Сомон Маҳмадбеков бо ифтихорнома ва туҳфаи пулӣ сарфароз гардонида шуд
ДУШАНБЕ, 28.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни баргузории ҷаласаи ХVIII Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ноибони Президенти Кумитаи олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва Шамсулло Соҳибов варзишгари маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбековро аз номи Кумитаи миллии олимпии мамлакат ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорнома ва туҳфаи пулӣ қадрдонӣ намуданд.
Дар ин бора котиби матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримҷон Салимзода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, ба ифтихори ин варзишгари маъруфи мамлакат ҳайати Ассамблеяи генералии Тоҷикистон аз ҷой бархеста, барои дастоварди баланди варзишии Сомон кафкӯбӣ намуданд.
Зимни қадрдонии ин паҳлавони маъруфи тоҷик ноиби Президенти Кумитаи олимпии мамлакат Шамсулло Соҳибов барои сабқатҳои минбаъда ва иштирок дар мусобиқоти гуногуни ҷаҳонӣ ба ин варзишгари маъруф комёбӣ таманно намуд.
Ёдовар мешавем, ки Сомон Маҳмадбеков дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон дар Марокаш ҳамаи рақибонашро шикаст дода, медали тилло ба даст оварда, чемпиони ҷаҳон гардид.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад






