Оркестри давлатии симфонии Тоҷикистон-муаррифи фарҳанги тоҷикон ба ҷаҳониён. Имрӯз — Рӯзи байналмилалии мусиқӣ
ДУШАНБЕ, 01.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани беҳтарин осори композиторони тоҷик як оркестри хеле бонуфузи симфонӣ таъсис дода шуд, ки чанд соли охир бо ҷалби гурӯҳи зиёди ҷавонони боистеъдод мавриди омодагирӣ қарор дорад. Дар назар аст, ки Оркестри давлатии симфонии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз дастаҳои хеле ҳам бонуфузи санъати мусиқии Тоҷикистон табдил ёфта, мусиқии симфониро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд.
Ин дар ҳолест, ки имрӯз Рӯзи байналмилалии мусиқӣ (International Music Day) буда, ҳамасола бо ташаббуси Шӯрои байналмилалии мусиқии назди ЮНЕСКО дар тамоми ҷаҳон таҷлил мегардад.
Бояд ёдовар шуд, ки Шӯрои байналмилалии мусиқӣ дар назди ЮНЕСКО соли 1949 ба сифати мақомоти машваратӣ дар соҳаи мусиқӣ ташкил карда шуд. Вай дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж ҷойгир буда, ташкилоти мустақили ғайридавлатӣ аст ва ташкилотҳои мусиқавии касбии гуногунро бо ҳам муттаҳид мекунад. Айни ҳол Шӯрои байналмилалии мусиқӣ аз 76 кумитаи миллӣ, 34 ташкилоти байналмилалии этирофгардида, 35 намояндагии санъати мусиқии алоҳида ва аъзои фахрӣ аз зумраи композиторон ва муаллимон иборат мебошад.
Аввалин Рӯзи байналмилалии мусиқии таъсисдодаи Шӯрои байналмилалии мусиқӣ дар назди ЮНЕСКО дар якҷоягӣ бо 15-умин Ассамблеяи генералӣ 1 октябри соли 1975 гузаронида шуд. Ҳарчанд мусиқӣ ҳамчун санъати нафис аз дигар навъҳои ҳунар шояд таърихи қадимтар дошта бошад, аммо то соли 1975 чунин ҷашн вуҷуд надошт. Ин ид барои ҷаҳониён ҷашни нав мебошад.
Тавре мусиқишинос, доктори илми санъатшиносӣ, узви Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон Аслиддин Низомӣ баён дошт, “банда аз соли 1978 ба Шӯрои байналмилалии мусиқӣ шомил ҳастам ва дар кори зиёда аз 20 симпозиум, ки бо ташаббуси ЮНЕСКО баргузор гардида буд, иштирок намудам”.
Аслиддин Низомӣ ҳанӯз солҳои 70 –80 дар соҳаи танқиди мусиқӣ ва этномусиқишиносӣ фаъолият намуда, тӯли солҳои 1979 – 1982 бо мақсади омӯзиши мусиқии суннатии тоҷикон дар як зумра ноҳияҳои кӯҳистони тоҷик, аз ҷумла водии Қаротегин (Рашти ҳозира), водии Зарафшон ва Бухорову Хоразми Ӯзбекистон экспедитсияҳои этнографӣ гузаронидааст. Маводи нодири ҷамъоварда барои навиштани ду монографияи илмӣ, рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ замина гардиданд. А. Низомӣ муаллифи силсилаи мақолаҳо оид ба эҷодиёти композиторони тоҷик мебошад.
Ба қавли ҳамсуҳбати мо, яке аз ташаббускорони таҷлил кардани Рӯзи байналмилалии мусиқӣ дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ оҳангсози бузурги асри XX Дмитрий Шостакович буд. Ин шахсияти маъруф муаллифи 15 симфония ва 15 квартет, 6 консерт, 3 опера ва ғайра мебошад. Асосан ин композитори бузург муаллифи симфонияи ҳафтуми машҳури Ленинград мебошад, ки дар тамоми ҷаҳон бо оҳанги худ дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон бо садои оркестр ба дили мардуми Шӯравӣ нишаст.
