Натиҷаи бозиҳои даври нуздаҳуми мусобиқоти Лигаи олии футболи Тоҷикистон маълум шуд

Октябрь 21, 2019 09:20

ДУШАНБЕ, 21.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври нуздаҳуми мусобиқоти Лигаи олии футболи Тоҷикистон 19 ва 20 октябр дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор гардиданд. Дар ин даври мусобиқот дастаҳои футболи «Кӯктош» бо «Хатлон», «Регар-ТадАЗ» бо «Истаравшан», «Панҷшер» бо «Истиқлол» ва «Хуҷанд» бо КМВА «Помир» бо ҳам вохӯрданд. Ин мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.

Дар ин даври мусобиқот дастаи футболи  «Истиқлол»-и Душанбе, ки аллакай чанд давр пеш унвони чемпиониро дар Лигаи олӣ ба даст оварда буд, дар сафар ба дастаи футболи «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ ғолиб омад. Футболбозони ҷавони дастаи «Истиқлол»-и Душанбе  Муҳаммадҷон Раҳимов (дақ 2, 55), Шериддин Бобоев (дақ. 23) ва Шаҳром Самиев (дақ. 25) ғалабаи дастаро дар рақобати сафарӣ таъмин карданд. Ин вохӯрӣ бо ҳисоби 4:2 ба фоидаи меҳмонон ҷамъбаст шуд.

Ёдовар  мешавем, ки дастаи футболи «Истиқлол» акнун имтиёзи 48-уми худро ба даст овард.

 Чемпионати Таҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 19-ум.

«Панҷшер» – «Истиқлол» – 2:4                    

Голҳо: Муҳаммадҷон Раҳимов, 2 (0:1). Шериддин Бобоев, 23 (0:2). Шаҳром Самиев, 25 (0:3). Амир Мемарӣ, 49. (1:3). Муҳаммадҷон Раҳимов, 55 (1:4). Амир Мемарӣ, 63. (2:4).

Бозиҳои дигари даври нуздаҳуми мусобиқоти Лигаи олии футболи Тоҷикистон бо  чунин натиҷа анҷом ёфтанд:

 «Кӯктош» – «Хатлон» – 2:1

Голҳо: Равшан Азизов, 37   (1:0). Азизбек Султонов, 63 (2:0). Сорбон Авғонов, 78 (2:1).

«Регар-ТадАЗ» – «Истаравшан» – 5:2

Голҳо: Диловаршо Ғаниев, 18 (1:0). Шерзод Маҳамадиев, 30  (2:0). Мбеке Диеудонни, 44 (2:1). Шерзод Маҳамадиев, 47   (3:1). Ҳоҷибой Зиёев, 56 (3:2). Асадбек Зиёзода, 71   (4:2). Ҷамолиддин Зардиев, 78 (5:2).

 «Худҷанд» – КМВА «Помир» – 0:0

 Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:

ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 19 15 3 1 56-16 48
2 «Худҷанд» (Худҷанд) 18 10 3 5 33-17 33
3 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзаде) 19 8 4 7 31-30 28
4 «Хатлон» (Бохтар) 19 6 5 8 25-26 23
5 КМВА «Помир» (Душанбе) 19 6 5 8 19-24 23
6 «Куктош» (Рӯдакӣ) 19 6 5 8 26-33 23
7 «Истаравшан» (Истаравшан) 18 6 3 9 19-29 21
8 «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) 19 3 2 14 15-49 11

Нишонзанҳо: Шериддин Бобоев («Истиқлол») – 15 тӯб, Алишер Ҷалилов («Истиқлол») – 10 тӯб, Турсуналӣ Рустамов («Хуҷанд») – 8 тӯб.

Бояд хотирнишон кард, ки бозиҳои даври ҳаждаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ моҳи октябр дар сатҳи олӣ баргузор шуданд.

Дар бозии марказии даври мусобиқоти мазкур дастаи футболи  «Истиқлол»-и Душанбе   дар майдони худ аз дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Ин аввалин бохти чемпиони  Тоҷикистон дар мусобиқоти имсола мебошад. Дар се бозии дигари даври ҳаждаҳум  дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар меҳмонӣ бар дастаи «Хатлон»-и Бохтар бо ҳисоби 2:1, КМВА «Помир»-и Душанбе дар сафар бар дастаи «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 2:0 ва «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан дар майдони худ бар «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуданд.

