«Нақши пасандози бонкӣ дар зиндагӣ»-таҳти ин унвон дар Хоруғ ҳамоиш баргузор гардид
ХОРУҒ, 19.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Филиали рақами 67-и Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» дар шаҳри Хоруғ таҳти унвони «Нақши пасандози бонкӣ дар зиндагӣ» ҳамоиш баргузор намуд. Дар он донишҷӯёни факултаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Хоруғ, тарбиягирандагони кӯдакистону волидони онҳо ва пасандозгузорони фаъол ширкат намуданд. Дар чаҳорчӯби маҳфили мазкур бозиҳои гуногуни зеҳнию фароғатӣ ва озмуни расми беҳтарин баргузор карда шуд.
Мудири филиали рақами 67-и Бонки давлатии «Амонатбонк» Ҳувайдо Хуҷамриев гуфт, ки “баланд бардоштани савияи дониши молиявӣ, аҳамияти пасандоз ва оқилона истифода бурдани он яке аз ҳадафҳои аслии маҳфил ба шумор меравад. Дар филиали рақами 67-ум 8 намуди пасандозҳо мавҷуданд, ки ҳамаи сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят дар бораи ин пасандозҳо маълумоти мукаммал доранд. Зеро кормандони филиал ҳар сари чанд вақт бо сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят мулоқот баргузор карда, дар бораи ин пасандозҳо ба таври фаҳмо маълумот пешниҳод мекунанд”.
Донишҷӯёну тарбиягирандагони кӯдакистонҳо ҳамроҳи волидон ба утоқҳои мухталифи ин филиали бонкӣ ворид гардида, бо фаъолияти кории кормандони он шинос шуданд. Пас аз он кӯдакон тахайюлоту тасаввуроташонро дар бораи фаъолияти бонк зери назари ҳакамон рӯи коғаз тасвир намуданд ва ғолибонсазовори туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.
Донишҷӯён дар бозии «Кӯзаи сеҳрнок» ширкат карданд. Шарти асосии ин бозӣ ба таври дақиқ муайян намудани маблағи даруни кӯза буд, ки яке аз донишҷӯён ба ин суол посухи дақиқ дода, соҳиби 250 сомонию 50 дирам гардид.
Бонки давлатии «Амонатбонк»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз куҳантарин бонкҳои мамлакат ба ҳисоб рафта, ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 75 филиал, 546 маркази хизматрасонӣ ва 200 бонкоматҳои он фаъолият доранд.










Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов нақшаи кишти чигит зиёда аз 86 фоиз иҷро гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо нашъунамои чигити зери плёнка дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ёвон шинос шуд
Душанбе моҳи август мизбони «Food industry Forum of Tajikistan-2026» мегардад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми умумиҷаҳонии шаҳрҳо дар Боку иштирок намуданд
Ҳаҷми умумии ҳамлу нақл байни Тоҷикистон ва Қазоқистон 5,8 фоиз афзудааст
ТАВАҶҶУҲ! Интиқоли одии маблағ байни аъзои оила, дӯстон, наздикон ва дигар шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ намегардад!
Дар ҶДММ «Саноати Ашт» хатҳои нави истеҳсолӣ васлу насб гардиданд
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ХОҶАГИДОР. Дар Тоҷикистон беш аз 52 ҳазор хоҷагии деҳқониро занон роҳбарӣ менамоянд
Мулоқоти роҳбарони Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Русия баргузор шуд
Тоҷикистон ва Миср дар соҳаи авиатсияи гражданӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Иштирокдорони Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ бо низоми кишоварзии нодири дараи Алмосӣ — гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифӣ шинос шуданд






