «Қутулуш» (Раҳоӣ) нашр шудаанд, оварда шудааст. Баъдан қасидаи «Кремл»-и Абулқосими Лоҳутӣ ва шеъри «Инқилоби сурх»-и ӯ, ҳамчунин назираҳое, ки Абдуррауфи Фитрат, Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим, Аҳмадҷони Ҳамдӣ, Ҳабибуллоҳи Авҳадӣ ва худи Устод Айнӣ ба истиқболи он сурудаанд, ёд шудаанд. Дар ин бахш инчунин намунаҳо аз маҷмуаи «Ахгари инқилоб» ва намунаи шеърҳои дар рӯзномаи «Овози тоҷик» чопшуда аз худи Устод Айнӣ, Зуфархони Ҷавҳарӣ, Тӯрақули Зеҳнӣ, Асадуллоҳи Кошонӣ, Қорӣ Масеҳои Тамҳид ва Абулқосими Лоҳутӣ дарҷ гардидаанд.
Шоистаи таъкид аст, ки шумораи нахустини рӯзномаи «Овози тоҷик» 25 августи соли 1924 нашр гардид. Ба муносибати нашри ин рӯзнома дар шумораи дувуми он аз 4 сентябри соли 1924 шеъри «Овози тоҷик»-и Устод Айнӣ чоп шуд. Дар «Намуна» ҳангоми ёдкарди намунаи ашъоре, ки дар ин рӯзнома дарҷ ёфтаанд, шеъри «Овози тоҷик»-и Устод Айнӣ ва ду назира ба он, ки Зуфархони Ҷавҳарӣ ва Тӯрақули Зеҳнӣ гуфтаанд, намуна оварда шудааст.
Шеъри «Овози тоҷик» ва назираҳои ба истиқболи он сурудашуда воқеан шукуҳу азамати мардуми тоҷик ва забони ширину шевои онро дар худ таҷассум кардаанд. Бахусус, Устод Айнӣ дар ин суруда аз ҳунару истеъдоди фитрии мардуми тоҷик, дилу дидаи бедор, таърихи пурифтихор, забони гуҳарбор ва ояндаи нусратёри он садои ифтихор баланд кардааст:
Ба парда то ба чандин рози тоҷик?
Биё, биншин, шунав овози тоҷик!
Ба зеҳни софу истеъдоди фитрӣ
Набошад дар ҷаҳон анбози тоҷик.
Суханро чун арӯсон зеб дода
Забони маърифатпардози тоҷик.
Ҳунарҳо, пешаҳо эҷод карда
Ба дунё қувваи ҷонбози тоҷик.
Яқин донӣ, ки анҷомаш ба хайр аст,
Ба ёд орӣ, агар оғози тоҷик.
Ҷаҳонро сарбасар санҷида, дида
Ба аҳди рафта чашми бози тоҷик…
Устод Айнӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик» ҳамчунин бо ифтихор аз асолати миллӣ аз бузургони илму фарҳанги мо ёдовар шуда, аз сурудаҳояшон намуна овардааст. Масалан, намуна аз сурудаҳои Абунасри Форобӣ:
Асрори вуҷуд хому нопухта бимонд
В-он гавҳари бас шариф носуфта бимонд.
Дар кас ба далели ақл чизе мегуфт,
Он нукта, ки асл буд, ногуфта бимонд.
Аз Абуалии Сино:
Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
Аз Шайх Наҷмиддини Кубро:
Гар тоати худ нақш кунам бар ноне
В-он нон биниҳам пеши саге бар хоне
В-он саг соле гурусна дар зиндоне
Аз нанг бар он нон назанад дандоне.
Аз Паҳлавон Маҳмуди Хоразмӣ:
Гар марди раҳӣ, назар ба раҳ бояд дошт,
Худро нигаҳ аз ҳазор чаҳ бояд дошт.
Дар хонаи дӯстон чу маҳрам гаштӣ,
Дасту дилу дидаро нигаҳ бояд дошт.