Дастаи «Истиқлол», ки пешакӣ ба гирифтани медалҳои тилло даст ёфта, бори ҳаштум ба унвони чемпиони Тоҷикистон мушарраф шудааст, феълан дар ҷадвали мусобиқоти Лигаи олӣ бо 48 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад.

Дастаи футболи «Хуҷанд» бо 33 имтиёз ҷойи дуюмро касб намудааст. Ба хуҷандиҳо барои дарёфти медалҳои нуқра дар чаҳор бозии боқимонда се имтиёз ба даст овардан кофист. Дастаи футболи «Регар-ТадАЗ» бо 28 имтиёз дар ҷойи сеюм аст. Ба ҷуз футболбозони шаҳри Турсунзода дастаҳои «Хатлон», КМВА «Помир» ва «Истравшан» барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Дастаи «Кӯктош» ба ин минтақа ворид шуд.

Мусобиқоти Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 18-ум

«Хатлон» – «Хуҷанд» – 1:2

Голҳо: Парвиз Охунов, 59 (1:0). Юрий Захаркив, 66 (1:1). Соҳибҷон Ҳакимов, 90+4 (1:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Дилшод Бозоров («Хуҷанд»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

5 октябр. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор». 3500 тамошобин.

«Панҷшер» – ССКА «Помир» – 0:2

Голҳо: Сафаралӣ Каримов, 35 – аз пеналтӣ (0:1). Шервонӣ Мабатшоев, 68 (0:2).

Беҳтарин бозингари дидор: Шервонӣ Мабатшоев (ССКА «Помир»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

5 октябр. Ҷалолиддини Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов. 1500 тамошобин.

«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ» – 1:2

Голҳо: Диловаршо Ғаниев, 27 (0:1). Шерзод Маҳаммадиев, 61 – аз пеналтӣ (0:2). Аҳтам Назаров, 72 – аз пеналтӣ (1:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Диловаршо Ғаниев («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

5 октябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 500 тамошобин.

«Истаравшан» – «Кӯктош» – 3:0

Голҳо: Бахтовар Зокиров, 35 (1:0). Бахтовар Зокиров, 75 (2:0). Тулқинҷон Умаров, 84 (3:0).

Аз майдон хориҷ шуд: Бахтиёр Абдураҳмонов («Истаравшан»), 66 – барои бо даст ба рӯи ҳариф задан.

Беҳтарин бозингари дидор: Бахтовар Зокиров («Истаравшан»).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

5 октябр. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 8000 тамошобин.

Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври 20-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 27 октябр байни дастаҳои футболи «Хатлон» бо КМВА «Помир», «Истиқлол» бо «Хуҷанд», «Истаравшан» бо «Панҷшер», «Кӯктош» бо «Регар-ТадАЗ» багузор мегарданд. Қабл аз ин давр – 24 октябр бозии мавқуфмондаи даври 13-ум миёни дастаҳои «Хуҷанд» бо  «Истаравшан» доир мегардад.

Октябрь 21, 2019 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

4 варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи Tokyo Grand Slam 2024 оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамояд
Дар бозии дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» ғолиб муайян нашуд
ЛИГАИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. «Равшан» дастаи футболи «Хуҷанд»-ро мағлуб намуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими Афғонистон пирӯз шуд
Асламҷон Азизов дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ямали Русия соҳиби медали тилло шуд
Дар деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров варзишгоҳи бузург бо 7000 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иншооти варзишӣ ба истифода дода шуданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба тими Афғонистон бозии дӯстона мекунад
Ҳайати ҳакамони Тоҷикистон бозии дӯстонаи Непал ва Афғонистонро дар Душанбе доварӣ мекунад
ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Дар Хуҷанд мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс доир гардид
Дар Федератсияи варзиши сайёҳии Тоҷикистон ҷаласаи ҳисоботӣ – интихоботӣ доир гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона тими миллии Непалро мағлуб намуд