Мақсади асосии ЮНЕСКО аз таҷлили ин рӯз тарғиби санъати мусиқӣ дар байни тамоми қишрҳои ҷомеа ва мустаҳкам намудани муносибати дӯстона байни халқиятҳо, рушди фарҳанг, мубодилаи таҷриба ва поси эҳтироми эстетикии ҳамдигар мебошад.
“Фахр аз он мекунем, ки Рӯзи мусиқӣ дар замони Истиқлолият воқеан яке аз бахшҳои хеле муҳими сиёсати фарҳангии мамлакати мо гардид. Агар мо ба тамаддуни гузаштаи хеш бодиққат назар афканем, мебинем, ки бузургони мо, шоирону олимон ва мутафаккирон бо ҳунари мусиқӣ алоқамандии зич доранд. Фарз кардем устод Рӯдакӣ асосгузори жанри ғазал буд ва ғазал минбаъд дар тамоми ҷаҳон яке аз жанрҳои муҳими назм гардид. Воқеан маҳз ғазалсароӣ ё ба оҳанг даровардани ғазал ба рушди мусиқии касбии тоҷик асос шуд. Гузашта аз ин аллома Абӯалӣ ибн Сино доир ба мусиқӣ китобҳои зиёд навишт. Намояндагони тамаддуни мо худашонро аз илму ҳунари мусиқӣ ва истифодаи он дар тарбияи ҷомеа канор намегирифтанд”.
Ҳамчунин мавсуф иброз намуд, ки мусиқии тамаддуни мо мусиқии ирфонӣ буд. “Тавре дар Аврупо мусиқиро дар тарабхонаҳо чун воситаи дилхушӣ истифода мебаранд, мусиқии мо ин гуна набуд. Мисли он ки назми классикии тоҷик назми ирфонӣ буд, мусиқӣ низ ба ҳамин маъниҳои назм бо тарғиби ҳамин гуна маъниҳои ирфонӣ ифода мешуд. Сарояндагону ҳофизони қадими мо кӯшиш мекарданд ғазалҳои Рӯдакӣ, Ҳофиз, Саъдӣ ва дигар шоирони бузургро на бо оҳангҳои сабуки содалавҳона, балки маҳз бо оҳангҳои классикӣ баён созанд»,-гуфт ҳамсуҳбати мо.
Бояд гуфт, ки дар замони истиқлолият таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши мусиқӣ боз ҳам болотар гардид. Маҳз дар ҳамин замон беҳтарин дастовардҳои мероси мусиқии халқи тоҷик, чӣ шашмақом ва чӣ суннати фалакхонӣ мавриди дастгирӣ ва ғамхории давлату Ҳукумати мамлакат қарор гирифтанд.
Мавриди зикр аст, ки барои пешбурди сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз фарҳанги қадимӣ, омўзиши анъанаҳои мусиқии тоҷик дар мамлакат муассисаҳои мусиқӣ, ба монанди Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Оркестри давлатии симфонии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, оркестри созҳои миллӣ, ансамблҳои гуногуни вокалӣ ва созӣ аз бисёр ҷиҳат баёнгари симои маънавии ҷомеа буда, аҳамияти миллӣ доранд.








Дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин шаҳраки қадимаи асри миёнагии Хутали қадим — шаҳри Андичароғ бозёфт гардид
«АНДАЛЕБ-2025». Ҳаваскорони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Фестивал-озмун гардиданд
Китоби дарсии «Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои синфи 8 дар таҳрири нав ба нашр расид
Оид ба ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи илм ва маориф конференсияи байналмилалии илмӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Темурмалик тақсими «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ оғоз гардид
Масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Италия тақвият дода мешаванд
Сокинони шаҳри Кӯлоб соҳиби туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мегарданд
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегарданд
Иди Меҳргон дар Хоруғ ботантана таҷлил карда шуд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КИТОБХОНАҲОИ МАКТАБӢ. Онҳо дар китобхон шудани хонандагон нақши асосӣ доранд
ШАҲРИ ҶАҲОНИИ ҲУНАРҲОИ ДАСТӢ. Панҷакент ба макони нотакрори сайёҳӣ ва ҳунари тоҷикон табдил меёбад






