Лоиҳаи Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасии вакилон қарор мегирад
ДУШАНБЕ, 30.10.2019./АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи Кодекси нақлиёти автомобилӣ дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 30 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, дар қатори дигар масоил мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Кодекси мазкур барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид. Дар робита ба ин мавзӯъ масъулини Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин ибрози назар намуданд:
— Бо мақсади мутобиқ гардонидани қонунгузории миллии соҳаи нақлиёти автомобилӣ ба талаботи конвенсияю созишномаҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, инчунин барои таъмини рушди устувори соҳа зарурати таҳияи Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омад.
Ин Кодекс ба беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои нақлиёти автомобилӣ ба аҳолӣ нигаронида шуда, дар он механизми муосири системаи идоракунии давлатӣ бо назардошти таҷрибаи давлатҳои пешрафта пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон дар Кодекси мазкур дастгирии соҳибкории хурду миёна, масъалаи татбиқи амалишавии механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ ба инобат гирифта шудааст.
Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи нави Кодекси нақлиёт аз лоиҳаи қаблии он, ки дар заминаи Оинномаи нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.12.2006) таҳия гардида, ду маротиба солҳои 2016 ва 2017 бо вазорату идораҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта буд, фарқияти зиёд дорад. Ин навбат барои коркарди лоиҳаи Кодекс ба гурӯҳи кории таъсисёфта, дар қатори мутахассисони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мушовирони байналмилалӣ ва ватанӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ, ҳуқуқшиносӣ, иқтисодиёт ва экологӣ низ ҷалб гардиданд.
Лоиҳаи Кодекси пешниҳодшаванда аз 9 қисм, 5 зерқисм, 4 боб ва 122 модда иборат аст, ки дар доираи он самтҳо оид ба танзими фаъолияти нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян (ошкор) карда мешаванд.
Дар ин санади меъёрии ҳуқуқӣ ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёт барои қабули қоидаҳо ва стандартҳои давлатӣ, ки намуди фаъолиятро дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ танзим менамоянд, мушаххасан муайян мегарданд. Инчунин бо мақсади ҷорӣ намудани ҳисоботи ягонаи амиқи оморӣ тартиби банақшагирии ҳамлу нақли мусофирон тавассути нақлиёти ҷамъиятӣ аз рўи намуди нақлиёт муайян карда шудааст. Аз ҷумла, нақшаҳои шабакаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, чорабиниҳо барои ташкил, тағйир додан ва (ё) манъ намудани хатсайрҳо, хусусиятҳои хатсайр, арзишҳои ибтидоӣ ва ниҳоии нишондиҳандаҳои сифати хизматрасонӣ ва дигар тадбирҳо оид ба таъмини сатҳи кафолатнокии хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ, ки усулҳои он минбаъд барои банақшагирии барномаҳои мақсадноки давлатӣ оид ба рушди нақлиёти автомобилӣ истифода бурда мешаванд.
Бояд илова намуд, ки дар доираи Кодекс ба як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда тағйирот ворид карда шуда, бархе аз онҳо бекор карда мешаванд. Аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт», «Дар бораи фаъолияти экспедитсионӣ», «Оинномаи нақлиёти автомобилӣ», қоидаҳои ҳамлу нақли мусофирон ва бори дастиву бағоҷ бо нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳои гузаронидани озмун (тендер) оид ба вобастакунии хатсайрҳо ба интиқолдиҳандагон бекор карда шуда, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2018 «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» дар самти муайян намудани талабот ба хадамоти бехатарии ҳаракат ва бархе аз санадҳои дигари амалкунанда тағйироти зарурӣ ворид карда мешаванд.
Инчунин дар доираи Кодекс бо бекор гардидани тартиб ва қоидаҳои амалкунанда, коркарди як қатор санадҳои зерқонунӣ (тартиб, қоидаҳо ва талабот), аз ҷумла, қоидаҳои ташаккули тарофаҳо, пардохтҳо ва хироҷ, ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ, ташкили интиқоли борҳо, таъмини бехатарии ҳамлу нақли мусофирон ва бор, фаъолияти коршиносон (эксперт) дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ, тартиби коркард ва тасдиқи нақшаи ҳамлу нақли мусофирон, талабот барои тахассус ва салоҳияти касбии кормандони нақлиёти автомобилӣ ба нақша гирифта шудааст.








Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқро талаб намекунанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷу умра мебошад»
«АРТИШИ МИЛЛӢ-НЕРУИ ПОЯНДАИ ДАВЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бохтар ҳамоиш доир гардид