Баъзе маводу матолиби дар «Намунаи адабиёти тоҷик» ёдшуда, аз ҷумла ёдкарди Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ ва овардани намунаи ашъори ӯ ба руҳи замон ва сиёсати давр мухолифат дошт. Зеро Туғрал 26 июни соли 1919 бо туҳмати «аксулинқилобӣ» ҳадафи тири болшевикон қарор гирифта буд, вале Устод Айнӣ бо камоли ҷуръату ҷасорат номи ӯро дар «Намунаи адабиёти тоҷик» ворид намуда, истеъдодашро «бисёр комил» арзёбӣ кардааст.
Дар «Намуна» номи адибони комилистеъдоде ҳам, ба мисли Ҳабибуллоҳ-махдум Авҳадии Бухороӣ (набераи аълами Бухоро, Домулло Абулфазли Сирати Балхӣ) рафтааст, ки баъдан аз тарафи зимомдорони давр бо туҳмату буҳтони сохтаву бофтаи «миллатгароии буржуозӣ» мавриди таҳқиру табъид қарор гирифта, дар яхистонҳои Сибир бе ному нишон ба хоби абад рафтаанд. Тавзеҳан, Устод Айнӣ бо таваҷҷуҳ ба истеъдоди комили Авҳадӣ дар «Намуна» таъкид карда буд, ки «аз Авҳадӣ адабиёти нави тоҷикро умедвориҳост», вале рӯзгори хунрези ибтидои садаи бист ҳамаи ин умедвориҳоро бар бод дод.
Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Устод Садриддин Айнӣ ҳарчанд рисолати таърихии худро ба сифати муаррифиномаи забону миллат дар садаи фоҷеабори бист ба ваҷҳи аҳсан адо намуд, боз ҳам рисолаташро ба ҳайси номаи асолати забон ва ҳувияти миллии мо – тоҷикон идома бахшида, чун чароғи раҳнамо роҳи имрӯзу фардои миллати моро мунаввар медорад. Беҳикмат нест, ки Устод Айнӣ бо камоли хушбоварӣ ва умеди фаровон ба ояндаи дурахшон ин шоҳкори худро бо дуои сарсабзию шукуфоии ҳар чи бештари Тоҷикистон – қасидаи шоири нозукбаён Муҳаммад Зуфархони Ҷавҳарии Истаравшанӣ ҳусни анҷом бахшидааст:
Дило, касби ҳавои Тоҷикистон метавон кардан,
Тамошои сафои Тоҷикистон метавон кардан.
Зи сайри лолазораш сад чаман гул метавон чидан,
Диле хуш дар фазои Тоҷикистон метавон кардан…
Ғубори дому дад ойинаашро тира медорад,
Ба сайқал ин ҷилои Тоҷикистон метавон кардан.
Зи неши зулмҳо дар сина дорад куҳнаносуре,
Адолатро давои Тоҷикистон метавон кардан…
Нигоҳи адл бодо шомили ҳоли раоёаш,
Бад-ин сомон дуои Тоҷикистон метавон кардан.
АКС: АМИТ «Ховар»








Роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ дар Рим осорхонаҳои Капитолиниро тамошо намуданд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ИҚБОЛИ БАЛАНДИ ТОҶИКОН. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
АЗ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲӢ ТО СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ. Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Китоби «Арзёбии метеорологию экологии ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи обу иқлим» ба нашр расид
ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Тавассути он масъалаи об ба самти калидии рӯзномаи ҷаҳонӣ табдил гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли пудина барои партофтани вазни зиёдатӣ кумак мерасонад
НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БЕНАЗИР АСТ. Ва ё вазифае муҳимтар аз нигаҳдорӣ ва таҳкими истиқлолияти Тоҷикистон нест
ВАССОФИ ВАТАН. Бахшида ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода маҳфили адабӣ баргузор мешавад
Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Тоҷикистони муосир ва давлатдории навин
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар омодасозии мутахассисони соҳаи кӯҳӣ ва рушди саноат саҳми назаррас дорад
«РОБИАИ БАЛХӢ — НОБИҒАИ ШЕЪРИ ТОҶИК». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Тоҷикобод конфронси илмӣ доир шуд
ҲАМЕША БО ВАТАН БУДАМ. Ба зодрӯзи вассофи сулҳу дӯстӣ, Каҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода 115 сол пур мешавад






