«Нақши пасандози бонкӣ дар зиндагӣ»-таҳти ин унвон дар Хоруғ ҳамоиш баргузор гардид

Октябрь 19, 2019 11:59

ХОРУҒ, 19.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Филиали рақами 67-и Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» дар шаҳри Хоруғ таҳти унвони  «Нақши пасандози бонкӣ дар зиндагӣ» ҳамоиш баргузор намуд. Дар он донишҷӯёни факултаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Хоруғ, тарбиягирандагони кӯдакистону волидони онҳо ва пасандозгузорони фаъол ширкат намуданд. Дар чаҳорчӯби маҳфили мазкур бозиҳои гуногуни зеҳнию фароғатӣ ва озмуни расми беҳтарин баргузор карда шуд.

Мудири филиали рақами 67-и Бонки давлатии «Амонатбонк» Ҳувайдо Хуҷамриев гуфт, ки “баланд бардоштани савияи дониши молиявӣ,  аҳамияти пасандоз ва оқилона  истифода бурдани он яке аз ҳадафҳои аслии маҳфил ба шумор меравад. Дар филиали рақами 67-ум 8 намуди пасандозҳо мавҷуданд, ки ҳамаи сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят дар бораи ин пасандозҳо маълумоти мукаммал доранд. Зеро кормандони филиал ҳар сари чанд вақт бо сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят мулоқот баргузор карда, дар бораи ин пасандозҳо ба таври фаҳмо маълумот пешниҳод мекунанд”.

Донишҷӯёну тарбиягирандагони кӯдакистонҳо ҳамроҳи волидон ба утоқҳои мухталифи ин филиали бонкӣ ворид гардида, бо фаъолияти кории кормандони он шинос шуданд. Пас аз он кӯдакон тахайюлоту тасаввуроташонро дар бораи фаъолияти бонк зери назари ҳакамон рӯи коғаз тасвир намуданд ва ғолибонсазовори туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.

Донишҷӯён дар бозии «Кӯзаи сеҳрнок» ширкат карданд. Шарти асосии ин бозӣ ба таври дақиқ муайян намудани маблағи даруни кӯза буд, ки яке аз донишҷӯён ба ин суол посухи дақиқ дода, соҳиби 250 сомонию 50 дирам гардид.

Бонки давлатии «Амонатбонк»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз куҳантарин бонкҳои мамлакат ба ҳисоб рафта, ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 75 филиал, 546 маркази хизматрасонӣ ва 200 бонкоматҳои он фаъолият доранд.

Октябрь 19, 2019 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард