«Пешвои миллат: «Давлатдории Сомониён дар тамаддуни башарӣ камназир аст», «Хатлон. Дар нуҳ моҳ 1778 иншоот ба истифода дода шуд» — шарҳи матбуоти даврӣ
ДУШАНБЕ, 25.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта матбуоти даврии Тоҷикистон кадом мавзӯъҳоро пайгирӣ намуд? Рӯзноманигорон доир ба ҳодисоти дохил ва рӯйдодҳои берун аз мамлакат чӣ андеша доранд? Дар ин мавзӯъ шарҳи АМИТ «Ховар» пешниҳоди хонандагони сомона мегардад.
Ин ҳафта иштирок ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз», ки 22 октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гашт, дар сархати расонаҳои даврӣ қарор дошт.
Дар шумораи навбатии Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» (23.10.2019, №199) таҳти сарлавҳаи «Пешвои миллат: «Давлатдории Сомониён дар тамаддуни башарӣ камназир аст» суханронии Пезиденти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин Симпозиуми байналмилалӣ нашр гардидааст.
Дар ин суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла иброз доштанд, ки «Куруш яке аз чеҳраҳои барҷастаи арсаи сиёсат ва давлатдории сатҳи ҷаҳонии аҳди бостон ба шумор меравад. Ӯ аввалин шоҳаншоҳ дар таърихи башарият аст, ки ба қавли файласуфи бузурги немис Гегел, ба оламиён усули мутамаддини давлатдориро эҳдо кардааст ва ҳамчун бунёдгузори пояҳои нахустин низоми ҳуқуқу озодиҳо эътироф шудааст.
Махсусан, Эъломияи Куруш, ки дар он ба ҳамаи инсонҳо ва қавму миллатҳо эҳтироми баробар гузошта мешавад, барои тамаддуни башар бозёфти беназир мебошад».
Дар ин замина, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «дар шароити кунунӣ, ки авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ниҳоят мураккаб ва печида мебошад, ин суханони Куруш аҳамияти боз ҳам бештар касб карда, мо – аҳли башарро даъват менамоянд, ки ба хотири сулҳу оромӣ талоши бештар кунем, ҳамдигарфаҳмии халқу миллатҳоро таъмин созем, аз ғасбу куштор, зулм ва хушунату зӯроварӣ даст кашем, ақидаҳои нажодпарастонаро маҳкум намоем ва роҳҳои мусолиматомези ҳалли низоъҳоро пайдо карда, дар оромиву осоиш умр ба сар барем».
Ҳамчунин дар ин шумораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» таҳти сарлавҳаҳои «НБО «Тоҷикистон» ба сармои Мурғоб тобовар аст», «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – яке аз панҷ конститутсияҳои ҷаҳон», «Идгардак. Биёед биандешем!», «Ҳифзи забон як рукни муҳим», «Мактаби бузурги ҳамраъйӣ. Сухан аз фаъолияти самараовари Иттифоқҳои касаба меравад», «Иқтисодиёти деҳот. Баррасии дастоварду мушкилиҳо» ва «Саразм. Иштироки донишҷӯён дар ковишҳои бостоншиносӣ» мавод рӯи чоп омадаанд.
Дар шумораи навбатии Нашрияи парлумонии мамлакат «Садои мардум» (№127 аз 24.10.2019) гузориши мукаммал аз ҷараёни ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ки 23 октябр таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, ба нашр расидааст.
Дар гузориши мазкур, аз ҷумла чунин омадааст: «Баъди тасдиқи рӯзнома масъалаҳо – «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории РСС Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1961-1963 қабул шудаанд», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» ва «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» — ро раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Холиқзода Абдураҳим Ғаффор ва оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин тавзеҳ доданд».
Ҳамчунин дар ин шумораи рӯзномаи «Садои мардум» мақолаҳои таҳлилӣ таҳти сарлавҳаҳои «Воридшавии 261 215 шаҳрванди Тоҷикистон ба Федератсияи Россия манъ аст», «Хатлон. Дар нуҳ моҳ 1778 иншоот ба истифода дода шуд», «Мактаби омӯзиши сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат», «Чу мебинӣ, ки нобинову чоҳ аст…Чаро аксар вақт мо бетарафиро ихтиёр мекунем?», «Дар гузоштани хишти аввли бинои тарбия эҳтиёт мебояд» ба чоп расидаанд.
Дар шумораи навбатии нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Народная газета» (23.10.2019, №44) мавод оид ба иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз», инчунин дар бораи пешниҳоди Пешвои миллат ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» рўи чоп омадаанд.
Дар ин шумораи рӯзнома ҳамчунин бахшида ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» таҳти сарлавҳаи «Развитие института амнистии в суверенном Таджикистане» ва «Эра милосердия или на свободу с чистой совестью» мақолаҳои таҳлилӣ нашр гардидаанд.
Нашрия ба хонандагон инчунин маводро бо номи — «Наша Конституция –наша гордость», «В Таджикистане проходят учения ОДКБ «Нерушимое братство -2019», «В Таджикистане отметили праздник Мехргон», «Инвалидность: проблема преодоления», «Хуросон готовится к достой встрече юбилея», «Железная леди» из шелководческого городка», «Таджикскому кино исполнилось 90 лет» пешниҳод кардааст.
Дар шумораи навбатии Нашрияи КИ ҲХДТ «Минбари халқ» (№43 аз 23 октябри соли 2019) дар баробари хабару гузоришҳо аз ҳаёти ҳизбӣ таҳти сарлавҳаҳои зерин матолиби ҷолибу хонданбоб пешниҳоди хонандагон гардидаанд: «Оини Созандагӣ», «Номуси Ватандорӣ», «Имрӯз Кохи Роғуни дилҳо бино кунем», «Рӯҳониён дар Ироқ духтаронашонро ба «Муштариён» пешкаш мекунанд», «Шиносиҳои дерина», «Фарзанди нек- боғи падар…», «Ғизои солим», «Фетишизм ё парастиш» ва ғайраҳо.
«Рӯҳониён дар Ироқ духтаронашонро ба «муштариён» пешкаш мекунанд» — ин маводро хабарнигори ҳафтаномаи «Минбари халқ» Гулҳаё Мадимарова аз БиБиСӣ (ВВС) таҳия намудааст. Дар он омадааст, ки дар ҷараёни як таҳқиқи пинҳонӣ, рӯзноманигорони ВВС дарёфтанд, ки аксар рӯҳониёни ислом, ки дар бузургтарин масҷидҳои Бағдод кор мекунанд, омодаанд «издивоҷи муваққатӣ»-ро ташкил кунанд. Дар баъзе ҳолатҳо ин «издивоҷ» танҳо як соат давом карда, барои алоқаи ҷинсӣ истифода мешавад. Ҳамчунин муллоҳо омодаанд марди калонсолро ба духтари нуҳсола никоҳ кунанд. Таҳқиқоти ВВС нишон медиҳад, ки баъзе аз рӯҳониёни шиа дар Ироқ духтарони ҷавон ва ҳатто кӯдаконро таҳти унвони «издивоҷи муваққатӣ» ё «сиға» барои робитаи ҷинсӣ мефурӯшанд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»