Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо таҳти унвони «Оинаи таърих» муйян гардиданд
ДУШАНБЕ, 07.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо таҳти унвони «Оинаи таърих», ки ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гузаронида шуд, ҷамъбаст гардид. Дар ин бора аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар озмун Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода, фаъолону ғолибони озмун, аҳли илму адаб, намояндагони вазоратҳои фарҳангу маориф, воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд. Озмуни осорхонаҳо бо ташаббуси Вазорати фарҳанг ва иштироки фаъолонаи осорхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар ду давр дар шаҳру ноҳияҳо доир гардид.
Намоишгоҳро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода оғоз намуда, иштирокчиён озмунро табрик намуд. Мавсуф оид ба аҳамияти осорхонаҳо дар ҳаёти фарҳангӣ ва ҳифзи таърихи миллат иброз дошт, ки «осорхона маконест, ки дар худ мероси таърихию фарҳангии гузашта ва имрӯзаро нигоҳ медорад. Он дар ҳаёти фарҳангии ҳар як давлат нақши муҳим мебозад. Аз ин рӯ ҳифз ва нигоҳдории он қарзи ҳар як шаҳрванд аст».
Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода дар тақвияти суханони Вазири фарҳанг изҳор намуд, ки «Осорхонаи миллии Тоҷикистон баҳри татбиқи рисолати азалии хеш – ҷамъоварӣ, бақайдгирӣ, барқарорсозӣ, омӯзишу таҳқиқ ва ҳифзу нигоҳдории намунаҳои нодири мероси таърихию фарҳангӣ пайваста кӯшиш ба харҷ дода истодааст. Аз ин рӯ гузаронидани озмун ба хотири ҳифз ва нигоҳдории ёдгориҳо равона шудааст».
Ғолибони озмуни мазкур аз рӯи чор номинатсия бо ифтихорнома ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.
- Дар номинатсияи осорхонаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, мамнӯъгоҳ ва маҷмаа ҷойи аввал ба Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон”, ҷои дуввум ба Муассисаи давлатии “Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб” ва ҷои сеюм ба осорхонаи “Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук” супорида шуд.

- Дар номинатсияи осорхонаҳои шаҳрӣ, ноҳиявӣ, деҳотӣ ҷои аввалро Осорхонаи таърихӣ — кишваршиносӣ дар ноҳияи Спитамен, ҷои дуввумро Осорхонаи таърихӣ — кишваршиносӣ дар шаҳри Роғун ва ҷои сеюмро Осорхонаи таърихӣ — кишваршиносӣ дар ноҳияи Қубодиён ба даст оварданд.
- Дар номинатсияи Хона-осорхонаҳо Хона — осорхонаи Камоли Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд сазовори ҷои аввал, Хона — осорхонаи Ширин Бунёд дар ноҳияи Роштқалъа -ҷои дуюм ва Осорхонаи муттаҳидаи ёдгорию адабии ба номи Мирзо Турсунзодаи Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон сазовори ҷои сеюм дониста шуданд.
Аз рӯи номинатсияи осорхонаҳои вазорату идораҳо, ташкилоту корхонаҳо ҷои аввал ба Осорхонаи мардумшиносии ба номи С. Андрееви Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон, ҷои дуввум ба Осорхонаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров ва ҷои сеюм ба Осорхонаи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.
Зикр гардид, ки ҳадафи асосии баргузории Озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо таҳти унвони «Оинаи таърих» баланд бардоштани мақому манзалати осорхонаҳо дар ҷомеа, беҳтар намудани мундариҷа ва сифати фаъолияти онҳо дар шароити нави иҷтимоӣ — фарҳангӣ, ҷалб намудани таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба мушкилоти соҳаи осорхонавӣ ва ба ин восита мусоидат намудан ҷиҳати ободонӣ, таҳкими пойгоҳи моддӣ — техникӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандон дар осорхонаҳо мебошад.








Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол ва иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Эмомалӣ Раҳмон: Ҳифзи Наврӯз – ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: Ҳамчун ворисони аслии тамаддуни ориёӣ суннатҳои наврӯзиро минбаъд низ пос дорем
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз моро ба некиву накукорӣ даъват мекунад
ГУЛҲОИ ВАТАН ДАР ЧАКАНИ МАН. Ин мероси пурарзиши ниёгон фарҳанг ва таърихи куҳани тоҷиконро инъикос менамояд
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз ба ягон дину мазҳаб пойбанд нест
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз яке аз куҳантарин ва пурмазмунтарин ҷашнҳои башарият мебошад
Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»






